Декан

Декан – дотсент Файзуллоев Эркин Фатҳуллоевич

 12-уми феврали соли 1986 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 2009 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи «аъло» аз рӯи ихтисоси 011000-химия бо касби Химик. Омӯзгор ва аспирантураи онро соли 2015 хатм намудааст. Дар чандин озмуну конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилаӣ, аз ҷумла дар олимпиадаи ҷумҳуриявии байни Муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар иштирок карда, 2 маротиба (солҳои 2007 ва 2008) сазовори ҷойи аввал гардидааст. Баъди хатми ДМТ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 50-и н. Варзоб ба ҳайси муаллим, раиси Созмони ҷавонон, ҷонишини директор оид ба тарбия солҳои 2008-2009 фаъолият намудааст. Аз соли 2009 инҷониб дар факултети химияи ДМТ дар вазифаҳои зерин кор карда истодааст: коромӯз-таҳқиқотчии кафедраи химияи физикӣ ва коллоидӣ (2009-2010), муҳандиси дараҷаи II дар кафедраи номбурда (2010),  муаллими фанни химия дар Литсейи ДМТ (2010–2011), ассистент ва баъдан дотсенти ҳамин кафедра (2010, то ҳол), муовини декани  факултети химия оид ба таълим дар шуъбаи рӯзона (2016-2018), мудири кафедраи химияи физикӣ ва коллоидӣ (10.01.2019 то 01.09.2019), декани факултети химияи ДМТ аз 30.08.2019, то инҷониб).  Муаллифи зиёда аз 58 мақолаю фишурдаи мақолаҳо, 1 китоби дарсӣ, 3 монография, 2 дастури таълимӣ ва 1 Патенти ҶТ мебошад.  Дар баробари фаъолияти илмӣ-педагогӣ солҳои гуногун вазифаҳои ҷамъиятии зеринро бар дӯш дошт: Вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб (2010 -2015), роҳбари дастаи олимпии донишҷӯёни ДМТ аз фанни химия дар риштаи ѓайритахассусӣ (2010 то 2019) ва раиси Шӯрои олимони ҷавони ДМТ (2015-2018).  Бо ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми ҶТ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дипломи Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Оиладор соҳиби 3 фарзанд мебошад.