НАВРӮЗ ВА МАРҲАЛАҲОИ ТАШАККУЛИ ОН

150

Рӯзи наврӯз асту оламҳо гулистон мешавад,

Садҳазорон ғунчаи лаббаста хандон мешавад.

Тӯтиёну андалебон дар қафасҳо мондаанд.

Кӯдакон чун ғунчаҳои боғ хандон мешаванд.

Тоҷикон бо адабиёту фарҳанги бостониву ғановатманди хеш дар саросари ҷаҳон шуҳратёранд. Бисёр анъанаҳои ин халқи тамаддунпарвар решаҳои амиқи таърихӣ доранд. Дар ин миён фархундазамини Наврӯз ҷойгоҳи ифтихориву вижаеро дорост. Ва он чун рӯзи оғози офариниш, рӯзи хилқати одам, рӯзи пирӯзии равшанӣ бар торикӣ, рӯзи анҷоми сармову вуруди гармо, рӯзи нишоту шодмонӣ, рӯзи паёмовариву шукуфоӣ, рӯзи бедории табиат, рӯзи раҳои аз мушкилот, рӯзи ворастагиву дилбастагӣ, рӯзи шустани кинаҳо аз синаҳост.

Бо ҳусну тароват, шукӯҳу шаҳомат ва неруву азамати хеш Наврӯз ҳазорсолаҳост, ки ҳамагонро мафтуну мамнун мекунад ва ҳар фарди дилогоҳ мекушад сухане аз сидқи дил дар ситоишу тавсифи ин айёми хуҷаста бигӯяд. Адабиёти пурғановати миллати тоҷик саршор аз ашъору гуфтори Наврӯзист, ки бо тасдиқи манобеи муътамад ситоиши Наврӯз аз бостони табории осори хатти тоҷикон – «Авасто» ибтидо мегирад. Дар ин китоби муқаддас Наврӯз чун рӯзии пирӯзии нур бар зулумот, рӯзи тантанаи Ҳурмуздии фарухзод, мағулубияти аҳримани бадниҳод ва рӯзи оғози кишту кор, эҳёи табиат ва бахту барор тасвир ёфтааст.

Наврӯз яке аз идҳои қадима ва куҳани миллати тоҷик маҳсуб ёфта, он аз замони шоҳ Ҷамшед то ба ҳол ҷашн гирифта мешавад. Дар аҳди Ҳахоманишиниён ва Сосониён таҷлили Наврӯз ҳамчун оғози соли шамсӣ боз ҳам пуршукӯҳтару пурҷалол гашт.

Ривоятҳо дар хусуси пайдоиши ин ҷашни кӯҳан хеле зиёданд, вале бештари сарчашмаҳо пайдоиши Наврӯзро ба шоҳ Ҷамшед нисбат медиҳанд. Дар ин хусус китоби «Таърихи Балъамӣ» чунин маълумот медиҳад: «Ҷамшед, донишварон ва андешамандонро гирд овард ва аз эшон пурсид: – Чист, ки мулкро боқӣ ва поянда дорад? Гуфтанд: – Дод кардан ва дар миёни халқ некӣ кардан, пас Ҷамшед доду адл густариш дод ва донишмандонро бифармуд: – Ман ба додрасӣ биншаста, шумо назди ман биёед, то ҳарчи дар ӯ дод бошад, маро бинамоед, то ман он кунам. То нахустин рӯзе, ки Ҷамшед ба додрасӣ биншаст, Ҳурмудрӯз буд аз моҳи фарвардин, пас он рӯзро Наврӯз ном ниҳоданд».

Мавзуи мазкурро Ҳаким Фирдавсии Тусӣ дар «Шоҳномиа»-и безаволи худ чунин баён намудааст:

Ҷаҳон анҷуман гашт бар тахти уй.

Аз он баршуда фарраи бахти уй.

Ба Ҷамшед дар гавҳар андохтанд,

Марон рӯзро рӯзи нав хонданд.

Ба Наврӯзи нав шоҳи гети фурӯз,

Бар он тахт биншаст, фирӯз рӯз.

Чунин ҷашни фирӯз аз он рӯзгор,

Бимонда аз он хусравон ёдгорон.

Оину ҷашни наврӯзи дилафрӯз, реша ва таърихи беш аз шаш ҳазорсола дорад. Онро ҳанӯз се ҳазор сол муқаддам аз кеши Зардуштӣ ориёиён- тоҷикону тоҷикзабонон таҷлил мекарданд. Пайдоиши Наврӯз дар тасвири Умари Хайём чунин аст: «Сабаби ном ниҳодани Наврӯз аз он иборат аст, офтоб дар 365 шабонарӯз рубъе ба аввали дақиқа ба бурҷи Ҳамал ояд. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёф, наврӯз ном ниҳод ва ҷашн гирифта шуд». Ин андеша асоси астрономӣ дошта, рӯзи 21-уми март соати 4:21 дақиқа офтоб ба нуқтаи эътидол мерасад. Ҳамон рӯз ҳамон вақт офтоб ба бурҷи Ҳамал ворид мешавад, ки ин бурҷ ба аввали моҳи фарвардин баробар аст. Бинобар ин рӯзро Наврӯз гуфтанд:

Ибтидои Ҳамал зи Наврӯз аст,

Ёддораш, ки сиву як рӯз аст.

Донишмандони дигаре аз қабили Истахрӣ, Масъудӣ, Ҳамзаи исфаҳонӣ ва ибни Балхӣ ҳам асосгузори ҷашни Наврӯз Ҷамшедро медонанд. Ба гуфтаи соҳибсухане:

Ҷашни қадиму файзбор, ҷашни ниёкони манӣ,

Мерос аз Ҷамшед шоҳ, шамъи фурӯзони манӣ.

Пайғом аз фасли баҳор, айёми сурру кишту кор,

Пайки наву оғози кор, иди бузургони манӣ.

Наврӯз дар шебу фарози таърих дар даврони мадиди мавҷудияташ бо ангезаву омилҳои бешумори динӣ, идеологӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ғайраҳо бархурд кардааст. Бо оину фарҳанг ва суннатҳои халқу миллатҳои гуногун рақобат намудааст. Ва дар набардҳои ҷаҳонӣ дар тӯли ҳазорсолаҳо мазлуму маъюб гардида, вале мағлубиятро напазируфтааст. Замонҳое буданд, ки душманони фарҳангу суннатҳои миллии тоҷикон хостанд оташи ин оини ниёгони моро хомуш созанд, вале хушо, ки бадхоҳони мову ниёгони мо ба ин нияти нопокашон ноил нагаштанд- муҳаббату садоқати халқ ба ин ҷашни кӯҳан беандоза буд. Онҳо нагузоштанд, ки ин машъал хомуш шавад, баръакс, он фурӯзонтар шуд ва акнун:

То ба гардун сухани Наврӯз аст,

Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст.

Замони Сомониён дар тамоми кишвар Наврӯзро ҷашн мегирифтанд, ки Абубакр Муҳаммади Наршахӣ дар китоби хеш «Таърихи Бухоро» аз он ба таври зерин ёдоварӣ намудааст: «Чун бозори охирини сол бошад 20-рӯз бозор бистуякумин рӯз Наврӯз кунанд ва онро Наврӯзи кишоварзон гӯянд. Ва кишоварзони Бухоро аз он ҳисобро нигоҳ доранд ва ба он эътимод кунанд. Рӯзи аввали Наврӯз номи Наврӯзи кишоварзон ва рӯзи панҷуми он ба номи Наврӯзи муғон аз он давра маълум аст».

Ҷашни Наврӯз дар ҳақиқат як ҷузъи хотираи тобноки маънавии одамон мебошад, ки наслҳоро ба ҳам пайванд дода, робитаҳои дӯстӣ ва муносибатҳои ҳамкориро ба ҳам қавӣ мегардонад.

Хусусияти мардумӣ доштани ҷашни Наврӯзро яке аз шарқшиносони маъруф Артур Кристенсин, ки таърихи давраи сомониёнро таҳқиқ кардааст менависад, ки: «Дар рӯзи аввали Наврӯз дар он замони дерин низ, мардум субҳи барвақт бархеста, ба канори наҳру ҷуйборҳо рафта, шустушӯй мекарданд, ба ҳамдигар ҳамчун пайғоми покӣ рушноӣ об мепошиданд, ширинӣ медоданд. Қабл аз оне, ки бо ҳам сухане бигӯянд, аввалтар аз ҳама шакар мехурданд ва ё асал мемолиданд, равған ба бағал молида, оташ меафрухтанд, шоҳон дар ин рӯз сиккаи нав мезаданд, ба мардум инъому туҳфаҳо мекарданд ва дар байни идҳо он ки бештар мавриди қабули ом буд, бешубҳа Наврӯз буд».

Наврӯз воқеан, бо ҷанбаҳои фарҳангиву мардумии худ миёни хосу ом маҳбубият пайдо кардааст. Ин хусусияти Наврӯзро устод Айнӣ таҳқиқ намуда, менависад: «Иди Наврӯз, ки чун сари соли шамсӣ дар аввали ҳамал сар мешуд, яке аз идҳои пеш аз исломият аст.

Бинобар ин, халқи тоҷик дар ҳолате, ки иди рамазон ва иди Қурбонро як рӯз барпо медошт, иди Наврӯзро ҳафтаҳо давом медод. Дар Бухоро ба Наврӯз – ҷашни умумии форсизабонон эҳтироми хосае доштанд, ҳатто уламои динӣ баъд аз қабули дини ислом низ аз анъанаҳои он истифода менамуданд».

Боиси шодмонӣ ва сарафрозии тоҷикону тоҷикистониён ва форсизабонони дунёст, ки Наврӯзи оламафрӯз бо сипарӣ намудани фарозу фурудҳои бешумор дар тӯли таърих кунун ҷойгоҳу мавқеъи волотаре ёфт. Ҳадду ҳудуди паҳншавии Наврӯз фаррох буда, баробари халқи мо онро дар аксар мамолики олам- кишварҳои ҳамҷавору ҳамфарҳанг, ҳамзабону ҳамдин, аз қабили Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Ҷумҳурии исломии Эрон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Туркия, Покистон, Ҳиндустон, кишварҳои Қафқоз, инчунин қисмати ғарбии сарзамини Чин, кишварҳои арабӣ, Африқои шимолӣ ва даҳҳо кишварҳои дигар иди баҳору наврӯзро таҷлил менамоянд. Шояд васеъ таҷлил гардидани ин ҷашн дар ҷаҳонӣ будани Наврӯз бошад ва саҳми Тоҷикистон низ дар баробари дигар кишварҳои ҳамҷавору ҳамфарҳанг дар ҷаҳонишавии Наврӯзи аҷам хело бузург аст. Кӯшишу талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯз қайд кардан ба маврид аст. Ин буд, ки бо қарори 64-уми Ассамблеяи Созмони Миллали Муттаҳид 23-юми феврали соли 2010, 21-уми март «Рӯзи Наврӯзи ҷаҳонӣ» эътироф гардид ва соли 13-ум аст, ки он ҳамасола ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса, дар аксар кишварҳои зикргардида таҷлил мегардад:

Маҳ гуфт ба маҳпора, Наврӯз ҷаҳонӣ шуд,

Эй мардуми сайёра, Наврӯз ҷаҳонӣ шуд.

Хулоса, Наврӯз қадимтарин ҷашни мардуми аҷам буда, эҳёгари табиат ва паёмовари ваҳдату муҳаббат, покиву садоқат ва зебоиву нафосат мебошад. Наврӯз, ки бо номҳои Ид, иди Наврӯз, иди Соли нав, иди Сари сол, ҷашни Фарвардин, ҷашни Баҳор, ҷашни баҳори Наврӯзии Ҷамшедӣ, Наврӯзи Султонӣ, Наврӯзи Чалолӣ ва Наврӯзи аҷам машҳур аст, муҳимтарин ҷашни ориёӣ ба ҳисоб рафта, ҳамчун шуълаи даргир ва инъикоскунандаи маданияту расму русум ва оинҳои халқист. Наврӯз ба гӯнаи гулест, ки таърихи гузаштаву имрӯза ва ояндаи халқро бо ҳам мепайвандад. Гарчанде ки, борҳо зери таъқиби аҷнабиён қарор гирифта бошад ҳам, асолати хешро аз даст надодааст. Ба ибораи дигар Наврӯзро метавон пайвандгари наслҳои оянда номид. Наврӯз волотарин ва бузургтарин шиносномаест, ки дар он садои қалби миллати тоҷик ва кулли тоҷикистониёни олам инъикос ёфтааст. Бигузор Наврӯзи оламафрӯз дар хотираи аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун намунаи хиради бузурги гузаштагони некноми мо ва чун зеботарин ҷашни башарӣ то абад ҷовидон боқӣ монад!

Эй Худованди замину осмон,

То ба Наврӯзи дигар моро расон.

Қурбонова М.З.-н.и.х., дотсент, мудири кафедраи усули таълими химияи факултети химияи ДМТ,

Низомзода М.М. -докторанти РhD-и кафедраи усули таълими химияи факултети химияи ДМТ