ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ВУСЪАТБАХШИ РАВАНДҲОИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР МАМЛАКАТ

14

Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки бори нахуст дар бинои наву боҳашамати Парламенти кишвар пешниҳод гардид, яке аз рӯйдодҳои муҳим дар ҳаёти ҷомеаи мамлакат маҳсуб меёбад. Паёми солона инъикоси принсипи демократии идораи кишвар ва яке аз рукнҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд маҳсуб гашта, дар заминаи он Президенти ҷумҳурӣ ба ҳар як интихобкунанда аз фаъолияти тамоми сохторҳои давлату ҳукумат, дастовардҳо ва иҷроиши нақшаҳои муайяншуда ҳисобот дода, барои рушди минбаъдаи кишвар дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ вазифаву нақшаҳои нав мегузорад.

Дар маҷмуъ, Паём дастурамали зиндагии шаҳрвандон, барномаи мукаммали кории тамоми сохторҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва роҳнамои мардум ба сӯйи ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, дар оғози он аз ҷониби Пешвои миллат чунин мақсади воло муайян гардидааст: «Таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад ва мо тамоми захираву имкониятҳоямонро барои расидан ба ин ҳадаф сафарбар сохтаем».

Ҳанӯз, 28-уми августи соли 1995 дар машварати ҷумҳуриявии фаъолони маорифи мамлакат, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: «Бо соҳибистиқлол гардидани кишвари тоҷикон ва ба миён омадани ниёзи ҷиддӣ барои дарёфти роҳу мароми мустақили ҷумҳуриамон ба сӯи ояндаи мутамаддин вақташ расидааст, ки мо низоми таълиму тарбия ва мактабу маорифамонро дар заминаи ҳамон сарвати бебаҳои маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва равонии халқамон ва педагогикаи миллӣ бо назардошти имконоту тақозои замони муосир ва арзишҳои умумибашарӣ ба роҳ монем. Албатта, фаҳмост, ки барои расидан ба сатҳи ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама, бояд заминаҳои моддию техникии таълимӣ, аз қабили компютерҳо, асбобҳои ҳозиразамони аёнӣ, воситаҳои техникӣ ва таҷрибавӣ дошта бошем. Вале ман бовар дорам, ки баробари рӯ ба беҳбудӣ овардани вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ ин масъалаҳо тадриҷан ҳалли худро меёбанд».

Вобаста ба ин дастур ва раҳнамоӣ, инчунин, дастгирию ғамхорӣ ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла илму маориф, ба пешравию беҳбудӣ ноил гардид. Ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тавсеаи ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон тамоми шароитҳо давра ба давра муҳайё гардиданд.

Дар ҳақиқат илм собит кардааст, ки омӯзиши фанҳои дақиқ ба рӯҳияи хонандагон таъсиргузор буда, зеҳни шахсро такмил дода, барои рафъи изтироб, баланд бардоштани қобилияти дақиқкорӣ ва пешгирии парешонфикрию афсурдаҳолӣ мусоидат менамояд. Пайваста машғул шудан ба илмҳои дақиқу риёзӣ худбоварии шахсро зиёд менамояд, зеро ҳалли масоили мураккаби риёзӣ қатъият ва талоши зиёдро хостгор мебошад.

Омӯзиши илми риёзӣ ва фанҳои дақиқ ба насли наврас маҳорати аз рӯи мантиқ ва қонунҳои физикӣ амал карданро меомӯзонад ва барои ташаккули ҷаҳонбинии озоду мустақили онҳо мусоидат намуда, ҳисси масъулиятшиносии шахсро боло мебарад.

Ин аст, ки Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли 2019 ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 – ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карданд.

Ташаббуси дигари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» бозгӯи сиёсати дурбинона ва эътимодноки роҳбарияти давлат буда, иқтисодиёти миллиро тақвият мебахшад ва ба пешрафти тамоми бахшҳои ҷомеа мусоидат мекунад.

Инноватсия бошад, қувваи асосии пешрафти илмӣ-техникӣ буда, барои рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар нақши калидӣ мебозад. Пешвои миллат дар Паёми худ махсус қайд намуданд, ки истифодаи зеҳни сунъӣ, рушди савдои электронӣ ва ташаккули соҳибкории рақамӣ барои баланд бардоштани иқтисоди миллӣ муҳим мебошанд.

Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат иқдомоти муҳимро барои рушди инфрасохтори инноватсионӣ роҳандозӣ намудааст. Пешниҳоди таъсиси Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар шаҳри Кӯлоб, ташкили факултетҳои махсус дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва фароҳамсозии шароити мусоид барои тарбияи мутахассисони соҳаи барномасозӣ ва технологияҳои иттилоотӣ намунаи равшани ин иқдомот мебошанд.

Татбиқи ин ҳадафҳо талаб мекунад, ки тамоми бахшҳои ҷомеа, аз ҷумла донишгоҳҳо, марказҳои илмӣ ва соҳибкорон, бо ҳамбастагии зич фаъолият кунанд. Паркҳои технологӣ дар ин раванд метавонанд ҳамчун заминаи мусоид барои тарбияи кадрҳои баландихтисос, рушди стартапҳо ва татбиқи ғояҳои (идеяҳои) нав амал кунанд.

Инчунин, барои рушди инноватсия, ҷорӣ намудани имтиёзҳои махсус барои стартапҳо, фароҳамсозии маблағгузории давлатии лоиҳаҳои афзалиятнок ва ҷалби сармоягузорон аз хориҷи кишвар аҳамияти хоса дорад. Дар ин замина, ташаббуси Пешвои миллат оид ба эълон намудани «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» метавонад ба рушди босуръати иқтисоди рақамӣ мусоидат намояд.

Барои расидан ба ҳадафҳои дар пешистода, муҳим аст, ки ҳамаи қишрҳои ҷомеа, бахусус ҷавонон, бо дарки аҳамияти инноватсия ва иқтисоди рақамӣ, саҳми худро дар рушди кишвар гузоранд.

Бинобар ин, устодону омӯзгорон, олимону донишмандон ва дар маҷмӯъ, тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф уҳдадоранд, ки бо донишҳои муосири илмиву техникӣ дастуру роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар заминаи илмӣ якҷоя бо падару модарон ва аҳли ҷомеа дар амал татбиқ намоянд.

Паёмат сарнавишти роҳи фардост,

Паёмат номуси имрӯзу фардост.

Ба қалби мо бувад ҷои паёмат,

Ҳама бахту саодат ҳамраҳи мост.

Раҷабов Ш.Х., номзади илмҳои техникӣ, дотсент, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии факултети химияи ДМТ