РАВОБИТИ ҲАСАНА БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН

223

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аксарияти кишварҳои Осиёи Марказӣ сиёсати ҳамгироёнаро ба роҳ монда, заминаи рушду густариши равобитҳои дипломатиро бо онҳо тақвият додааст. Ҳамзамон равобиту густариш ва муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо кишварҳои аъзои созмони бонуфузи байналмилалии Шанхай, ки дар саргаҳи он Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор дорад метавонад ба дигаргунӣ ва рушди тамоюли кишварҳои ИДМ мусоидат намояд.

Алабатта Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва бо роҳандозии сиёсати дӯстонаи “Дарҳои боз” муносибатҳои худро бо кишварҳои Осиёи Миёна рушду густариш дода, мавқеъи худро дар ҳалли проблемаву мушкилотҳои сайёра бамаврид гузоштааст. Маҳз сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати-миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам овард, ки кишвари Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ташаббускор шиносанду эътироф намоянд. Ҳамчунин яке аз кишварҳое, ки Тоҷикистонро ҳамчун шарики стратегӣ ва пешбари ташаббусҳои байналмилалӣ дар ҳалли мушкилотҳои обии сайёра ва тағйирёбии иқлим ҷонибдорӣ намояд ин Ҷумҳурии Мардумии Чин ба шумор меравад. Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои дипломатии худро аз соли 1992 оғоз бахшида то ин ҷониб чандин санаду созишномаҳо ба имзо расонида, равобиту ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ҳарбию, сиёсӣ, фарҳангиву гуманитарӣ сол то сол рушду мустаҳкам гардидаанд. Маҳз талошу заҳматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароҳам овардани фазои дӯстона бо роҳбари Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Сӣ Ҷинпин барои беҳтар намудани вазъи иқтисодиву тиҷоратии кишвар ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин аз санаи 16.05.2023 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуданд. Чун дӯстиву бародарӣ ва ҳамгироӣ байни кишварҳои аъзои созмони ҳамкориҳои Шанхай пойдор аст барои истиқболи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маросими истиқболро дар сатҳи олӣ барпо намуда, дар кишвари Чин фазои дӯстонаро ташкил намуданд. Мақсад аз сафари Пешвои муаззами миллат ба Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок дар Саммити якуми сарони кишварҳои “Чин+Осиёи Марказӣ” буд, ки дар кори он Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари пешоҳанг ва сиёсатмадори пуртаҷриба аз ҷониби сарони давлатҳо эътироф гардид.

Ҳамзамон дар кори ин Саммит Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Сӣ Ҷинпин дар суханронии ҷамъбастии худ ба шахсияти бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтироми хоса гузошта қайд намуд, ки «Шумо, Ҷаноби Президент, дар байни мо, Сарони давлатҳо аз ҳама сиёсатмадори пуртаҷриба ба шумор меравед, ки дар баробари асосгузори давлатдории навини тоҷикон будан аз ташкилкунандагон ва таъсисдиҳандагони асосии бузургтарин созмони бонуфузи минтақавию байналмилалӣ- Созмони ҳамкории Шанхай мебошед. Шумо хеле сиёсатмадори хирадманд, пуртаҷриба ва дурбин ҳастед ва дар рушди муносибатҳои дуҷонибаву минтақавӣ нақши муҳим мебозед. Ҳамзамон қайд намуд, ки пешниҳод ва андешаҳои Шумо барои мо ниҳоят муҳим мебошад». Воқеан ҳам боиси ифтихор ва шарафмандии ҳар як фарди Тоҷикистон аст, ки роҳбари як кишвари бунуфузи ҷаҳонӣ ва дорои шумораи зиёди аҳоли дошта нисбати шахсияти бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин суханронии хуб ва бамаврид менамоянд.

Сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки то санаи 19.05.2023 идома ёфт, миёни роҳбарони ин ду кишвар мулоқоту музокиротҳои сатҳи олӣ баргузор гардид. Зимни мулоқот дар ҳузури сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Чин дар маҷмӯъ 26 адад созишномаву санадҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ҳарбӣю техникӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ба имзо расиданд. Бояд гуфт, ки пас аз ба имзо расидани ин санаду қарорҳо минбаъд дар рушди ҳамкориҳои густурдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дигаргунӣ ба амал омада, заминаи рушди онҳо бозам тақвият меёбанд.

Файзуллозода Эркин Фатҳулло-декани факултети химияи ДМТ

Гулов Амриддин Абдуалиевич – муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети химияи ДМТ