ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РОҲНАМО ВА ИФТИХОРИ МИЛАТ

272

16- НОЯБР – РУЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ПЕШВОМ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ

Мувофиқи моддаи 67 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки Президент пеш аз шурӯи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Мақсад аз рузи ид муайян кардани рузи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфт.

Дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷаставу номбардоре вомехӯранд, ки онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳасос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обруву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд. Чунин шахсиятҳои барҷаста Ҷорҷ Вашингтон Президенти Амрикои демократӣ, ки то имрӯз мардуми Амрико ба эҳтироми ӯ зодрӯзашро ҳамчун рӯзи Президент ҷашн мегиранд, ё худ сарвари мамлакати Хитой Мао Сзе Дун, Туркия Мустафо Камол дар пешрафти кишварҳои худ саҳми арзишманд доранд.

Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд. Мардуми шарафманди тоҷик Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҷашни фархунда, чун рамзи садоқат ба Президент – садоқат ба Ватан таҷлил менамоянд. Воқеан, хизматҳои шахсияти беназир Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати миллии тоҷик, барқарории ҳокимияти сиёсии давлатӣ ва истиқлолият, пешгирии хатари нобудшавии миллат, хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ ва барқароркунандаи сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият хеле бузург аст. Мо бояд дар роҳи таҳкими ниҳоди президентӣ гомҳои фароху фаротар гузошта, аз гузаштаи худ ифтихор ва дар роҳи эҳёи он, рушду инкишофи Ватани азизамон кӯшишу талошҳо намоем.

Таърих гувоҳ аст, ки дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ бо эълон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар бесарусомониҳои шадид ба амал омад. Бе сарварии миллӣ, рӯҳафтодагӣ, нобоварӣ ба фардо, гурезагӣ, дуздиву ғоратгарӣ, кашмакашиву хунрезӣ, гуруснагиву ноумедӣ, хазинаи холии давлат, харобиҳои иқтисодӣ ва ғайраҳо фарогири ҷомеаи мо гардида буд. Дар чунин вазъияти ниҳоят ҳассос ба хотири Ватан ва Миллатро аз марг раҳоӣ кардан шахсияте ё як роҳбаре лозим буд, ки тамоми қувва ва нерӯи хешро барои таъмини сулҳи доимӣ ва ҳифзи Истиқлолияти миллӣ равона созад.

Нафаре, ки тавонад ҷумҳуриро аз парокандагӣ ва нобудшавӣ наҷот бахшад, кафили сулҳу амният ва ваҳдат бошад.

Дар ин кор саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати милл – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле воло аст. Бо назардошти иқдому ташаббусҳои созандаи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати сартосарӣ, оромиву субот, сарҷамъии миллат, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, қабули қонунҳои миллӣ, бо азму иродаи қавӣ ва устуворона иброз менамоем, ки ӯ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва поягузори низоми навини давлатдорӣ ва ҳуқуқии миллии Тоҷикистон мебошад.

Бо рӯзи Президент кулли мардуми кишвари азизам ва ҳамкасбони гиромиро самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки мову Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно менамоем.

Ҷурабеков У.М. – н.и.х., дотсенти кафедраи химияи ғайриорганикӣ, муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети химияи ДМТ,

Абдулҳаева М.И. – н.и.х., дотсенти кафедраи химияи ғайриорганикии факултети химияи ДМТ