НАҚШИ ШУРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАРҚАРОРӢ ВА ТАҲКИМИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СУБОТИ МИЛЛӢ

33

Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз ниҳодҳои муҳимтарини давлатдорӣ дар давраи аввали Истиқлол нақше бар уҳда дошт, ки арзиш ва аҳаммияти он танҳо дар ростои таҳлили вазъи сиёсию иҷтимоии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ пурра эҳсос мешавад. Ин марҳалаи таърихӣ барои Тоҷикистон замони аз нав тарҳрезӣ ва таъсиси сохторҳои давлатӣ, муайянсозии мақому вазифаҳои мақомоти олии ҳокимият ва эҷоди заминаҳои ҳуқуқию сиёсӣ буд, ки дар ин раванд Шурои Олӣ ҳамчун намояндаи иродаи мардум вазифаи асосиро иҷро менамуд. Маҳз ҳамин ниҳод тавонист, ки дар вазъияти бисёр мураккаб ва вазнини сиёсӣ асосҳои давлатдории навини тоҷиконро таҳким бахшад ва барои рушди минбаъдаи ҳаёти сиёсию иқтисодӣ шароити устувор фароҳам оварад. Дар солҳои аввалини Истиқлол кишвар дар муқобили масъалаҳои ҷиддие қарор дошт, ки, аз як тараф, ба тағйирёбии сохтори идоракунии давлатӣ ва гузариш ба муносибатҳои нави ҷамъиятӣ вобаста бошад, аз тарафи дигар, ба вазъи ноустувори сиёсию ҷамъиятӣ иртиботи мустақим дошт. Дар чунин шароит Шурои Олӣ ҳамчун мақоми олии қонунгузор масъулияти таърихиро дар назди ҷомеа ба зимма дошт ва бо қабули як қатор санадҳои муҳим марҳалаи навини давлатдориро бунёд гузошт. Ин иқдомҳо дар он давра натанҳо хислати ҳуқуқӣ, балки хусусияти давлатсозии амиқ доштанд ва шароити мусоиде фароҳам оварданд, ки ҷомеа ба сӯйи эътидол, субот ва ташкили сохти нави давлатӣ қадам гузорад.

Мақоми Шурои Олӣ дар он буд, ки он ҳамчун намояндаи мардум ҳуқуқ дошт аз номи миллат саҳифаҳои нави ҳаёти давлатдориро боз кунад ва асосҳои сохти конститутсионӣ, сохтори ҳокимияти давлатӣ ва принсипҳои рушди мамлакатро муайян созад. Дар ҷараёни кори он масъалаҳои муҳимтарини марбут ба ташкили идораи давлатӣ, низоми қонунгузорӣ, ташкил ва фаъолиятҳои ҳокимияти иҷроия ва сохторҳои маҳаллӣ баррасӣ мешуданд. Дар ин раванд Шурои Олӣ натанҳо фаъолияти ҳуқуқиро ба роҳ монд, балки бо тасмимҳои сиёсию стратегӣ Тоҷикистонро аз як давраи бисёр ҳассос ва хатарнок ба марҳалаи устувор раҳнамун сохт.

Нақши ин ниҳод, махсусан, дар он ҷост, ки он тавонист дар заминаи таҷрибаи нав ва бо назардошти талаботи замон заминаи ҳуқуқии идораи давлатро ташкил диҳад. Яке аз муҳимтарин дастовардҳои он қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 мебошад, ки ба сифати ҳуҷҷати тақдирсоз ва такягоҳи асосии давлатдории миллии тоҷикон эътироф шудааст. Қабули Конститутсия на танҳо заминаи ташкили низоми нави идоракунии давлатӣ ва ҳокимияти конститутсионӣ гардид, балки ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро таҳким бахшида, давлатро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ муаррифӣ кард. Бе нақши Шурои Олӣ дар қабули ин санади муҳимми ҳуқуқӣ, таъйини роҳи минбаъдаи пешрафти кишвар ба самти сулҳу субот ва низоми таодули иҷтимоӣ номумкин буд.

Ҷомеаи Тоҷикистон дар солҳои аввали Истиқлол ба мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ низ гирифтор буд, ки бартарафсозии онҳо ба қабули қарорҳои дурусту саривақтӣ ниёз дошт. Шурои Олӣ дар ин самт низ бо пешниҳоди қонунҳо ва қарорҳо барои танзими иқтисод, рушди соҳаҳои истеҳсолӣ, танзими муносибатҳои замин, андоз, соҳибкорӣ ва масъалаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои муҳимро ифтитоҳ кард. Бо ин роҳ фаъолияти он натанҳо ба ташкили низоми ҳуқуқии давлат равона буд, балки ба эҷоди муҳити мусоиди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои рушди кишвар нигаронида шуда буд. Дар баробари ин Шурои Олӣ дар таҳкими сулҳу субот ва оромии ҷомеа низ саҳми арзанда гузошт. Солҳои вазнин кишвар ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки паёмадҳои он ба тамоми соҳаҳо таъсир расонд. Дар чунин шароити ҳассос мақоми олии давлат масъулияти таърихиро ба дӯш гирифта, барои бозгардонидани сулҳу субот ва ҳифзи якпорчагии кишвар иқдомҳои муҳим анҷом дод. Маҳз ҳамин ниҳод шароити ҳуқуқӣ ва сиёсиро муҳайё сохт, ки музокироти сулҳ, татбиқи созишномаҳои байни тоҷикон ва барқарорсозии амният дар тамоми қаламрави кишвар имконпазир гардид. Ин иқдомҳо пояҳои сулҳи тоҷиконро таҳким бахшида, ба оғози марҳалаи нави рушди ҳамаҷонибаи кишвар замина гузоштанд.

Дар идомаи ҳамин раванд 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ шуруъ кард, ки дар таърихи давлатдории навин ҳамчун рӯйдоди сарнавиштсоз шуморида мешавад. Маҳз ҳамин иҷлосия ба сифати майдони асосии ҳаллу фасли масъалаҳои муҳим имконият дод, ки роҳи боэътимоди хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ боз гардад. Рӯзи 19-уми ноябри ҳамон сол дар ҷараёни иҷлосия интихоботи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд ва бо ҷонибдории 186 вакил аз 197 вакили ҳозир Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олӣ ва Сарвари давлати Тоҷикистон интихоб гардид. Ин рӯйдод ҳамчун оғози марҳалаи нави ваҳдатсозӣ, сулҳофаринӣ ва эҳёи давлатдории миллӣ пазируфта шуд. Мардуми Тоҷикистон он лаҳзаҳои таърихиро бо умеду орзуи зиёд пайгирӣ мекарданд. Дар ин раванд суханони таърихӣ – савганди Сарвари тозаинтихоби давлат, ки изҳор дошт, кори худро аз сулҳ оғоз хоҳад кард ва тамоми талошро барои ором намудани вазъият равона месозад, дар замири мардум неруи тоза бедор намуд. Ин лаҳза ба такони нави рӯҳонӣ ва сиёсӣ мубаддал гашта, роҳро барои таҳкими давлатдорӣ ва барқарорсозии ҳаёти муназзами ҷомеа боз кард.

Натиҷаи фаъолияти пайгирона, ҷонбозиҳо ва азхудгузаштанҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Предиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки сулҳу субот тадриҷан дар саросари кишвар пойдор гардид ва Тоҷикистон аз хатарҳои воқеии фурӯпошӣ ва нобудӣ раҳо ёфт. Сипас дар солҳои минбаъда бо истифода аз заковат, ҷасорат ва хиради давлатӣ роҳбари давлат тавонист, раванди сулҳовариро ба сатҳи нав бардорад. Маҳз ҳамин талошҳо боиси имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таърихи 27-уми июни соли 1997, дар шаҳри Маскав гардид, ки ҳамчун санади тақдирсоз тамоми раванди сулҳофариниро ба анҷоми муваффақ расонд. Ин Созишнома барои бозгаштани кишвар ба ҳаёти муътадил, эҳёи фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, таҳкими давлатдорӣ ва шинохти нави ваҳдати миллӣ нуқтаи ибтидоӣ гардид. Ин рӯйдодҳо нишон медиҳанд, ки нақши Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ ва саҳми шахсии Пешвои миллат дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва сулҳу суботи кишвар беназир буда, дар таърихи навини тоҷикон мақоми баландро ишғол менамояд. Аз ҷониби дигар, Шӯрои Олӣ ба ташкили низоми муосири ҳокимияти давлатӣ замина гузошт, ки дар оянда ба рушди давлати демократӣ мусоидат кард. Ташкили ниҳодҳои мустақили қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ, муайянсозии принсипҳои тақсимоти ҳокимият ва таҳкими онҳо дар заминаи қонунҳои қабулшуда аз дастовардҳои муҳимтарин ба шумор мераванд. Дар натиҷа, Тоҷикистон тавонист, ки як низоми устувори ҳокимиятро ба роҳ монад, ки барои рушди дарозмуддат, баргузории интихоботҳои муназзам ва ташаккули фарҳанги сиёсӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Маҳз фаъолияти Шурои Олӣ бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки заминаи ҳуқуқии ташкили Маҷлиси Олӣ ва парлумони касбии дупалатаро фароҳам овард ва ҳамин тавр, Шурои Олӣ робитаи таърихии байни давлати навини тоҷикон ва парламенти муосирро таъмин намуд.

Дар заминаи равандҳои мазкур буд, ки Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали Истиқлол натанҳо ҳамчун як ниҳоди қонунгузор, балки ҳамчун неруи муттаҳидкунандаи ҷомеа ва поягузори давлатдории навини тоҷикон хидмат кард. Он тавонист, то заминаҳои воқеии давлатсозиро ба вуҷуд орад, ки имрӯз миллати тоҷик самараи онро дар ҳамаи соҳаҳо эҳсос мекунад. Роҳе, ки Тоҷикистон дар се даҳсолаи охир тай кард, заминаи мусоиди то ба сатҳи нави рушди иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ расиданро ба миён овард. Ҳамаи муваффақияту дастовардҳои имрӯза аз ҳамон тасмимҳои аввалин ва аз фаъолияти фидокоронаи Шурои Олӣ дар як марҳалаи муҳимми таърихӣ сарчашма мегирад. Маҳз бо ҳамин таҷрибаи таърихӣ, имрӯз насли ҷавони огоҳ ва тамоми ҷомеа ба арзишҳои давлатдории миллӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди созанда эҳтироми хосса мегузоранд.

Ҳамин тавр, нақши Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол натанҳо дар қабули қонунҳо ва танзими равандҳои сиёсию ҳуқуқӣ ифода меёбад, балки дар амалисозии ҳадафҳои Истиқлол, таҳкими сулҳу субот, ташкили низоми устувори давлатдорӣ ва тарҳрезии ояндаи миллат низ зоҳир мегардад. Ин таҷрибаи бузурги таърихӣ нишон медиҳад, ки давлат ва миллат бо такя ба ваҳдат, қонун, субот ва сиёсати оқилона роҳи пешрафти худро муайян намуда, кишварро ба марҳалаи рушди устувор ва созандагӣ раҳнамун месозанд.

Аз низоми Шурои Олӣ то сохтори президентӣ давлати тоҷикон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешрафтҳои азим мушарраф гардида, миллати тоҷикро ҳамчун миллати созандаву соҳибибтикор дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.

Ба қадри ин ҳама неъмат бояд расид. Дар ҳақиқат, корномаи Пешвои миллат ҳамчун раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як марҳалаи ҳассоси таърихӣ ва фаъолиятҳои густардаи эшон дар солҳои баъдӣ боиси арҷгузории вежа аст. Шоири машҳурамон Бозор Собир дуруст фармудааст:

Номи туро нависем, эй қаҳрамони Ваҳдат,

Бо оби ноби тилло дар тори Қасри миллат.

Давлатшоева Ҷ.А., Нарзиқулзода М.М., устодони кафедраи химияи физикӣ ва коллоидии факултети химияи ДМТ