ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РАВАНДИ СУЛҲИ ТОҶИКОН

172

Дар таърихи башар мақоми шахсиятҳои бузург аз рисолати дар назди халқу Ватан иҷро намудаашон муайян мегарданд. Баробари дигар хизматҳои барҷаста Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар ва ба андешаи миллӣ табдил додани он саҳми беназир гузоштаанд. Мактаби сулҳи тоҷикон басо ибратомӯз буда, дар таърихи ҷаҳони муосир ба худ ҳамто надорад. Сарвари давлат дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ марҳилаҳои таърихии кишварро то соли 1996 ба таври зерин тақсимбандӣ менамоянд:

Давраи якум – сентябри соли 1991 то ноябри соли 1992, яъне то иҷлосияи XVI Шурои Олӣ – талошу мубориза дар байни қувваҳои гуногун барои ба даст овардани ҳокимият, оғози ҷанги гражданӣ, авҷи беҳокимиятӣ ва бесарусомониҳо дар мамлакат.

Давраи дуюм – солҳои 1992-1993 – фурӯ нишондани оташи ҷанги гражданӣ, ба вуҷуд овардани фазои эътимод, якдигарфаҳмӣ ва заминаҳои оштии миллӣ дар ҷомеа.

Давраи сеюм – соли 1994 – гузоштани пояҳои низоми нави давлатдорӣ:

– баргузории ислоҳоти сиёсӣ;

– ташаккули пояҳои давлатдорӣ;

– ташкили нерӯҳои мусаллаҳи миллӣ ва қувваҳои сарҳадӣ;

– ба вуҷуд овардани заминаҳои иҷтимоии ислоҳоти иқтисодӣ;

– тезондани раванди оштии миллӣ;

– аҳамияти амалии музокироти миёни тоҷикон ва баргардондану ҷобаҷо кардани фирориён дар маҳалли доимии зист;

– ташаккулёбии сиёсати хориҷии кишвар, болоравии нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар доираҳои сиёсии дунё ва арсаи байналмилалӣ.

Давраи чорум – соли 1995 ва нимаи аввали соли 1996 – оғоз ва суръат гирифтани дигаргунсозиҳои куллии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ:

– комилан ба анҷом расидани раванди бозгашти фирориёни иҷборӣ;

– ислоҳот дар сиёсати молия ва қарз;

– ҷоннок гардидани ҷалби маблағгузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар, ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳҳои пайвастан ба хоҷагидории ҷаҳонӣ.

Давраи панҷум – солҳои 1996-1997 – вусъат ёфтани раванди сулҳу ваҳдат:

– анҷом додани тадбирҳои муассири иқтисодӣ;

– густариши минбаъдаи робитаҳои хориҷии Тоҷикистон.

Давраи шашум – соли 1997 то имрӯз:

-хусусияти бебозгашти раванди сулҳ ва ваҳдати миллӣ;

-таъмини ваҳдати иқтисодии кишвар;

-ҳамчун ташаббускори иқдомҳои созанда эътироф гаштани Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ.

Марҳилаи асосии таърихи сулҳ ва ваҳдати миллӣ аз Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ҳайси Раиси он интихоб шудани фарзанди шоистаи халқ, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад. Барқарор ёфтани Ҳукумати қонунӣ кӯшиши ба роҳ мондани гуфтушуниди байни Ҳукумат ва мухолифин, ниҳоят изҳороти Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди барқарор намудани сулҳ дар кишвар аввалин иқдоми ҷиддӣ дар ҷодаи ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбанд. Рисолати таърихии Иҷлосияи мазкур дар ин аст, ки хавфи аз байн бурдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақсимшавии миллатро пешгирӣ кард, тадбирҳои мушаххасро ҷиҳати аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию маънавӣ баровардани кишвар пешниҳод намуд, самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакатро муайян кард, барои ба мувофиқа овардани қувваҳои солими ҷомеа – ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои мардумӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ заминаи созгор муҳайё намуд, самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро тарҳрезӣ кард.

Бо ҳамин, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсиси сохтори навини давлат, истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, таъмини амнияти кишвар, бисёрҳизбӣ, Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ибтидо гузошт. Дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 10-умин солгарди иҷлосияи тақдирсоз Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти бузурги онро дар таърихи кишвар чунин муайян менамоянд: «Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон аз ҷумлаи ҳамин рӯйдодҳои таърихӣ мебошад, ки дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон ва таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол як марҳилаи сифатан навро гузошта, хатари ҳамчун давлати мустақил барҳам хӯрдани Тоҷикистон ва ҳамчун миллат аз миён рафтани тоҷикони кӯҳанбунёдро пешгирӣ кард».

Санаи 12 декабри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон муроҷиат намуданд. Санади мазкур ҳамчун аввалин муроҷиатномаи расмии Сарвари давлат ба мардуми кишвар аҳамияти бузурги таърихиро дорост. Дар чунин вазъияти муташанниҷ Сарвари давлат ба таври қатъӣ изҳор менамоянд, ки сулҳро дар кишвари азияткашида барқарор мекунанд, барои рушди минбаъда шароити мусоид фароҳам меоваранд. Бешубҳа ин Муроҷиатнома бовариву эътимоди мардумро ба наҷот, ояндаи дурахшони кишвар қавӣ намуд. 19 декабри соли 1992 таҳти унвони «Давлат аз иттифоқ хезад» мусоҳибаи муҳими рӯзноманигор бо Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон интишор ёфт. Сарвари давлат ба се зинаи аввалини роҳҳои ба эътидол овардани вазъи ҷумҳурӣ ишора менамоянд: дар қадами аввал бояд гурӯҳҳои силоҳбадаст ба ҳам гуфтушунид кунанд ва ба мувофиқа бирасанд. Дуввум, Ҳукумат бояд амнияти шаҳрвандонро таъмин карда тавонад. Роҳи сеюм, вуруди нерӯҳои сулҳхоҳи давлатҳои узви ИДМ ба Тоҷикистон мебошад. Дар мусоҳиба механизмҳои халъи силоҳ, роҳҳои босамари ба Ватан баргардонидани гурезагон, тадбирҳои таъҷилии Ҳукумат оид ба пешгирии гуруснагӣ батафсил баён мешаванд. Вале, ба андешаи Сарвари давлат роҳи ягонаи наҷоти миллат сулҳу ваҳдат мебошад.

Суханронии Сарвари давлат дар сессияи XVII Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 июни соли 1993) боз як марҳилаи муҳими талошҳо баҳри истиқрори сулҳ маҳсуб меёбад. Дар ин маърӯза андешаи нави миллии тоҷикон дар давраи Истиқлолият возеҳтар баён ёфт, ки заминаи онро сулҳ, ваҳдат, эҳёи Тоҷикистон ташкили медиҳад. Маърӯзаи Сарвари давлат дар иҷлосияи XVII аҳамияти хосаи таърихӣ дорад. Пеш аз ҳама, дар он вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавии кишвар ба таври фарогир таҳлил ёфт, ки бори нахуст буд. Дуввум, сиёсати дохилӣ, самтҳои сиёсати хориҷӣ муайян гардиданд, ки асоси онро бояд таъмини сулҳу ваҳдат дар ҷомеа, барқарор ва густариши робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷӣ ташкил медод. Саввум, аз маърӯза маълум гардид, ки дар тӯли ним соли фаъолият Ҳукумат дар мавриди ба эътидол овардани вазъи сиёсиву иқтисодии мамлакат, барқарор кардани оромиву амният, густариши робитаи дӯстонаи байни минтақаҳои кишвар ва байни миллатҳои гуногуни он, ба роҳ мондани ҳамкориҳои хориҷии судманд, эҳёи фаъолияти мақомотҳои давлатию қудратӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ корҳои назаррасро анҷом додааст. Суханронии мазкур аз азми қавии Ҳукумат ва Шурои Олӣ ва мардуми кишвар дар ҷодаи бунёди сулҳу созандагӣ дар лаҳзаҳои ҳассос дарак дод.

Иқдомҳои Сарвари давлат дар мавриди ба Ватан бозгардонидани гурезагони дохиливу хориҷӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ба худ назир надорад. Муроҷиатҳо ва талошҳои шоистаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ба Ватан баргардонидани гурезагон мактаби бузурги ваҳдату ягонагӣ мебошад. Ба Ватан бозгаштани қариб як миллион гурезагон, воқеӣ ва зарурӣ будани андешаву талошҳои Сарвари давлатро оид ба ваҳдат собит намуд.

Андешаи ваҳдат аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт. Ғояи сулҳу ваҳдат ва созандагӣ, кафолати амнияти ҷумҳурӣ аз ҷониби Сарвари ғамхори давлат тоҷики овораю сарсонро боз ба макони аслӣ бозовард.

Ҳангоми вохӯрӣ бо олимони Академияи илмҳои Тоҷикистон (феврали соли 1996) Сарвари кишвар бори дигар ҳамбастагии ваҳдат ва истиқлолиятро ёдовар мешаванд: «Ин ду мафҳум, яъне истиқлолият ва ваҳдат дар ягонагӣ буда, бе якдигар вуҷуд дошта наметавонанд». Бори нахуст дар ин мулоқот Сарвари давлат дар назди олимон вазифа мегузоранд, ки мавзуъҳои таҳлили воқеъбинонаи ҳодисаҳои чанд соли охири ҳаёти ҷумҳурӣ, баррасии илмии омилҳо, сабабҳо ва заминаҳои пайдоиши ин ҳаводис, таҳлилу омӯзиши афкори ҷомеа, таъмини заминаҳои илмии пешрафти минбаъдаи ҳаёти кишвар ва ғайра дар маркази таваҷҷӯҳи таърихшиносон, ҷомеашиносон, файласуфон, сиёсатшиносон ва умуман олимону донишмандон қарор дода шаванд.

Ба андешаи Президенти кишвар танҳо баҳои илмию таърихӣ ба ин ҳодисаҳо ва бардошти воқеъбинона ҷомеаро ба мақсади олӣ – таъмини ваҳдати миллӣ ва камолоти маънавӣ мерасонад. Дар солҳои охир оид ба ҳодисаҳои сиёсии Тоҷикистон асарҳои зиёде чоп шудаанд, ки аксари онҳо яктарафа буда, барои якдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ мусоидат намекунанд. Олимони кишвар вазифадоранд, ки ба ин равандҳои номатлуби илмӣ вокуниш диҳанд. Андешаҳое, ки Сарвари давлат дар ин ҷамъомади илмӣ иброз намуданд, аз сатҳи нави фаҳмиши ваҳдати миллӣ гувоҳӣ медиҳад. Президенти ҷумҳурӣ таваҷҷӯҳи олимонро ба самти тозаи илмҳои ҷомеашиносӣ – тадқиқи бунёдии мафҳуми ваҳдати миллӣ, роҳҳои пойдор намудани он дар ҷомеа ҷалб менамоянд. Дар ҷодаи бомуваффақият анҷом пазируфтани раванди сулҳ саҳми Сарвари кишвар беназир аст. Қабул шудани қонун «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 25 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд» (25 ноябри соли 1992) аввалин ва муҳимтарин қадам ба сӯи оштии миллӣ маънидод шуд.

Сипас дар Муроҷиатнома аз 2 марти соли 1993, суханронӣ бахшида ба яксолагии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ (15 ноябри соли 1993), 5 ноябри соли 1997 Сарвари давлат оид ба омодгии Ҳукумат ба гуфтушунид бо мухолифин изҳор карда буданд. Моҳи апрели соли 1994 марҳилаи тозаи раванди сулҳ оғоз меёбад, ки самараи неки талошҳои Сарвари давлат буд. Мақсаду мароми неки Сарвари кишвар дар суханҳои зерин ба таври барҷаста баён ёфтаанд: «Акнун бояд ба худ оем ва гуноҳи ҳамдигарро бубахшем.

Бояд дар сарзамини абгору дардхӯрдаи мо аз ин пас танҳо сулҳу оштии миллӣ ва ягонагию ваҳдат пойдор бошаду тантана кунад». Мавриди зикр аст, ки аз роҳбарони сатҳи олии ҳар ду тараф маҳз Эмомалӣ Раҳмон аввалин шуда дасти оштӣ дароз карданд, ҷасорати бемисл ва иродаи сиёсӣ барои расидан ба ваҳдат нишон доданд. Аз баҳори соли 1995 то соли 1997 Сарвари давлат шаш маротиба бо роҳбари мухолифин мулоқот намуданд, ки ба раванди гуфтушунид вусъату комёбӣ бахшид.

Мулоқот ва суханрониҳои Сарвари давлат бо зиёиён (19 марти соли 1997), дар Анҷумани сеюми иттиҳодияҳои занон ва созмонҳои ғайриҳукуматии занони ҷумҳурӣ (26 апрели соли 1997), дар вохӯрӣ бо ҷавонон марҳилаи нави вусъати раванди сулҳ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Ин мулоқоту вохӯриҳо, ки дар арафаи воқеаи бузурги таърихӣ – имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ сурат гирифтанд, барои болоравии руҳияи ваҳдат ва созандагӣ дар ҷомеа мусоидат намуданд. Эмомалӣ Раҳмон бори аввал бо табақаҳои пешсафи ҷомеа мулоқоти самимӣ анҷом дода, онҳоро ба амали созанда баҳри фардои дурахшони Ватан ҳидоят карданд. Дар мулоқотҳои мазкур Сарвари давлат ҷанбаҳои нави ваҳдати миллиро баррасӣ намуданд.

Зарурати ваҳдатро Президенти Тоҷикистон бо асосҳои мӯътамад баён медоранд: «Мусолиҳаи миллӣ барои ҷумҳурии мо чун обу ҳаво зарур аст. Мо танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардуми ҷумҳуриро устувор карда метавонем». Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонони кишвар низ (23 майи соли 1997) ба масъалаи таҳкими ваҳдати миллӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуда, дар ин раванд вазифаҳои зеринро ба миён гузоштанд:

Якум, тамоми аҳли ҷомеа худро барои расидан ба ваҳдат ва роҳ надодан ба ҳисси хусумату қасосгирӣ, ки оқибати ҷанги бародаркуш аст, омода созанд.

Дуввум, ҷавонон бояд назокати давлатдорӣ ва худидоракуниро омӯзанд, ислоҳоти куллии иқтисодиро бо дили гарму нерӯи ҷавонӣ дар амал ҷорӣ кунанд.

Сеюм, дар ҷавонон эҳсоси поквиҷдонӣ, вазифашиносӣ ва фидокорӣ ба нафъи халқу Ватан тарбия карда шавад.

Чорум, муносибат ба хизмати ҷавонон дар сохторҳои низомӣ ба куллӣ тағйир дода шавад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бояд барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактабҳои обутоби онҳо гардад. Панҷум, ба вазоратҳои адлия, маориф, фарҳанг ва иттилоот, созмонҳои ҷавонон ва дигар мақомотҳои давлатӣ супорида шуд, ки барномаи муфассали маърифати ҳуқуқии ҷавононро тартиб дода, дар мактабҳо, донишкадаҳо, қисмҳои ҳарбӣ, маҳалли зисти ҷавонон таблиғоти ҳуқуқиро вусъат диҳанд.

Шашум, ба вазоратҳои тандурустӣ, фарҳангу иттилоот, маориф ва Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии модару кӯдак супориш дода шуд, ки барномаи муфассали танзими оиларо таҳия дода, ташвиқоти ҳамаҷонибаи онро ба роҳ монанд. Ҳафтум, бо мақсади ба таври фарогир амалӣ сохтани сиёсати давлатии ҷавонон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки барои дастгирии моддию маънавии ҷавонон, таҳкими ваҳдат дар байни онҳо, тарбияи насли наврас дар заминаи арзишҳои неки аҷдодӣ ва муосир саҳми арзанда мегузорад.

Ҳамин тариқ, мулоқотҳои мазкур, ки дар арафаи имзои Созишномаи сулҳ ба вуқӯъ пайвастанд, аз марҳилаи нави ваҳдати миллӣ дарак доданд, баёнгари руҳияи созандаи мардуми кишвар гардиданд. Дар раванди гуфтушуниди байни тоҷикон ду мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари мухолифини тоҷик нақши ҳалкунанда бозид, ки аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояити миллӣ дар таърихи кишвар марҳилаи сифатан навро оғоз бахшид.

Бахшида ба ин санаи сарнавиштсоз 27 июни соли 1997 Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Бигзор сулҳу ваҳдати миллӣ поборҷо ва ҷовидонӣ бошад!» интишор ёфт. Дар Муроҷиатнома имзои Созишнома ҳамчун таҷассумгари як давраи томи таърихӣ тавсиф мегардад. Президенти кишвар ҷомеаро ҳушдор месозанд, ки танҳо дар ҳолати иҷрои нуктаҳои зерин Созишнома ваҳдати ҷовидонаи миллатро таъмин менамояд.

Якум, ҳар кас бояд дарк намояд, ки вазифаю масъулияти ӯ дар назди ҷамъият ва наслҳои оянда баробар буда, мақому манзалати якхела дорад. Сабақи талхи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ собит намуд, ки ягон ғоя, ягон андешаи ғаразнок ғайр аз нокомӣ ва сарсонию бадбахтӣ чизеро ба бор оварда наметавонад.

Дуюм, Президенти мамлакат даъват карданд, ки «мо минбаъд ба ҷойи душманҷӯйӣ бояд дар суроғи дӯстон бошем». Кафолату омили чунин руҳия меҳнати софдилона ва муносибати самимӣ бо касбу кори худ аст Сеюм, Президенти кишвар принсипи дурнамои рушди Тоҷикистонро тарҳрезӣ намуда, қайд мекунанд: «Халқи мо роҳи худии пешрафт, модели тоҷикии тараққиётро пеш гирифтааст».

Чорум, Сарвари давлат шаҳравандонро ба иҷрои рисолати таърихии худ дар назди ворисон даъват менамоянд.

Равшанфикрони кишвар барои нигоҳ доштани арзишҳои фарҳангии худ, донистани таърих ва сабақ гирифтан аз фоҷиаҳои таърихӣ, пок нигоҳ доштани забони адабӣ ва оину анъанаҳои миллат ҳидоят карда мешаванд. «Маҳз дар заминаи пешрафти фарҳанг ва забон рӯҳияи маҳалгароӣ аз байн рафта, кӯшишҳои аз якдигар дурӣ ҷустан ба талошҳои муттаҳидии миллат мубаддал гардида метавонад» – таъкид мекунанд.

Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меафзоянд, ки агар ваҳдату дӯстӣ дар ниҳоду сиришти ҳар инсон ҷойгир шавад, сурату сират ҳамеша падидору дурахшон хоҳад буд: «Мо бояд ба якдигар бовар кунем, дар симои якдигар дӯст, бародар, ҳамватан ва ҳамтақдирро бинем».

Файзуллозода Э.Ф., Саидов С.С., устодони факултети химияи ДМТ