РОҲБАРЕ, КИ ТАМОМИ ҲАСТИЯШРО БА ДОНИШГОҲ ВА РУШДИ ОН БАХШИДААСТ

195

(ба андешаи профессори факултети химияи Донишгоҳ Азизқулова Онаҷон Азизқуловна (собиқаи кории 60 сола дорад), Шумо-ректори муҳтарам Қобилҷон Хушвахт барои мо ягона шудед!)

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, бо омаданаш ба маснади ректорӣ, ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, тавонист Донишгоҳро ба марҳилаи нави рушд ворид кунад.
ЯКЧАНД ФАКТҲОИ РАДНАШАВАНДА:
-ҳамасола ба андозаи 10 фоизӣ зиёд намудани маоши устодону кормандон;

-гузаронидани Донишгоҳ ва барномаҳои таҳсилотии ихтисосҳои он аз 2 агентии аттестатсионӣ ва аккредитатсионии байналмилалии бонуфуз;

-пайваста Донишгоҳи миллӣ, гирифтани мақоми ҷойи якум дар ҳама самтҳо дар байни Донишгоҳҳои Тоҷикистон;

-баланд шудани нуфузи Донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ;

-аз панҷоҳу чанд ба 65 фоиз расонидани фоизи унвондорони Донишгоҳ;

-фазои ором ва солими корӣ, дастгирии пайвастаи устодону кормандон;

-дасти кумак дароз намудан ба ятимону маъюбон ва шахсони ниёзманд;

-бо манзили зист таъмин намудани даҳҳо оилаҳои ниёзманди Донишгоҳ;

-ҳамчунин пайрави асили Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис додани Осорхона ва Маркази илмию таҳқиқотии Пешвои миллат дар Донишгоҳ;

-танҳо дар факултети химия ба истифода додани 3 озмоишгоҳҳои муосири илмӣ ва таълимӣ (таърихи факултет ёд надорад);

-бо дастгирии ректор, дар зиёда аз 19 озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок намуд ва ишғол намудани ҷойҳои ифтихорӣ, устодону донишҷӯёни факултети химия;

-ба андешаи профессори факултети химияи Донишгоҳ Азизқулова Онаҷон Азизқуловна (собиқаи кории 60 сола дорад), Шумо-ректори муҳтарам Қобилҷон Хушвахт ҳамчун ректори ДМТ барои мо ягона шудед, бо ин ҳама хоксориву меҳрубонӣ ва дастгириҳоятон;

Ва ғайра дастоварду дастгириҳо.

#ЗИНДАГИНОМА
Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт 5-уми июни соли 1982 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Соли 1999 ба факултети баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) дохил шуда, онро соли 2004 аз рӯи ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит хатм намудааст.
Хушвахтзода Қ. Х. дар вазифаҳои зерин фаъолият кардааст: ассистенти кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити факултети баҳисобгирию иқтисодии ДМТ (2004-2011), муовини декан оид ба илм ва тарбияи факултети мазкур (2005-2009), муовини декан оид ба таълим дар шуъбаи рӯзона (2009-2013), мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити ДМТ (2011-2012), мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити ДМТ (2013-2017), мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДМТ (2018), директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ (2019) ва аз моҳи феврали соли 2019 то 27.01.2020 декани факултети молиявию иқтисодии ДМТ ва аз 27.01.2020 ректори Донишгоҳи миллӣ.
Хизматҳои шоистаи Хушвахтзода Қ.Х. бо «Ифтихорнома»-и ДМТ (2003, 2006, 2010, 2014, 2018, 2019), Ҷоизаи ба номи И. Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (бахши иқтисодӣ) – соли 2012, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012), Диплом ва Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимони ҷавон (2014)ва Ордени Шараф қадр гардидаанд.
Хушвахтзода Қ. Х. муаллифи зиёда аз 200 маводи илмӣ буда, дар мавзӯъҳои вобаста ба асосҳои назариявӣ-методологии маҳсулотҳои кишоварзӣ ҳамчун объекти низоми баҳисобгирӣ-таҳлилӣ, ташаккулёбӣ ва ташкили низоми баҳисобгирии таъминнамоии истеҳсолоти маҳсулоти рақобатпазир, таҳлили иқтисодӣ-омории рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ, баҳисобгирӣ ва таҳлили идоракунии соҳаи кишоварзӣ, баҳодиҳӣ ва таҳлили таъсир ба рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайра тадқиқоти илмӣ анҷом додаанд.

САДОРАТ ВА КОЛЛЕКТИВИ УСТОДОНУ КОРМАНДОНИ ФАКУЛТЕТИ ХИМИЯИ ДМТ УСТОДИ ГИРОМӢ ХУШВАХТЗОДА Қ.Х. -РО БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ЗОДРЎЗАШОН ТАБРИКУ ТАҲНИЯТ ГУФТА, БАРОЯШОН ОФИЯТИ КОМИЛ ВА МУВАФФАҚИЯТҲОИ ПАЙВАСТА ДАР КОРАШОН ТАМАННО ДОРАНД.

САДОРАТИ ФАКУЛТЕТИ ХИМИЯИ ДМТ