Инак аз рӯзи 21.10.2024, даври чорум (ҷумҳурияви)-и озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат», ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор карда мешавад, дар шаҳри Душанбе расман оғоз мешавад.
Озмуни мазкур бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ (бакалаврон ва магистрон), ходимони илмӣ (ба истиснои докторони илм, профессорон, узви АМИТ ва академияҳои соҳавӣ), аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, муҳандисон, конструкторон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун соли дуюм аст, ки баргузор гардада истодааст.
Озмуни мазкур аз рӯйи ҳафт номинатсия гузаронида мешавад:
– математика (арифметика, алгебра, геометрия);
– физика ва астрономия;
– химия;
– биология (ботаника, зоология, анатомия);
– география;
– технологияи иттилоотӣ;
– ихтироъкорӣ ва навоварӣ.
Чи тавре аз таҷрибаи андухтаи кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон бар меояд, кишваре ки таваҷҷуҳи асосиро ба самти илму маориф равона кардааст, дар натиҷа аз мушкилиҳои мавҷудбудаи давлату ҷомеа, аз қабили бунёди корхонаҳои саноатӣ, муҳайё намудани ҷойҳои корӣ ба шаҳрвандон, баланд бардоштани сатҳи иқтисоди кишвар ва ғайра то андозае раҳоӣ ёфтааст. Инро метавон далели раднопазири маҳаки асосии ин кишварҳо номид, зеро илму маърифат ин маҷмўи донишҳоест, ки ба самт ё соҳае равона карда мешавад ва албата, ки натоиҷи он самараи хубе ба бор меоварад.
Ҳамаи инро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк намуда, солҳои 2020–2040–ро Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон намуданд.
Қадами минбаъда ва муҳарики асосии бистсолаи мазкур ин ба ҷараён ворид намудани озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурўғи маърифат» буд, ки дар ин радиф Пешвои миллатамон чунин гуфта буданд: «…зарур мешуморам, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омўзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳақиқон ва устодону омўзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм–фурўғи маърифат» гузаронида шавад».
Инак, соли чорум аст, ки озмуни мазкур бо маром идома ёфта истодааст ва бо мақсади боз ҳам ҷоннок гардиданаш Низомномаи он бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 маротиба аз нав таҷдиди назар карда шуда, тасдиқ гардида истодааст.
Мақсади асосии озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурўғи маърифат» ин пеш аз ҳама ҷалби ҷавонон ва аҳли зиёву табақаҳои гуногуни ҷомеа ба илмҳои бунёдӣ ба монанди химия, биология, физика, математика, информатика, география ва ихтирокориву навоварӣ мебошад. Ба ин васила метавон нигоҳи аҳли ҷомеаро ба ин самт, самти илму маърифат равона кард, ки дар натиҷа сатҳу сифат ва касбияти мутахассисон баланд шуда, илму маорифи кишвар устуворона рушд намуда, заминаи мустаҳкам бо донишҳои қавӣ поянда мегардад.
Дар раванди ҷаҳонишавӣ бо амиқ гардидани донишҳо дар шохаҳои гуногуни илм ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ташаккул меёбад. Ҷомеа бахусус ҷавонон аз ниёгони худ ба монанди Ҷобир Ибни Ҳайён, Муҳаммад Закариёӣ Розӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ Ибни Сино ва амсоли инҳо, ки аввалин кашшофи баъзе масоили муҳими илмҳои дақиқу табиӣ ва риёзӣ, то зуҳури илм дар ғарб буданд, умқан огаҳӣ пайдо мекунанд. Ғайр аз ин, баробарарзишӣ дар системаи маориф дар сатҳи байналмилал ба вуҷуд меояд.
Бо вуҷуди ин, озмуни мазкур вобаста ба номитатсияҳои гуногун миқдори муайяни мукофотро дорост, ки ҳар як иштирокчиро бевосита ба худ ҷалб менамояд. Агар ба шакли ақал гуем ҳам, дар иштирокчиён таҳаввули тафаккур ба самти мусбат ба илмҳои бунёдӣ равона мегардад. Бинобар ин, ташкил ва баргузории озмуни мазкур дар рушд ва инкишофи ҷаҳонбинии илмӣ ва техникии ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон як падидаи хеле нодир мебошад.
Чи тавре, ки дар боло зикр гардид дар озмун табақаҳои гуногуни ҷомеа ширкат варзида метавонанд. Маҳз иштирокчиён ё ҷоизадорони озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурўғи маърифат» бо донишу идеяҳои мукаммалнамудаи худ баҳри рушди ҷумҳурии соҳибистиқлоламон метавонанд корхонаҳои нави саноатӣ, ки муҳаррики асосиашон мутахассисони баландихтисос аст, бунёд намоянд. Бунёди корхонаҳои саноатӣ сабабгори аслии фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисоди миллӣ мегардад.
Албатта, наметавон гуфт, ки ин ҳама дар ду ё се сол амалӣ хоҳад гашт, вале мутмаинона метавон гуфт, ки ҳар як иштирокчӣ, аз ҷумла ғолиби озмун ҳиссаи худро дар ин раванд мегузорад ва ин ҳиссаҳо тадриҷан дар маҷмуъ хеле бузург хоҳад шуд.
Аз ин рў, аз натиҷаҳои сесолаи баргузории озмун бар меояд, ки тамоюли ҷойдошта далоил ба сўӣ ояндаи дурахшон аст.
Тибқи қарори Комиссияи ҷумҳуриявии озмуни мазкур баргузории номинатсияи химия рӯзҳои 21-26 октябри соли 2024, аз соати 09:00 то 17:00 дар факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Файзуллозода Э.Ф., н.и.х., дотсент, декани факултети химияи ДМТ