ПАРЧАМ – РАМЗИ ДАВЛАТУ ДАВЛАТДОРӢ

175

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлату давлатдорӣ ва нангу номуси миллӣ буда, ифодакунандаи рамзи ҳаёти осоишта, бахту иқболи сафед, сарсабзию хуррамӣ, умед ба ояндаи нек мебошад ва мақсаду ҳадафҳои созандаи миллати тамаддунофарро ифода менамояд. Оини парчамдорӣ дар мардуми куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мақоми шоиста дошта, ҷузъи муҳими фарҳанги давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, парчам ҳамчун рамз таърихи хеле бою рангин ва қадим дорад. Парчам бо мурури замону гузашти айём ҳамчун яке аз рамзҳои асосии давлату миллат мавқеи худро устувор кард, мазмуну моҳияти муҳим касб намуд ва ба рамзи фирӯзию давлатдорӣ табдил ёфт. Дар замони муосир мавҷудияти ягон давлатро бе парчам тасаввур наметавон кард, зеро ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчам муаррифӣ мегардад.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз 24 ноябри соли 1992 пазируфта шуда, дар асоси Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 бо Қарори № 892-и Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.

Соли 2009 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардид ва он ҳамасола бо шукуҳу тантана таҷлил карда мешавад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми телевизионӣ ба муносибати Рӯзи Парчам аз 23 ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» номидаанд.

Рамзҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифшогари таърихи миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва орзуву ормонҳои мардуми мо мебошад. Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ баҳри озодиву истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу, ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият буда, тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Муҳаббату эҳтиром ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қалби ҳар як фарди бонангу номус, ватандору ватанпарвари миллат ҷойгузин буда, ӯ ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ менамояд.

Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ чун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикистониён бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки бо шарофат ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2011 ба муносибати 20-солагии Истиқлоли давлатӣ дар канори Қасри миллат Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қад афрохтааст, ки баландии сутуни он 165 метр, дарозии матоъ 60 метр ва бараш 30 метрро ташкил медиҳад. Шаҳомату бузургии парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки он ҳамчун парчами баландтарин дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф шуда, ба китоби рекордҳои Гиннес дар ҷаҳон ворид гардад. Майдоне, ки дар он Парчам ҷойгир аст, «Боғи Парчами миллӣ» номгузорӣ шудааст.

Арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ маънои арҷгузорӣ ба давлат ва ифтихор аз гузаштаву имрӯзу фардои халқи азизи худ ба шумор меравад. Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: «Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлату миллат бо рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ ва Пули миллӣ шинохта мешавад, яъне ин нишонаҳо муаррифкунандаи кишвари соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошанд».

Парчами давлатӣ нишонаи бақои давлат ва ҳастии давлати соҳибистиқлол, муттаҳидию якдилӣ, ваҳдату ягонагӣ ва иттиҳоду сарҷамъии мардум буда, олитарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ифтихор аз давлату давлатдорӣ, худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик ба шумор меравад.

Бигузор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-чун рамзи давлату давлатдорӣ, ифтихору сарбаландӣ, нангу номуси миллат дар фазои беғубору осоиштаи кишвар ҳамешаю абадӣ партавафшон ва сароғозу илҳомбахши раванди созандагиҳову ободкориҳои Ватани азизу маҳбубамон -Тоҷикистон бошад.

Давлатшоева Ҷ.А., Қудратова Л.Ҳ., устодони кафедраи химияи физикӣ ва коллоидии факултети химияи ДМТ