(Рӯзи илми тоҷик – якшанбеи сеюми моҳи апрел)
Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Эмомалӣ Раҳмон
Рушди илму маориф яке аз омилҳои асосии пешрафти ҷомеа ва давлат ба ҳисоб рафта, нақши онҳо дар раванди давлатсозӣ хеле муҳим ва арзишманд мебошад. Дар асри 21, илми муосир бо истифода аз технологияҳои нав ва усулҳои таҳқиқоти пешрафта ба дараҷаҳои баланди рушди илмӣ ва техникии ҷаҳонӣ расидааст. Рушди ин раванд дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла нанохимия, нанотехнология, тибби муосир, биотехнология, зеҳни сунъӣ, физикаи квантӣ, муҳандисӣ ва дигар бахшҳо хеле хуб ба мушоҳида мерасад.
Яке аз омилҳои асосии рушди илми муосир ин ҳамкории байналмилалӣ мебошад, ки олимон ва муҳаққиқонро аз кишварҳои гуногун ба ҳам мепайвандад ва имконият медиҳад, ки таҷрибаҳо ва маълумотҳо мубодила шавад. Ҳамчунин, рушди технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ ба суръат бахшидани таҳқиқотҳо ва мубодилаи маълумотҳо мусоидат мекунад. Таъсири мусбати илм дар ҳама давру замон ба рушди сифати зиндагии халқияту миллатҳо расида, боиси беҳтар шудани онҳо гаштааст. Пайдоиши маводҳои нави табобативу рӯзгордорӣ ва дигар пешравиҳо дар соҳаҳоти гуногуни хоҷагии халқ аз дастовард ва татбиқи илм дар амалия шаҳодат медиҳад.
Пешрафти технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла интернет, компютерҳо, смартфонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва ғайра, имкониятҳои нави омӯзиш ва мубодилаи маълумотро фароҳам овард. Ин раванд ба рушди илм ва паҳншавии дониш дар сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат карда истодааст. Дар соҳаҳои химия, физика, биология ва математика таҳқиқоти амиқ аз ҷониби муҳаққиқон анҷом дода шуда, кашфиётҳои нав ба нав ба вуҷуд омада истодааст. Масалан, таҳқиқотҳои нанохимиявӣ, физикаи квантиву роботтехникӣ, генетикӣ, зеҳни сунъӣ ва нанотехнология намунаҳои равшани пешрафт дар ин соҳаҳо мебошанд. Рушди илм дар соҳаҳои иқтисод, ҳуқуҳ, фалсафа, таърих ва равоншиносӣ ба он оварда расонида истодааст, ки сатҳи некуаҳволии ҷомеаҳо ва давлатҳо беҳтар шуда, мушкилоти иҷтимоӣ ба таври содаву мусоид ҳаллу фасл карда шуда истодааст. Пешрафти илми тиб боиси беҳбудии усулҳои ташхису табобат гардида, технологияҳои нави тиббӣ, аз ҷумла ҷарроҳии роботикӣ, доруҳои биотехнологӣ ва усулҳои пешгӯии бемориҳо имрӯз ҳаёти одамонро беҳтар ва дигар карда истодааст. Таҳқиқотҳои экологӣ барои ҳифзи табиат, мубориза бо тағйирёбии иқлим ва истифодаи устувори захираҳо аз муваффақтарин пешравиҳо дар самти мазкур мебошад.
Замони имрӯзро бидуни технологияи иттилоотӣ, роботҳо ва зеҳни сунъӣ тасаввур карда наметавонем. Имрӯз ин раванд тамоми соҳаҳоро аз тиб то саноат, ҷамъан ҳаёти моро фаро гирифтааст. Дар маҷмуъ, илми муосир ҳамчун асоси пешрафти ҷомеа барои рушди некуаҳволии мардум хизмат мекунад ва барои ҳалли мушкилоти глобалӣ нақши калидӣ дорад. Рушди доимии илм боиси беҳбудии сифати зиндагӣ ва рушди фарҳангу иқтисодиёд дар ҳар давлату миллат мегардад.
Аз ин сабаб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба рушди илм ва тафаккури илмиву техникии ҷомеа, аз ҷумла наврасону ҷавонон таваҷҷуҳ намуда, барои рушди соҳаи мазкур ҷораҳои амалӣ меандешанд. Намунаи барҷастааш, ин вохӯриҳои пайваста ва ҳамасолаи Сарвари давлат бо аҳли илму маориф ва зиёиёни мамлакат ва эълони солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» мебошад.
Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи илму маориф пайваста чораҳои амалиро андешида, дар ин замина як қатор ҳавасмандкуниҳоро вобаста ба рушди илм ва ҷалби ҷавонон ба омӯзишу таҳқиқ рӯйи кор гирифтааст, аз қабилӣ: пайваста зиёд намудани маоши устодону кормандон, ҳавасмандкуниҳо барои ҳимояи диссертатсияҳои номзадиву докторӣ, барои чопи мақолоти илмӣ дар журналҳои пойгоҳи скопусӣ, барои ғолибони озмунҳои донишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ва дигар дастгириҳои иҷтимоиву иқтисодӣ.
Аз ҳисоботҳои ҳарсолаи Донишгоҳи миллӣ маълум аст, ки тамоюли устодони унвондор зиёд шуда, айни ҳол ин нишондиҳанда ба 70 фоиз расидааст, ки дар байни ҳамаи муассисаҳои дохилӣ баландтарин буда, дар арсаи минтақа ва ҷаҳон беҳтарин нишондод мебошад. Рушди ин рақам аз он шаҳодат медиҳад, ки муҳаққиони мо имрӯз аз дирӯз дида бештар ба таҳқиқу пажӯҳиш машғуланд, ки ин фоли нек аст. Ҳамзамон дар ин замина зиёд шудани чопи маводҳои илмиву таълимӣ, ки ба рушди ҷаҳонбинии илмӣ таъсири мусбат мерасонад, аз дигар омилҳои хушҳолкунанда дар самти инкишофи илму маориф дар Донишгоҳи миллӣ мебошад. Дар соли 2024, 5413 маводи илмиву методӣ аз ҷониби устодони Донишгоҳи миллӣ ба табъ расид, ки ин рақам нисбат ба солҳои гузашта, зиёда аз 100 адад зиёд баланд мебошад. Дар баробари ин дар соли 2024, дар Донишгоҳи миллӣ 306 чорабинии илмии сатҳи гуногун, баргузор гардид, ки ин падида аз як ҷониб барои баланд бардоштани тафаккури илмӣ ва аз рушди илмҳои мухталиф дарак диҳад, аз ҷониби дигар яке аз механизмҳои оммавикунонии илм ва ҷалби донишҷӯёну муҳаққиқон ба илм мебошад.
Баргузории Ҳафтаи илм дар Донишгоҳи миллӣ, ки ҳамасола даҳаи дуюми моҳи апрел сурат мегирад, аз муҳимтарин корҳоест, ки аз ҷониби Раёсати Донишгоҳ роҳандозӣ карда мешавад. Дар ин ҳафта аксари устодону муҳаққиқон ва донишҷӯён дар бахшҳои алоҳида аз дастоварду муваффақиятҳои илм ва таҳқиқотҳои илмии анҷомдодаашон маърӯзаҳои илмӣ менамоянд, ки ҷиҳати рушд ва инкишофи илм заминаи мусоид мегузорад.
Воқеан ҳам Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази бонуфузтарини илмии кишвар ба ҳисоб рафта, ҷиҳати татбиқи қарору фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ намудани нуктаҳои дахлдори Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои «Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025», “Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маориф” 30-майи соли 2024 ва Стратегияи рушди Донишгоҳ пайваста чораҳои назаррас намуда, барои муаррифии илму маорифи ватанӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба дастовардҳои зиёде ноил гардида истодааст, ки ин боиси ифтихор аст.
Файзуллозода Э.Ф., декани факултети химияи ДМТ