РУШД НАМУДАНИ САНОАТИ КИШВАР

126

Коркарди нуриҳои органикӣ аз партовҳои сахти маишӣ бо мақсади истифодабарии он дар соҳаи кишоварзӣ ва бартараф намудани мушкилоти экологӣ аз партовҳои полимерӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул намуд, ки он барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он заминаи амиқ мегузорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2021 бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод намуданд, ки солҳои 2022–2026, «Солҳои рушди саноат» эълон карда шавад. Инчунин Пешвои миллат, дар Пайёми худ зикр намуд, ки «Мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизоӣ хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ–индустриалӣ ба индустриалӣ–аграрӣ амалӣ гардонида истодаем».

Бо ин мақсад ба ҳамагон маълум аст, ки аҳолии курраи замин доимо дар афзоиш мебошад. Дар аввали асри 20-ум аҳолии курраи замин зиёда аз 1,5 млрд нафарро ташкил медод, дар аввали асри 21 аҳолии курраи замин ба 7,8 млрд. нафар расидааст. Зиёдшавии аҳоли бештар дар мамлакатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ заиф тараққиёфта ба назар мерасад. Аксарияти аҳолии ин кишварҳо нисбати маводи ғизоӣ танқисӣ мекашанд. Барои наҷоти аҳолии ин кишварҳо аз нарасидани маводи ғизоӣ бояд дар оянда истеҳсоли маводи ғизоӣ (соҳаи кишоварзӣ) 60 % зиёд карда шавад. Бинобар ин, вазифаи асосии олимон ва мутахассисони соҳаи кишоварзии ҷаҳон бо назардошти сармоягузорӣ, зиёдтар намудани истеҳсоли маводи ғизоӣ ба ҳисоб меравад. Зироатҳои ғалладона муҳимтарин растаниҳои ғизоӣ буда, 70 % маводи ғизоии аҳолии кураи заминро таъмин менамоянд. Танҳо ба ду зироат гандум ва шолӣ таъмини 60 %-и қувваи ғизоии инсоният рост меояд. Барои таъмини аҳолии ҷаҳон дар соли 2023 бояд, истеҳсоли гандум 40 % зиёд карда шавад ва ҳосили миёнаро аз 2.5 т/га то 3.8 т/га баланд бардоштан лозим меояд.

Аммо як киллограмм нурии минералие (нитрогенӣ), ки ба ҷумҳурии мо аз хориҷ ворид мегардад, арзиши гаронеро ташкил медиҳад. Ин таносуби бозори ҷаҳонӣ оид ба нархномаи молҳои саноатӣ ва ашёи хоми кишоварзӣ боиси таназулли соҳаи кишоварзӣ, пахтакорӣ дар Тоҷикистон ва камбизоатии деҳқонони пахтакор ва хоҷагиҳои кишоварзию деҳқонӣ гардидааст. Бояд қайд намуд, ки дар баробари норасоӣ корхонаҳои нуриҳои минералӣ истеҳсолкунанда, инчунин афзоиши нархномаи нуриҳои нитрогенӣ (химиявӣ), боиси дастнорасоии онҳо ба деҳқонону хоҷагиҳои деҳқонии гардидааст.

Аз ин, рў дар тамоми дунё зиёда аз 50 % ҳосил аз ҳисоби нурҳои органикӣ (омехта) дониста мешавад. Бинобар ин шинохти усулҳои истеҳсоли нуриҳои органикӣ (омехта) на танҳо ба тавсия ва инкишофи зироат ба манфият буда, балки зироаткоронро аз масраф намудан ё харидорӣ кардани нуриҳои химиявӣ камтар месозад, чунки қимати баланди нуриҳои воридотӣ ва набудани корхонаҳои истеҳсоли нуриҳои дохилӣ барои зироаткорон ва ба иқтисодиёти кишоварзии кишварамон таъсири манфӣ ба бор меоварад. Ин мушкилот боис мешавад, ки кишоварзон аз зироатҳо дилзада шуда ва бахотири даромадҳои иқтисодӣ ба кишварҳои хориҷ барои муҳоҷират раванд.

Истифодаи нуриҳои органикӣ (омехта) ҳамчун манбаи баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва ҳосилхезии хок ба деҳқонон имрўз қариб дастнорасанд. Мо метавонем дар баробари ин аз ин партовҳои сахти маишӣ ва хоҷагии қишлоқ дар пояи кирмҳои боронӣ истеҳсоли нуриҳои органикӣ (омехта)-ро дар кишварамон ба роҳ монем. Аз тарафи дигар парвариши худи кирмҳои боронӣ аз манфият холӣ набуда, ҳамчун ғизо барои корхонаҳои парандапарварӣ ва моҳипарварӣ мавриди истифода қарор мегирад.

Ин кор ба ҷуброни норасоӣ дар таҳқиқоти илми муосир дар бораи омўзиши муқоисавии нуриҳои химиявӣ бо нуриҳои органикӣ (омехта) дар соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст. Бо вуҷуди асарҳои зиёд оид ба ин мавзуъ дар хориҷа, дар илми ватанӣ донишҳои зарурӣ дар бораи нуриҳои органикӣ (омехта) дар замони муосир, махсусан дар даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд нест. Ғайр аз ин тамоми партовҳои полимерӣ, ки ба партовгоҳҳо партофта мешаванд, нигоҳи муҳақиқони соҳаи химия ва физикаро ба худ ҷалб намудааст, ки ҳалли он дар назди муҳақиқони соҳаҳои мазкур яке аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

Мақсади асосӣ ин аз партовҳои сахти маишии атрофи шаҳр, ноҳияҳои кишвар ва партовҳои хоҷагии қишлоқ, ки захираҳои хеле бузургро ташкил медиҳанд, нуриҳои органикӣ (омехта)-ро истеҳсол намудан, инчунин ҷудосозӣ ва коркарди дубораи партовҳои полимерӣ бароҳмонда шавад.

Бо дарназардошти кори илмӣ-таҳқиқотии ташкил намудани сехҳои истеҳсолӣ, ки барои коркарди комплексии нуриҳои органикӣ (омехта), партовҳои полимерӣ ва гирифтани маҳсулоти тайёри синтетикӣ, равона гардидааст, дар асоси технологияи нав ба роҳ монда мешавад. Хосиятҳои физикию химиявии партовҳои сахти маишӣ ва полимерро омўхта навъҳои гуногуни маҳсулотҳои саноатӣ истеҳсол карда мешавад. Сари вақт ҳал намудани мушкилотҳои партовҳои сахти маишӣ ва полимерӣ амнияти экологии ояндаи ватани азизамонро таъмин менамояд.

Таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ, яке аз вазифаҳои муҳимтарини Ҳукумати кишварамон дар шароити муносибатҳои бозорӣ ба ҳисоб меравад. Ба андешаи мо барои таъмини амнияти озуқаворӣ дар мамлакат бунёд намудани корхонаҳои истеҳсоли нуриҳои органикӣ (омехта) ва коркарди дубораи партовҳои полимерӣ бисёр сари вақтист.

Раҷабзода С.И.-д.и.х. профессори кафедраи химияи органикии факултети химияи ДМТ

Гулов А.А.- муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети химияии ДМТ