ПЕШГИРИИ ҶАВОНОН АЗ ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ГУНОГУН

199

Имрӯз (13.11.2023) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистонбо иштироки намояндагони сохторҳоҳи дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистондар доираиНақшаи амалисозии “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021 тасдиқ гардидааст, бо иштироки устодону донишҷӯёнвохӯрӣдоир гардид.

Зимнан намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ доир ба тарғибу ташвиқи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расидан ба сулҳу субот, оромии ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик суҳбат намуданд.

Зикр шуд, ки мо бояд баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои террористӣ, иштироки онҳо дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷӣ, таҳсилоти ғайрирасмии динӣ дар хориҷи кишвар, ки яке аз сарчашмаҳои асосии шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилоти террористию экстремистӣ мебошад, канораҷӯӣ намоем. Инчунин, ба маданияти истифодаи интернет таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, аз ҷавонон даъват ба амал оварда, ки дар мавриди пайваст шудан ба интернет бояд аз мутолиа, тамошо ва паҳн намудани мақола ва наворҳои аъзои фаъоли ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъгардида худдорӣ намоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар вохӯрӣ Ғуломзода Сафарбек – судяи Суди Олии Ҷумҳурии Точикистон, Одинаев Ҷаҳонгир – прокурори раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримзода Меҳрубон – намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умед Пудинаев – намояндаи Маркази тадқиқоти Стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хоҷамирзода Муслиҳиддин – намояндаи Кумитаи дин танзими анъана ва ҷашну мавросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хоҷамирзода Муслиҳиддин – намояндаи Кумитаи дин танзими анъана ва ҷашну мавросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муминзода Нозим– мудири шуъбаи ҳуқуқи донишгоҳ ва Акбарова Зулхумор – мушовир-ҳуқуқшиноси шуъбаи ҳуқуқи донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.