НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ

205

Бо чунин ном имрӯз (16.06.2023) дар толори калони факултети химияи Донишгоҳи милли Тоҷикистон бо иштирок номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, мудири кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон Сафарализода Хуҷамурод Қуддусӣ, д.и.х., профессор, УВ АМИТ Бадалов Абдулхайр ва декани факултети химия, дотсент Файзуллозода Эркин Фатҳулло чорабинии илмӣ- маърифатӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ меҳмонон, аз ҷумла дотсент Сафарализода Х.Қ. оид ба мавзӯи “Нақши Ваҳдати миллӣ дар таъмини амнияти миллии Тоҷикистон” суханронӣ намуд.