Таърихи марҳилаи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне замони соҳибистиқлолиро, ки дар бунёд ва таҳким бахшидани пояҳои устувори миллат нақши шахсиятҳои ҷонфидои он барои бунёди давлати соҳибистиқлол бағоят калон аст, бе хизматҳои шабонарӯзӣ ва хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Маҳз бо заҳмату ҷоннисориҳои бевоситаи ин фарзанди фарзонаи миллат давлати маҳбуби мо ҳамчун кишвари соҳибистиқлол рушд намуда, дар сатҳи байналмиллал муаррифӣ гардид.
Пас аз ба даст овардани Истиқлол соли 1991 кишвари мо мубталои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардид. Қадамҳои устувор дар роҳи рушди давлатдории миллӣ ва бартараф кардани ин ҳодисаи нангин-ҷанги шаҳрвандиро Иҷлосияи 16 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 16 ноябри соли 1992 баргузор гардид ва дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилони Шурои Олии ҳамондавра раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, мебозад.
Дар таърихи 16 ноябри соли 1994 Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори идоракунандаи худро тағйир дода, ба сохтори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ табдил ёфт, ки дар он Пешвои муаззами миллат ба тариқи раъйпурсии умумӣ ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Аз ин рӯ, санаи 16 ноябр ва хусусан моҳи ноябр барои миллати мо моҳи тақдирсоз ба ҳисоб меравад, чун дар ин моҳ қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 6 ноябр, баргузории Иҷлосияи 16 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-16 ноябр ва қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-24 ноябр ба вуқуъ пайвастааст.
Ҳаминро вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта, 25 апрели соли 2016 пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” мавриди баррасӣ қарор дода, 16 ноябрро ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намуданд. Ҳамин тариқ, ҳамасола 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, ки мо дар арафаи солгарди таҷлили он қарор дорем.
Дар ҳама гушаҳои ҷаҳон, хоҳ Амрикову Африқо ва ё Аврупову Осиё бо шаклҳои гуногун рӯзи шахсияти аввали сиёсии кишвар ба таври гуногун таҷлил карда мешавад. Аввалин маротиба “РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ” ҳамчун “Ид” дар штати Вирҷинаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико соли 1782 ба таври оммавӣ ба ифтихори Ҷорҷ Вашингтон – қаҳрамони ҷанг барои истиқлолият ва Президенти якуми ИМА, ки ба муносибати рӯзи таваллудаш (22.02.1732) буд, таҷлил карда шуд. Соли 1855 бошад ин ҷашн ҳамчун иди умумимиллӣ эълон карда шуд.
Дар кишварҳои дигар аз қабили Исландия, Британияи Кабир, Ҳолландия, Қазоқистон ва ғайра низ ин гуна ҷашн бо шаклҳои гуногун таҷлил карда мешавад. Боиси зикр аст, ки ҷашни мазкур аз маҳбубияти ҳар як президент ё шахсии аввали сиёсии кишвар сарчашма мегирад. Таҷлили ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз маҳбубияти мардуми шарафманди Тоҷикистон нисбат ба Пешвои раъиятпарвари худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.
Боиси зикри хос аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳз бо ташаббусҳои бевоситаи Пешвои миллат самтҳои гуногуни давлатдорӣ, аз ҷумла ҷамъиятӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ рушд намуда истодаанд. Намунаи онро метавон дар ҳамаи соҳаҳо мушоҳида намуд. Барои мисол метавон гуфт, ки соҳаи маорифи кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ рушд намуна, муассисаҳои олии кишвар айни ҳол ба 48 адад мерасад, ки 35-тои он дар замони соҳибистиқлолӣ ба фаъолият оғоз намудааст. Чунин тағйироту навгониҳоро дар тамоми соҳаҳои кишвар мушоҳида намудан мумкин аст, ки бевосита аз қобилияти хирадмандонаю ташаббускорона ва дурбинонаи Президенти кишвар дарак медиҳад.
Самадзода А.С., н.и.х., дотсент, устоди ДМТ





