Бо мақсади амали намудани “Барномаи мақсадноки омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои давраи солҳои 2021-2025” бо ташаббуси кафедраи химияи ғайриорганикӣ дар пояи факултети химия ва Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон саннаи 14.01.2025 Семинари илмии муштарак баргузор гардид.
Дар кори семинари илмии мазкур маърӯзаи илмии унвонҷӯ: номзади илмҳои химия, ходими илмии Институти илмию таҳқиқотӣ Сангов М.М. дар мавзӯи “Омӯзиши мувозинати реаксияҳои комплексҳосилшавӣ бо истифода аз барномаҳои компютерии муосир дар мисоли комплексҳосилкунии мис(II) бо 1-метил-2-меркаптоимидазол” шунида шуда мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар кори семинар муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, д.и.х., профессор Сафармамадзода С.М. ва устодону муҳаққиқони факултети химия ва Институти илмию таҳқиқотӣ иштирок намуданд. Маърӯзаи илмӣ аз ҷониби Сангов М.М. бо истифода аз барномаҳои муосири компютерӣ тариқи тахтаи электронӣ намоиш дода шуд. Дар охир байни маърӯзачӣ ва иштирокчиён саволу ҷавобҳои судманд сурат гирифтанд.