СЕМИНАРИ ИЛМӢ

122

Имрӯз (15.11.2023) дар факултети химияи ДМТ Семинари илмӣ дар мавзӯи “Фуллерен ва нақши он дар рушди илм” баргузор гардид.

Фуллерен як шакли аллотропии карбон аст, ки соли 1985 кашф шудааст. Шакли маъмултарин фуллерен-C60 мебошад – молекулаи 60 атоми карбон, ки аз шашкунҷаҳои муқаррарӣ ва панҷкунҷаҳо иборат аст, ки шакли кураро ташкил медиҳанд. Тадқиқоти хосиятҳои физикӣ, химиявӣ ва биологии фуллерен-С60 маълумоти умедбахш доданд. Омӯзиши хосиятҳои биологӣ сарфи назар аз паст будани ҳалшавандагии фуллерен-С60 дар маҳлулҳои физиологӣ таваҷҷӯҳи бештарро ҷалб кардааст.

Сохтори беназири фуллерен-С60 инчунин бо хосиятҳои физикӣ ва химиявии онҳо алоқаманд аст: он ҳамчун антиоксиданти пурқувват хосиятҳои безарар кардани бактерияҳо, қобилияти сорбсионӣ дорад ва иммуномодулятори хуб мебошад. Молекулаи фуллерен-С60 ҳамчун молекулаи нақлиётӣ мебошад, ки қодир аст доруро тавассути мембранаҳои ҳуҷайра ба макони лозими бе мамоният бурда расонад.

Оилаи фуллеренҳо, махсусан C60, дорои хосиятҳои баланди физикӣ –химиявӣ мебошад, ки онҳоро дар соҳаҳои гуногуни тиб истифода бурдан мумкин аст. Фуллерен-С60 ҳамчун антиоксидант ва тозакунандаи радикал истифода мешавад.

Ҳамаи хосиятҳои номбаршуда аллакай дар тиб, дорусозӣ ва косметология барои ҳалли чунин мушкилоти ҷиддӣ, ба монанди мубориза бар зидди бемориҳои вирусӣ ва саратон, ҳамчун антиоксидант бар зидди пиршавии бадан истифода шудаанд.