ПАЁМ – ТАҲКИМБАХШИ РАВАНДИ ҶОМЕА

14

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари аҳмияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ доштанаш, инчунин, аҳмияти махсуси ахлоқиву тарбиявӣ дорад. Паём ҳамчун санади муҳим дар рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии мамлакат, инчунин, таъмини амнияти давлат, волоияти қонун ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ ҷойи махсусро ишғол менамояд. Суханону андешаҳои пурмуҳтаво ва пандомези Сарвари давлат зимни ироаи Паёмашон дар бораи адлу тадбир, таълиму тарбия, илму маориф, ватандӯстиву ватанпарварӣ, саховату эҳсон, адолати иҷтимоӣ, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ӯ ва амсоли онҳо боиси баланд гардидани масъулят ва ҳисси милливу ватандӯстӣ маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аҳолии мамлакат, бахусус ҷавонон мебошад. Солҳои охир вазъи сиёсии ҷаҳон тағир ёфта, хавфҳои нави умумибашарӣ ба миён омадаанд.

Яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат бахшидан ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ мебошад. Ин аст, ки раванди таҳким додани маънавиёти ҷомеаи муосир ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ва андешаҳои судманд дар баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқиитамоми қишрҳои ҷомеа маҳсуб мешавад.

Чуноне, ки Сарвари давлат дар Паёми худ зикр намуданд, ки: мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон. Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст. Соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд.

Барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд. Корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шуданд, ба таъмин гардидани нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободии шаҳру деҳоти мамлакат мусоидат намуданд.

Дар доираи нақшаи зикргардида дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд, қайд карда шуд дар Паём.

Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки: дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд. Дар ин муддат, яъне дар панҷ соли охир сатҳи таваррум ё баландшавии нархҳои истеъмолӣ ҳамагӣ 29 фоизро ташкил кард. Яъне дар ин давра маош, нафақа ва стипендияҳо нисбат ба сатҳи таваррум бамаротиб зиёд гардиданд, ки бевосита ба коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардуми кишвар мусоидат намуданд.

Дар охир метавон гуфт, ки Паём барои хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ аҳамияти хосса дошта, барои тақвият додани маънавиёти ҷомеа саҳми босазо мегузорад.

Ҳасанов Убайдулло Асрорович, мушовири академӣ дар шуъбаи ғоибона ва шакли таҳсилоти фосилавии факултети химияи ДМТ