ПАРЧАМ – РАМЗИ ПОЙДОРИИ МИЛЛАТ

118

“ Бигзор парчами пурҷило ва нурафшони Истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон ин Ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои озодии кишварамон парафшонӣ намояд. Парафшонии Парчам ин озодиву саодати давлати соҳибистиқлоли мо ҷовидон бошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Замоне кишвари моро оташи ҷанги бародаркӯш фаро гирифта, хавфи аз байн рафтани давлати тоҷикони ҷаҳон – Тоҷикистони азиз пеш омад. Маҳз дар ҳамин давраи ҳассос қисмати халқи мо ба дасти фарзанди барӯманду содиқаш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супурда шуд ва ӯ давлату миллати моро сарбаланду комёб сохт. Санаи 24-уми ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVl-уми Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи низомномаи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид.

Парчами давлатӣ ин аввалин нишони мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Парчами мо худ сари болои миллат гаштааст,

Қудрати озодагонро авҷи ҳиммат гаштааст.

Ин нишони фатҳи рамзи Ковиёну Рустам аст,

Раҳнамо бар шаҳраҳи авҷи саодат гаштааст.

Дар давраи соҳибистиқлоли меҳан ба шарафи варзишгарони кишвар зиёда аз 6000 маротиба парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ барафрохта шудааст, ки ин албатта боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2009 инҷониб 24-уми ноябр ҳамчун рӯзи парчам дар саросари кишвар таҷлил карда мешавад. Аз ин фурсати муносиб истифода бурда тамоми сокинони кишварро ба ин иди пуршукӯҳ табрику таҳният намуда, ба якояки Шумо саломативу сарбаландиро орзумандам. Бигзор Парчами Тоҷикистони азиз ҳамеша парафшон ва мардуми саодатманди он бо корнамоиҳои бузургаш ҷовидон бошанд.

Каримов Алишер ва Авзалзода Аҳмад