Шаҳодати гуфтаҳо он аст, ки донишҷӯёну устодони факултет дар
чорабиниҳои гуногуни сатҳи байналмилалии соҳавӣ ҳамеша иштирок намуда, сазовори
ҷойҳои намоён мегарданд.
Чопи китобҳои дарсӣ, монографияҳо ва мақолаҳои илмии
муштарак бо олимони хориҷӣ аз ҳадафҳои муҳими дигари факултет дар бахши
робитаҳои байналмилаӣ мебошад.
Нашр намудани мақолаҳои илмӣ аз ҷониби устодону муҳаққиқони
факултет дар маҷаллаи хазинаи Скопус (Scopus) ба ҳукми анъана даромада, аз
арзишмандтарин корҳоест, ки факултет ва донишгоҳ онро истиқбол мегирад.
Инак
дар соли 2024, ин шашумин мақолаи илмии устодону муҳаққиқони факултет ҳаст, ки
дар маҷаллаи хазинавии Скопус аз чоп баромад.
Муаллифони мақолаи мазкур устодони кафедраи химияи таҳлилӣ, д.и.т., профессор Норова М.Т. ва н.и.т., муаллими калон Идиев И.Ш. мебошанд.