СЕМИНАРИ ИЛМӢ БО ОЛИМИ ХОРИҶА

295

Имрӯз дар садорати факултет семинари илмӣ дар мавзӯи “усулҳои муосири таҳқиқи маводи сахт дар мисоли хӯллаҳо” бо доктори илмҳои химия, профессори Донишгоҳи давлатии Алтайи Федератсияи Россия Новоженов Владимир Антонович баргузор гардид, ки дар он муовини ректори оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадозода С.М., декани факултети химия, дотсент Файзуллозода Э.Ф., профессорон Раҳимова М., Бобизода Ѓ.М., Рузиев Ҷ.Р., Самиҳов Ш.Р. ва дигар устодон иштирок намуданд.

Дар ҷараёни кори семинар мубоҳисаҳои илмӣ байни маърӯзачӣ ва устодон сурат гирифта, оид ба ҳамкории муштарак дар самтҳои гуногуни корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба мувофиқаҳо расиданд.

Баъди баргузории Семинар аз ҷониби садорати факултети химия ба профессори Новоженов В.А. Сертификат дода шуд.

Профессори Новоженов В.А. ҳамзамон аз пояи моддиву техникии факултети химия дидан намуда, ба ҳолати баззаи модиву техникии факултет баҳои баланд дод.