СЕМИНАРИ ИЛМӢ

9

Дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи садорати факултети химияи ДМТ, бо ташаббуси кафедраи химияи ғайриорганикӣ семинари илмӣ дар мавзӯи «Омӯзиши хосияти фармакологии пайвастаи комплексии Fe(III) бо тиопирин» баргузор гардид, ки дар он маърӯзаи номзади илмҳои химия, дотсенти кафедраи химияи ғайриорганикӣ Бекназарова Н.С. шуда шуд.

Қайд карда шуд, ки пайвастаҳои оҳан дорои хосиятҳои баланди биологӣ буда, барои таъмини равандҳои ҳаётан муҳими организмҳои зинда аҳамияти калон доранд. Аз ҳимин лиҳоз ин пайвастаҳо на фақат диққати кимиёгарон, балки мутахассисони соҳаҳои биология, фармокология, тиб ва дигар самтҳои илмиро ба худ ҷалб кардаанд. Таҳқиқотҳо оиди омӯзиши хосияти фармакологии (санҷиши самаранокии нисбат ба бактерияи Salmonella spp ва заҳрнокии шаддид) пайвастаи комплексии оҳани(III) дар доираи шартномаи ҳамкорӣ дар озмоишгоҳи вирусологияи Институти ветеринарии Академияи миллии илмњои кишоварзии Тоҷикистон гузаронида шуд ва натиҷаи хуб ба даст оварда шуд.

Натиҷаҳо нишон дод, ки пайвастаи синтезкардашуда дар вояҳои аз 0,05 поён барои ҳайвонҳои таҷрибавӣ пурра безарар мебошанд. Заҳролудшавии шадид (острая токсичность) дар организми мушҳои таҷрибавӣ аз рӯйи нишондодҳои зерин: аксуламалҳои дигаргуншавӣ дар ҳаракат, қабули хӯрок ва обнӯшӣ, хусусиятҳои ихроҷи ахлот, дигаргуншавии пашм ва пӯст, ранги пардаҳои луобӣ, нафасгирӣ ва ғ. баҳодиҳӣ гардид.

Инчунин санҷиши самаранокии пайвастаи комплексии Fe(III) бо тиопирин нисбат ба бактерияи Salmonella spp омухта шуд. Salmonella spp як бемории маъмули бактериявӣ аст, ки ба рӯда таъсир мерасонад. Ин бактерияҳо дар рӯдаҳои ҳайвонот ва одамон зиндагӣ мекунанд ва бо наҷосат хориҷ мешаванд. Ин яке аз шаклҳои маъмултарини заҳролудшавӣ аз ғизо мебошад, ки одатан тавассути об ё хӯроки олуда ба одамон интиқол дода мешавад. Гарчанде ки сироятҳои Salmonella spp дар моҳҳои тобистон бештар маъмуланд, кӯдакон одатан нисбат ба дигар гурӯҳҳои синну солӣ хатари бештари пайдоиши ин беморӣ доранд.

Дар натиљаи тадқиқот муайян гардид, ки пайвастаи комплексӣ Fe(III) бо тиопирин синтезкардашуда, самаранокии хуб нишон дод.

Баъди анҷоми маърӯза кори семинари илмӣ бо суолу ҷавобҳои мушаххас идома ёфт.