Имрӯз (18.12.2024) дар кафедраи технологияи истеҳсолоти химиявии факултети химияи ДМТ мувофиқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи садорат ва кафедра Махфили илмии профессорон бо номи “Рушди технологияҳои инноватсионӣ дар саноати химия” баргузор гардид.
Дар кори маҳфил баромади донишҷӯи курси 3, ихтисоси 480101 Шарифов Ф.С. дар мавзӯи “Технологияи коркарди нуриҳои фосфорӣ” зери роҳбарии д.и.т., профессор Самиҳзода Ш.Р. ва баромади донишҷӯи курси 4, ихтисоси 480103 Алимардонзода Б.М. дар мавзӯи “Нанобиотехнология ва дурнамои он” зери роҳбарии д.и.х., профессор Каримзода М.Б. шунида ва баррасӣ карда шуд.
Дар кори маҳфил муовини декан оид ба илм, н.и.т., дотсент Раҷабов Ш.Х., устодони кафедра Рузиев Б.Т., Шоедарова З.А., Давлатова Х.С. ва Ҳамидова Ф. иштирок намуданд. Миёни донишҷуён, устодон ва маърузачиён оид ба мавзӯҳои баррасишаванда саволу ҷавобҳо хеле ҷолиб сурат гирифт.
Дар охир устодон ва аъзоёни маҳфил д.и.х., профессор Каримзода М.Б. ва д.и.т., профессор Самиҳзода Ш.Р. баромад намуда, баромади донишҷӯён ва кори маҳфилро хуб арзёбӣ намуданд.