САҲМИ МУҲАММАД ЗАКАРИЁИ РОЗӢ ДАР РУШДИ ИЛМИ КИМИЁ

17

(бахшида ба 1160-солагии Муҳаммад Закариёи Розӣ)

Ҷаҳони имрӯзаро бе масоили мубрами марбутаи илмҳои кимиё тасаввур кардан имконнопазир аст. Имрӯз соҳаи техника ва технологияе мавҷуд нестанд, ки дар онҳо маводи кимиёӣ мавриди истифода қарор нагиранд. Саҳми кимиё дар қаноатмандии талаботи асосии одамон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо хеле бузург аст. Ҳамаи соҳаҳои фаъолияти одамон тиб ва саломатии инсон, анвои пӯшокаю хӯрока ва фарматсия ба кимиё робитаи ногусастанӣ доранд ва дар ҳамбастагӣ рушд мекунанд.

Давраи асосии инкишофи кимиё, ки асрҳои VIII-XII-ро дар бар мегирад, барои мо аҳамияти махсус дорад, зеро дар он саҳми асосиро ниёгони мо гузоштаанд. Ин давраи таърихи кимиё бо хусусиятҳои хеш аз таърихи пешина фарқ мекунад. Пеш аз ҳама, аз ин давра то ба мо асарҳои зиёде боқӣ мондаанд, ки онҳо имконият медиҳанд дар бораи сатҳи илми кимиё маълумоти боэътимод дошта бошем.

Дар асрҳои IX –X инкишофи илми кимиё асосан дар давлатҳои исломӣ (Аҷаму Араб) инкишоф меёфт. Аз он сабаб ки забони илмии ин давра асосан арабӣ буд ва аксар асарҳои илмӣ бо ин забон таълиф мешуданд, тамаддун ва олимони ин давра дар Ғарб бо номи тамаддуни араб ва олимони араб маълум буданд. Вале ба ҳеч кас пӯшида нест, ки саҳми ниёгони мо дар бунёди ин тамаддун беандоза бузург аст. Донишмандони форсу тоҷик Ҷобир ибни Ҳайён, Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ, Абӯрайҳони Берунӣ ва Абӯалӣ ибни Сино, ки саромадони олимон буданд, дар ин давра фаъолият намуданд ва дар инкишофи илм ҳиссаи арзанда гузоштанд. Шароити мусоиде, ки давлати Сомониён барои тараққиёти илм фароҳам оварда буданд, самараи хуб дод. Сарзамине, ки дар он ниёгони мо зиндагӣ мекарданд, ба маркази ҷаҳонии илм табдил ёфт.

Яке аз барҷастатарин кимиёдонони мамлакатҳои Аҷаму Араб, ки ӯ дар инкишофи илми кимиё пояҳои устуворро гузоштааст Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳёи Розӣ мебошад.

Закариёи Розӣ яке аз бузургтарин олимони асри 8-9 баҳисоб рафта, нақши муҳим ва бунёдӣ дар рушди илмҳои табиӣ, бахусус химия (ки он замон бо номи “алкимиё” маъруф буд) бозидааст.

Муҳаммад Закариёи Розӣ дар кимиё пешниҳодҳои муҳим намуда, ба даст овардан ва истифодаи тезоби сулфат ва спиртро ба роҳ монд. Ӯ спиртро бо тақтири маводи қандӣ ва нишоиста ва тезоби сулфатро бо таҷзияи зочи сабз ба даст овард. Зочи сабзро метавон сулфати мис донист, чунки ҳамаи намакҳои тезоби сулфатро дар он замон ба номи зоч ё зок ёд менамуданд, аммо ранги сабзро ионҳои мис (II) медиҳад. Закариёи Розӣ нисбат ба тамоми алкимиёгарони дигар бештар дар масъалаи табдили ҳамдигарии моддаҳои гуногун аҳамият дода, барои табдили алкимиё ба кимиёи ҳақиқӣ ва ё амалӣ заминаи хубе гузоштааст.

Закариёи Розӣ доир ба илми кимиё 22 китобу рисола таълиф намудааст. Асарҳои ӯ «Китоб – ул асрор» ва «Ал Мадхалул-таълимӣ» аз тарафи олимони исломӣ дар асрҳои баъдӣ ҳамчун асарҳои соҳаи алкимиё омӯхта шудаанд ва мазмуни ин асарҳо ба соҳаи кимиё иртибот доштанд.

Закариёи Розӣ дар таҳқиқотҳои худ дар масъалаи тақсим кардани филизот саҳми босазое гузоштааст. Роҳу воситаҳои аз филиз сохтани асбобҳоро барои таҷрибаи кимиёӣ ва гудохтани маъданҳоро баён доштааст. Вай дар хусуси сохтани шишаҳои гуногун пешниҳодҳои судманд дорад. Намудҳои беҳтарини он шишаи беранги ҷилонок буда, бо сифати худ ба булӯр монанд аст.

Абубакри Розӣ ҷараёнҳои кимиёӣ, ба мисли дистилатсия, калсинатсия ва филтратсияро дақиқ тасвир намуда, истифодаи онҳоро асоснок кардааст. Ӯ аввалин шахсе буд, ки алкул спиртро дар тиб истифода кардааст.

Ҳамчунин Закариёи Розӣ тариқаҳои тоза кардан, софкунии моеъ, ҳал кардани металл дар симоб (ба даст овардани амалгама) ва инчунин ҳангоми гарм кардан аз ҳолати сахт якбора ба газ табдил ёфтани модда, тасғияро медонист, ки имрӯз онро сублиматсия меноманд.

Закариёи Розӣ руйхати бисёр таомули кимиёиро, ки анҷом додаст, тартиб дода, асбобҳоеро, ки дар озмоишгоҳи кимиёӣ истифода карда буд, тасвир намудааст, ки онҳо чунинанд: бӯта (тигел), комагирак (щипцы), миқроз (қайчӣ), сӯҳон, (сӯян), шишаи ғунҷоишӣ (колба), қиф, ҳован (ӯғурча), ҳаммоми обӣ, истакони кимиёӣ ва ғайра. Бӯта – зарфи гудозиш ва гарм кардани маводи гуногун мебошад. Бӯтаро аз филиз, графит, чинӣ ё маводи муқовими оташ месозанд. Дар он замон ин асбобро барои гарм кардани маводе, ки барои гузаронидани таомули кимиёӣ лозим буд, мавриди истифода қарор медоданд. Муҳаммад Закариёи Розӣ моддаҳои кимиёиро ба узвӣ (органикӣ) ва ғайриузвӣ (ғайриорганикӣ) ҷудо кардааст.

Дар мавриди омӯзиши илми кимиё Розӣ фикрҳои ҷолиби диққат пешниҳод намудааст. Ӯ дар асари худ «Китоб-ул-асрор» омӯзиши илми кимиёро ба се зина ҷудо менамояд: омӯзиши моддаҳо, асбобҳо ва равандҳо.

Аз таҷрибаҳои Розӣ ва усулҳои кори ӯ дар соҳаи кимиё олимони Ғарб дар асри XVII истифода бурдаанд. Масалан, кимиёдони ҳолландӣ Герман Бургаве асари худ «Элементҳои кимиёӣ»-ро дар заминаи асари Розӣ мураттаб сохтааст, яъне дар он аввал моддаҳо, баъд асбобҳо ва дар охир равандҳои кимиёӣ бо шарҳашон ҷой дода шудаанд.

Абубакри Розӣ одами ҳамаҷониба инкишофёфта буда, ғайр аз омӯзиши илмҳои гуногун шеър менавишт, бисёр асбобҳои мусиқиро менавохт, заргарӣ мекард. Агарчанде саҳми ӯро ҳамчун яке аз саромадони илмҳои тибу кимиё ва фалсафа эътироф кардаанд, аммо дигар паҳлуҳои фаъолияташ ҳануз ҳам пурра баррасӣ нагардидааст. Ҳарчанд ӯ дар таърихи кимиёву тиб бо лақаби “Падари кимиё” ва “Табиби ҳозиқ” шинохта шуда, дар фалсафа яке аз барҷастатарин намояндаҳои асҳоби хаюло эътироф гаштааст, вале баъд аз омӯзиши ҳамаҷониба ҳамагӣ ду асари Закариё Розӣ – “Тибби рӯҳонӣ” ва “Сирати фалсаф” ба хулоса омаданд, ки ӯро “Муаллими ахлоқ” номидан ҳам ҳеҷ иштибоҳе нахоҳад буд. Муҳаммад Закариёи Розӣ дар асарҳои мазкур тамоми хислатҳои инсонӣ, фазилатҳои хуб (некӣ, ростгӯӣ, инсондӯстӣ, адолат, ҳаё, иффат, раҳм, саховат, покизагӣ) ва бад (разолат, мутакаббирӣ, худписандӣ, мумсикӣ, майпарастӣ, дуруғгӯӣ) – и одамиро ҷолибона ва возеҳона мавриди баррасӣ қарор додааст.

Муаррихон исбот кардаанд, ки Абӯбакри Розӣ ба сабаби аз ҳад зиёд машғул шудан бо таҷрибаҳои кимиёӣ, доимо сару кор доштан бо оташ, аз бисёр хондан ва хусусан аз китобхонии шабона ба дарди чашм дучор мешавад. Ӯ дар ҷустуҷуи роҳҳои муолиҷаи чашм маҷбур шуд ки ба омузиши илми тиб пардозад, ки ин вақт синнаш ба 40 ва дар баъзе адабиётҳо ба 26 расида буд. Абубакри Розӣ дар асарҳои ба масъалаҳои дорушиносӣ ва дорусозӣ бахшидашуда, ба сифати дору истифода бурдани масолеҳи гуногуни минералӣ, қатрон, филизот, намак ва ғайраро тавсия кардааст. Абубакри Розӣ таъсири маводи доруии кашф кардаашро қаблан дар ҳайвонот месанҷид. Ӯ зимни муолиҷаи пешакӣ дар хоришак (қӯтур) аввалин бор доруи сулема, зимни давои дарди мафосил – симобмолӣ, зимни исҳоли хунин омехтаи марги муш, кӯкнор ва оҳак, зимни нагзак- доруҳои сурбӣ ва ғайраро истифода кардааст. Асарҳои Абубакри Розӣ дар бахши дорушиносӣ инҳоянд: «Дар бораи доруҳои маснӯъ», «Дар бораи дорусоз – дору», «Дар бораи шароби масткунанда ва мастнакунанда», «Дар бораи доруи ашхоси мизоҷаш гарм», «Подзаҳрот» ва ғайра.

Хулоса. Закариёи Розӣ яке аз саҳифаҳои бойтарини таърихи кимиёи садаи дуюми исломро ташкил медиҳад, ки дар илми кимиё ва тиб саҳми босазое гузоштааст. Розӣ яке аз аввалин олимоне буд, ки кӯшиш кард химияро аз сатҳи алкимёи асотирӣ ба сатҳи илмии таҷрибавӣ ва мантиқӣ бардорад. Ӯ ба таҷрибаҳо ва мушоҳидаҳои мустақим аҳамияти калон медод, ки ин барои замони худ як тағйири ҷиддӣ ба ҳисоб мерафт. Закариёи Розӣ на танҳо ба рушди химия ва илмҳои табиӣ, балки ба ҳамаи илмҳои амалии замон нақши ҷиддии худро гузошт. Ӯ бунёдгузори илмии кимиё, осори кимиёвии таҷрибавӣ ва назарияи химиявӣ мебошад, ки таъсироти устувор дар таърихи илмҳои табиӣ ва ҳаёти муосир ба ҷо гузошт.

Бобокалонов Т.Б., н.и.х., дотсент, мудири кафедраи химияи таҳлилии факултети химияи ДМТ