РОҲНАМО БАРОИ ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ” АЗ РӮЙИ НОМИНАТСИЯИ ХИМИЯ

92

Аз ҷониби устодони факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Файзуллозода Э.Ф., Самадов А.С. ва Ҳакимов Ҷ.Н. китоби нав бо номи “РОҲНАМО барои иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” аз рӯйи номинатсияи химия” дар ҳаҷми 288 саҳифа бо фарогири 637 масъала, 1057 савол ва 147 номгӯйи корҳои озмоишӣ, 85 номгӯйи адабиёт, ки аксар масъалаҳо бо тарзи ҳалаш ва ҷавобҳояшон оварда шудааст, бо Қарори Шурои илмию методии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба нашр расид. Ҳамзамон, 14 варианти намуна аз даврҳои гуногуни ин Озмун, ки солҳои пеш пешниҳод шудааст, бо ҷавобу ҳалҳояшон оварда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” тайи 4 сол аст, ки зери сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида истодааст. Ҳамасола таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба озмуни мазкур зиёд шуда истодааст. Яке аз мушкилот дар самти мазкур норасоии маводи зарурӣ бо забони давлатӣ (тоҷикӣ) мебошад. Китоби мазкур метавонад, ин мушкилотро бартараф намояд.

Дар Китоби мазкурсаволу масъалаҳо ва корҳои озмоишӣ аз ҳама бахшҳои химиявӣ, аз ҷумла: Химияи ғайриорганикӣ, Химияи органикӣ, Химияи таҳлилӣ, Химияи физикӣ, Химияи коллоидӣ, Химияи биологӣ, Химияи технологӣ ва ғайра ҷамъ оварда шудааст.


Китоби мазкур тавсия шудааст барои хонандагон, донишҷӯён ва магистрантони муассисаҳои таълимию илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар хоҳишмандони илми химия барои омода шудан ва иштирок намудан дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” аз рӯйи номинатсияи химия.

Ба китоби мазкур устодон:
Суяриён Қ.Ҷ. – н.и.х., дотсенти кафедраи химияи физикӣ ва коллоидии факултети химияи ДМТ,
Раҷабзода С.И. – д.и.х., профессор, директори Институти илмию таҳқиқотии назди ДМТ,
Гулов Т.Ё. – н.и.х., дотсент, мудири кафедраи химияи органикӣ ва биологии факултети химияи ДДОТ ба номи С. Айнӣ
тақриз додаанд.