ОМИЛҲОИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

25

Тағйирёбии иқлим сол ба сол ба яке аз масъалаи глобалии замони муосир табдил ёфта, он сабаби дар тамоми гӯшаю канори ҷаҳон ба амал омадани офатҳои табиӣ, аз қабили босуръат обшавии пиряхҳо, обхезиҳои бесобиқа, тӯфону гирдбодҳои ҳалокатбор, фаромадани селу ярч, хушксолӣ бинобар боришоти кам ва дигар зуҳуроти фалокатбори гидрометеорологӣ гардида, ба захираҳои обию гидроэнергетикӣ, солимии ҷомеа ва амнияти озуқавории давлатҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Шароити иқлими обу ҳавои Ҷумҳурии Тоҷикистонро кӯҳҳо муайян мекунанд. Дар фасли зимистон ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳӣ метавонад то –60 °С паст шавад ва тобистон дар водиҳо аз +40 °С баланд бошад. Зиёда аз нисфи қаламрави кишвар дар баландии зиёда аз 3 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, баландии баъзе қуллаҳо аз 7 ҳазор метр зиёд аст. Пиряхҳо тақрибан 6 фоизи масоҳати кишварро ташкил медиҳанд, ки ин аз масоҳати ҷангалзорон ду маротиба зиёд аст. Пиряхҳо ва захираҳои барфӣ Амударёро бо об таъмин мекунанд.

Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ кишвари аз ҳама шаҳрнишинтарин мебошад. Аҳолии босуръат афзояндаи он соҳаи кишоварзии анъанавиро дар майдонҳои обёришаванда барои истеҳсоли маҳсулоти хӯрока ва пахта нигоҳ медорад. Нобудшавии ҷангалзорҳо, эрозияи хок ва чаронидани зиёди чарогоҳҳо хавфи таъсири тағйирёбии иқлимро зиёд мекунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба офатҳои табиӣ осебпазир буда, аз ҷумлаи кишварҳое мебошад, ки тағйирёбии иқлим барои он махсусан харобиовар аст. Аз ҷумлаи оқибатҳои аллакай мушоҳидашуда ва эҳтимолии тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон вайроншавии реҷаи боришот, баландшавии ҳарорати ҳаво, коҳишёбии масоҳати пиряхҳо ва ҳодисаҳои хатарноки обу ҳаво мебошанд.

Тағйирёбии иқлим яке аз таҳдидҳои глобалии асри 21 ба шумор меравад. Сабабҳои асосии тағйирёбии иқлим ин афзоиши партовҳои газҳои гулхонаӣ аз фаъолиятҳои инсонӣ, аз ҷумла, истихроҷи сӯзишвории фоиданок, саноат, кишоварзӣ ва нобудкунии ҷангалҳо маънидод мегардад.

Тоҷикистон дар навбати худ бо пешоҳангӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар самти пешгирии раванди тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба андешидани тадбирҳои таъхирнопазир чалб менмояд. Афзоиши партовҳои газҳои гулхонаӣ, аз ҷумла, дуоксиди карбон (CO2), метан (CH4) ва оксиди нитроген (N2O) асоси тағйирёбии иқлим баҳогузорӣ мегардад.

Чунин газҳо тавассути сӯзонидани сӯзишвории фоиданок, фаъолияти саноатӣ ва кишоварзӣ, инчунин, буридани ҷангалҳо ва тағйир додани истифодаи заминҳо тавлид мешаванд.

Бо шарофати энергетикаи обӣ партовҳои газҳои гулхонавии Тоҷикистон ҳам дар маҷмӯъ ва ҳам ба ҳар сари аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ ва дар ҷаҳон яке аз нишондиҳандаҳои пасттарин мебошд. Бо вуҷуди рушди иқтисодиёт ва афзоиши аҳолӣ Тоҷикистон ӯҳдадор шудааст, ки аз сатҳи партовҳои соли 1990 боло наравад. Ин аст, ки дигаргуниҳои табиӣ, хушксолӣ, лапишҳои иқтисодӣ ва болоравии арзиши маводи озуқа дар замони навин дар аксар кишварҳои ҷаҳон чун мушкилоти ҷиддӣ пазируфта шуда, камбуди ғизо ва оқибатҳои ногувори он андешидани тадбирҳои бетаъхирро тақозо мекунад. Барои ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим Тоҷикистон азми ҳалли мақсадноки масъалаҳои устувории тағйирёбии иқлимро бо банақшагирӣ ва таҷҳизонидани инфрасохтори асосӣ ба роҳ монда, инчунин чораҳои амалии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро меандешад.

Мутобиқшавӣ дар соҳаи кишоварзӣ истифодаи гармхонаҳо барои парвариши зироатҳои гуногун ва шинонидани навъҳои ба сармо ва хушкӣ тобовари дарахтони мевадиҳанда барои муҳофизати онҳо аз обу ҳавои ноустувор, инчунин бунёди паноҳгоҳҳо аз гармӣ ва сармо барои чорворо дар бар мегирад.

Рӯ ба рӯшавӣ ба таҳдидҳои глобалӣ чун тағйирёбии иқлим бобати коҳиш додани ин раванд амалҳои мушаххасро баҳри кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ, гузаштан ба манбаъҳои тоза ва барқароршавандаи энергия ё “энергияи сабз” пеш овардааст.

Ҳадафи наву натиҷабахш, яъне, гузаштан ба энергияи сабз иқдоми зарурӣ барои ояндаи устувори экологӣ ва иқтисодӣ мебошад. Бо истифодаи манбаъҳои тоза ва барқароршавандаи энергия, коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ таъмин гардида, ҳифзи муҳити зист беҳтар ва бехатарии энергетикӣ таҳким меёбад. Ҳушдор ва таклифи пешбурди амалҳо баҳри коҳиш додани таъсири манфии дигаргуниҳои табиӣ аз ҷониби Тоҷикистон, аз ҷумла, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳон муаррифӣ шуда, раванди татбиқи нақшаҳо ҳамгироии муштаракро тақозо мекунад.

Бо такя ба ҳадафҳои рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай консепсияҳои амал дар тамоми самтҳо рӯйи кор гирифта шуда, самар меоранд. Дар шароити то рафт мураккаб гардидани вазъи иқтисодӣ дар ҷаҳон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ояндабинӣ пайваста андешидани тадбирҳои муассир чун истифодаи мақсадноки захираҳои табиӣ, манбаъҳои обӣ, рӯй овардан ба самаранокии истифодаи заминро дар кишвар ҳидоят менамоянд, ки натиҷа ба бор меорад.

Сафаров С.И., Қурбонова Ф.Ш., устодони факултети химияи ДМТ