![](https://chemical.tnu.tj/wp-content/uploads/2025/02/475841447_1048763097267330_8230906623029682451_n-1-1024x768.jpg)
Санаи 31 январи соли 2025 дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани ҷоизаҳои иштирокчиёни сеюмин Озмуни байналмилалии «Кашфи олами моликияти зеҳнӣ», ки дар Ҷумҳурии Беларусия баргузор гардид, сурат гирифт.
Қайд карда шуд, ки дар чорабинии байналмилалии мазкур, ки аз моҳи сентябр то декабри соли 2024 идома ёфта буд, дар он зиёда аз 900 нафар иштирокчиён аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Белорус, Қазоқистон, Федератсияи Русия ва дигар кишварҳои аъзои Ташкилоти патентии Авруосиёӣ ширкат варзиданд.
Бо роҳнамоии Идораи патентии Тоҷикистон зиёда аз 60 нафар ҷавонони кишвар дар озмуни номбурда иштирок намуданд, ки 4 нафар сазовори ҷойҳои намоён гардида, бо ҷоизаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд, аз ҷумла:
1. Ҷойи аввал – Назаров Аҳмадҷон Тоҳирович, донишҷӯи курси дуюми факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
2. Ҷойи дуюм – Иргашева Лола Илҳомовна, хонандаи Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқат»;
3. Ҷойи сеюм – Бадалзода Зарнигори Маҳмуд, хонандаи Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқат»;
4. Беҳтарин мураббии эътирофшудаи миллӣ – Бердникова Албина Павловна, омӯзгори Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқат».
Ба иштирокчиёне, ки сазовори ҷойҳои намоён гардида буданд, аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд, ки онҳоро дар вазъияти тантанавӣ директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Исмоилзода тақдим намуд.
Ёдрас мешавем, ки Назаров Аҳмад Тоҳирович – донишҷӯи курси дуюми ихтисоси 31050101-химия (фаъолияти илмию истеҳсолӣ) бо роҳбари номзади илмҳои химия, дотсенти кафедраи химияи татбиқии факултети химияи ДМТ Ёрмамадова С.Г. пажуҳиш анҷом медиҳад.
Дастоварди илмӣ муборак!
![](https://chemical.tnu.tj/wp-content/uploads/2025/02/475733919_1047938307349809_5149507660629959506_n-1024x682.jpg)