ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – РАМЗИ ЯГОНАГӢ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

29

Парчами давлатӣ рамзи ягонагӣ, худогоҳӣ ва соҳибистиқлолии ҳар як давлату миллат ба ҳисоб меравад. Аҳамияти Парчамро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин шарҳ додаанд: “Парчами миллӣ, ки ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангсолори мо мебошад, ормону орзу ва мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос кардааст”.

Тоҷикистони навин бо бадаст овардани соҳибистиқлолӣ дар соли 1991 ба гирдоби ҷанги таҳмилӣ гирифтор шуд, ки илму маорифи мардуми шарафманди тоҷикро солҳо ба қафо бурд ва дар баробари ин хисороти гуногуни ҷониву молиро низ дар пай овард.

Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи 16-уми ноябри соли 1992 баргузор гардид ва дар он интихоб гардидани фарзона фарзанди ин миллати тамаддунофар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин миллат умри дубора бахшид. Маҳз дар ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз санадҳои гуногуни меъёрии ҳуқуқӣ ва муқаддасоти миллиамон қабулу тасдиқ гардиданд, ки рӯзи 24 ноябри он ба қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд.

Мардуми шарафманди тоҷик дар қарнҳои таърих давлатдору парчамдор буда, ҳамчун миллати тамаддунофар ба ҳисоб меравад. Дар Шоҳномаи бузурги ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ Парчам ҳамчун Дирафши Ковиёнӣ дарҷ гардидааст, ки бозгӯи парчамдор будани миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Инчунин дар китоби муқаддаси Авасто низ дар нахустин фаргарди Вандидод вожаи Дирафш ёд гардидааст.

11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки дар он шаклу андоза ва намуди зоҳирии он пурра дарҷ гардидааст. Дар байни рангҳои сурх ва сабзи парчам тоҷ ва ситораҳои ҳафтгона акс ёфтааст, ки аз тоҷдору фарҳангсолор будани ин миллат гувоҳӣ медиҳад. Рангҳои дар Парчам аксёфта низ аз қадима будани ин миллат гувоҳ аст, чун тоҷикон монанди дигар мардуми ориёнажод ва эронитабор аз замони бостон то кунун бо рангҳои сурху сафеду сабз парчамҳои худро оро додаанд. Ранги сурх вижаи рамзиён, ранги сафед вижаи рӯҳониён ва ранги сабз вижаи мардум, яъне кишоварзону чорводорон будааст.

Ҳамин аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рангҳои парчами миллиро “ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ” донистаанд. Айни ҳол низ ин рангҳо маъноҳои аслии худро гум накардаанд. Ҳамин тариқ Парчам аз даврони бостон то кунун мардуми тоҷикро бо ҳам мепайвандад.

Ҳамчунин Парчам на як матоъи рангинест, балки рамзи худогоҳиву худшиносӣ, соҳибдавлативу комилҳуқуқӣ ва соҳибистиқлоливу ягонагӣ барои ҳар як миллату халқият ба шумор меравад. Парчам рамзи муттаҳидкунандаву ваҳдатофаранда ва сарҷамъкунандаи ҳар як давлату миллат ба ҳисоб меравад. Ҳар як миллатро бо Парчами худ мешиносанду эътироф менамоянд.

Самадзода А.С., н.и.х., дотсент, устоди ДМТ