ШОДБОШӢ

207

Бо фармоиши директори Маркази миллии патенту иттилоотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2023, номзади илмҳои химия, дотсент, мудири кафедраи усули таълими химияи факултети химияи ДМТ Қурбонова Муқадас дар озмуни “Ихтироъкорӣ беҳтарини Тоҷикистон” иштирок намуда, соҳиби Дипломи иштирокчӣ шуд.

Садорат ва коллективи устодону кормандони факултети химияи ДМТ муаллима Қурбонова М.З. -ро ба дастоварди навбатиаш табрику муборакбод намуда, ба фаъолияти минбаъдааш муваффақиятҳои пайвастаро таманно доранд.

Садорати факултети химияи ДМТ