(Дар ҳошияи суханрониҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқоташон бо аҳли илму маорифи кишвар, 30.05.2024)
Вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав, Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки ҷиҳати ба талаботи замон мувофиқ намудани фаъолияти паркҳои технологӣ ва вобаста кардани онҳо ба корхонаҳои истеҳсолии алоҳидаи кишвар то охири соли ҷорӣ тадбирҳои дахлдор андешанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Паркҳои технологӣ бо мақсади рушди имкониятҳои илмию техникӣ ва технологию инноватсионӣ татбиқи барнома ва лоиҳаҳои инноватсионӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва молиявии муассисаҳои таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ, истеҳсолӣ ва дарёфти сармояи дохилию хориҷӣ барои рушди илм ва технология, муттаҳид сохтани неруи зеҳнӣ барои пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва ҷорӣ намудани технологияи аълосифати муосир дар истеҳсолот, ҷалби донишҷӯён, магистрҳо, ҳайати профессорону омӯзгорон ва муҳаққиқони илмию таҳқиқотӣ барои ҳамгиро намудани илм ва истеҳсолот, ташкили ҷойҳои нави корӣ, дар истеҳсолот ҷорӣ кардани дастовардҳои илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ, ҳамкории муассисаҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд.
Вобаста ба иҷрои ҳадафҳои мазкур соли 2010 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Парки технологӣ (21 июли соли 2010, № 629) ва дар таҳрири нав (аз 13.11.2023, № 2010) қабул карда шудааст. Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти Парки технологиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда, вазифа ва самтҳои асосии фаъолияти онро муайян менамояд ва барои дар истеҳсолот ҷорӣ намудани натиҷаи таҳқиқоти илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ нигаронида шудааст.
Парки технологӣ, ҳамчун муассиса дар ҳудуди махсус таъсис дода мешавад, ки бо мақсади рушди илм ва истифодаи самараноки технологияи аълосифат барои қонеъ гардонидани талаботи истеҳсолот дар истифодаи технологияҳои навтарин ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва инвеститсионӣ фаъолият менамояд.
Дар ҳудуди Парк ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ, бюроҳои лоиҳакашию конструкторӣ, биноҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимӣ, ҳамчунин биноҳои хизматрасонӣ фаъолият менамоянд, ки онҳо ба мақсади истифода аз технологияи аълосифат ва амалӣ гардонидани барнома ва лоиҳаҳои инноватсионӣ муттаҳид карда мешаванд. Парк метавонад аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ, як ё якчанд муассисаҳои таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ, ташкилотҳои саноатии давлатӣ ва ғайридавлатӣ таъсис дода шуда, барои амалӣ намудани мақсадҳои худ ҳамкориро байни онҳо ба роҳ монад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Парки технологӣ дар шаклҳои зерин таъсис дода мешавад:
– Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ;
– Парки инноватсионию технологӣ;
– Парки илмӣ (ё Парки таҳқиқотӣ);
– Технополис;
– Инкубатори технологӣ (Бизнес-инкубатор).
Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ яке аз намудҳои парк мебошад, ки дар ҳудуди он таҳияи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, истеҳсоли маҳсулоти барномавӣ ва намудҳои дигари фаъолият, ки дар самти технологияҳои иттилоотӣ ба истеҳсоли маҳсулот ва пешниҳоди хизматрасониҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манънабуда машғуланд, анҷом дода мешавад. Дар парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ шароитҳо барои ҷорӣ намудани технологияи феҳристи блокҳои муомилот (блокчейн) ва низоми дигаре, ки ба принсипҳои тақсимшуда, ғайримарказонидашуда ва бехатарии амалиётҳои бо истифодаи онҳо анҷомдодашаванда асос ёфтаанд, ба истиснои фаъолияти истихроҷ (майнинг)-и тамғаи рақамӣ (токен), фароҳам оварда мешаванд.
Парки инноватсионию технологӣ яке аз намудҳои Парк буда, барои дар истеҳсолот ҷорӣ намудани технологияи аълосифат ва рушди муассисаҳои истеҳсолии инноватсионии хурд ва миёна хидмат менамояд.
Парки илмӣ (ё Парки таҳқиқотӣ) яке аз намудҳои Парк мебошад, ки илмро бо истеҳсолот якҷоя намуда, метавонад бо як ё якчанд муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, илмию таҳқиқотӣ ё дар алоҳидагӣ барои рушди истеҳсолот фаъолият намояд. Дар муқоиса бо дигар намудҳои Парк, ба он бо мақсади гузаронидани таҳқиқотҳои зиёди илмталаб кадрҳои баландихтисос ҷалб карда мешаванд.
Технополис – ҳудуде мебошад, ки дар он муассисаҳои инноватсионии хурд ва миёнаи ташкилотҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои илмию истеҳсолӣ, таҳсилоти олии касбӣ, илмию таҳқиқотӣ ва ё дар алоҳидагӣ таъсис ёфта, фаъолият менамоянд.
Инкубатори технологӣ (бизнес-инкубатор) муассисаест, ки аз тарафи давлат барои рушди тиҷорати хурду миёна маблағгузорӣ гардида, барои ба истеҳсолот ҷалб намудани технологияҳои инноватсионӣ нигаронида шудааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Парки технологӣ бо мақсадҳои зерин таъсис дода мешавад:
– рушди имкониятҳои илмию техникӣ ва технологию инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– татбиқи барнома ва лоиҳаҳои инноватсионӣ;
– ташкил ва татбиқи барномаҳои инноватсионии давлатӣ ва ғайридавлатӣ;
– мусоидат ба инкишофи технологияҳои муосири илмталаб;
– таҳкими заминаи моддию техникӣ ва молиявии муассисаҳои таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ, истеҳсолӣ ва дарёфти сармояи дохилию хориҷӣ барои рушди илм ва технология;
– муттаҳид сохтани нерӯи зеҳнӣ барои пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва ҷорӣ намудани технологияи аълосифати муосир дар истеҳсолот;
– ҷалби донишҷӯён, аспирантҳо, магистрҳо, ҳайати профессорону омӯзгорон ва муҳаққиқони илмию таҳқиқотӣ барои ҳамгироии илм ва истеҳсолот;
– рушди корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои хурду миёна;
– ташкили ҷойҳои нави корӣ;
– дар истеҳсолот ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ;
– ҳамкории муассисаҳои илмӣ ва бизнеси инноватсионӣ.
Вазифаҳои асосии Парк аз инҳо иборат мебошад:
– ҷорӣ намудани натиҷаҳои ниҳоии таҳқиқоти илмӣ ба истеҳсолот;
– ҳавасмандгардонии қобилияти зеҳнӣ баҳри таҳия ва ҷорӣ намудани технологияи аълосифат дар истеҳсолот;
– омӯзиш ва истифодаи технологияи аълосифате, ки аз хориҷи кишвар ворид мешавад;
– такмили ихтисоси муҳаққиқон ва дигар кормандони илмиву таълимӣ, ки ба фаъолияти инноватсионӣ машғул мешаванд;
– рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи инноватсионӣ.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди бахши илм ва инноватсиия диққати махсус медиҳад. Дар маҷмуъ, рушди таҳқиқоти илмӣ ба ҳалли вазифаҳои стратегӣ, фароҳам овардани заминаҳо ва шароит барои рушди босифати иқтисодиёти кишвар нигаронида шудааст.
Тибқи маълумотҳои оморӣ дар соли 2023 дар бахши илмии кишвар 82 муассисаи илмию таҳқиқотии академӣ ва соҳавӣ фаъолият намуданд. Дар баробари ин, дар зиёда аз 40 муассисаи таҳсилоти олӣ ва филиалҳо таҳқиқоти илмӣ гузаронида мешаванд.
Шумораи мутахассисоне, ки бевосита бо фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва коркардҳо машғуланд, дар кишвар аз 443 нафарӣ дар соли 2015 то 450 нафарӣ дар соли 2021 нисбат ба 1 миллион нафар аҳолӣ афзоиш ёфтааст. Дар доираи инкишофи низоми инфрасохтор дар бахшҳои фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ таъсис ва рушди нуқтаҳои рушд барои тиҷоратикунонии коркардҳо дар ҳар минтақаи кишвар дар мисоли паркҳои технологӣ зарур аст. Барои баланд бардоштани сатҳи фаъолияти инноватсионӣ дар ташаккули инфрасохтори инноватсионӣ вусъат бахшидани фаъолияти паркҳои технологӣ вазифаи саривақтӣ мебошад.
Дар парки технологӣ шахсони лаёқатманд метавонанд ғояҳои худро ба лоиҳаҳои воқеӣ табдил диҳанд. Санаи 15 апрели соли 2021 дар Ҷаласаи якуми Шурои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, ки таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ нишон медиҳад, ки паркҳои технологӣ ҳамчун сохтори миёнарав бо ихтироъкорону навоварон, вазорату идораҳо ва сохторҳои марбута ҳамкории зичро ба роҳ монда, дар татбиқи дастовардҳои илму техника дар истеҳсолот нақши муҳим мебозанд.
Парки технологӣ дар умум ҳамгироиро бо муассисаҳои илмӣ, таълимӣ ва молиявӣ, инчунин ташкилотҳои фаъолияти истеҳсолию инноватсионӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҷиҳати фароҳам овардани муҳити технологӣ ва ташкилӣ дар соҳаи технологияҳои олӣ, фароҳам овардан ва инкишоф додани ширкатҳои технологӣ ва пешбурди дастовардҳои илмии таҳқиқотӣ дар истеҳсолот аст. Барои ноил шудан ба мақсаду вазифаҳо парки технологӣ ҷараёни дониш ва технологияро дар донишгоҳҳо, лабораторияҳои илмӣ ва ширкатҳо ҳавасманд ва идора мекунад.
Парки илмии технологии Донишгоҳи Стэнфорд соли 1950 таъсис ёфтааст, ки аввалин парк дар ҷаҳон дониста мешавад. Аввалин паркҳои илмии технологӣ дар Аврупо дар солҳои 70-ум дар Донишгоҳҳои Хериота и Уатта, Кембриҷ, инчунин корхонаи «София-Антиполис» дар Фаронса пайдо шуданд. Дар минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором дар пешрафти илмию техникӣ паркҳои зерини Чин саҳмгузоранд: Парки пекин «Чжунгуаньцунь» (Zhongguancun Science Park; Z-Park), парки илмии Донишгоҳи Синхуа TusPark (Tsinghua Science Park), Тайван «Синьчжу» (Hsinchu Science Park), технополиси Кореяи Ҷанубӣ «Дэдок» (Daedok Innopolis), Гонконг “Hong Kong Science and Technology Park”. Дар Русия аввалин парки технологи соли 1990 дар Томск дар заминаи Донишгоҳи давлатии низоми идоракунӣ ва радиоэлектроникаи Томск таъсис дода шудааст. Дар Русия паркҳои технологӣ на танҳо дар донишгоҳҳо, балки дар марказҳои бузурги илмӣ ва шаҳрҳои илмӣ низ кушода шудааст. Ба гуфтаи коршиносон дар Русия аз ҳисоби маблағҳои донишгоҳҳо ба паркҳои технологӣ ҳамасола 13 миллион рубли русӣ ҷудо мегардад. Парки технологии Донишгоҳи миллии Беларус дар муддати 11 соли фаъолияташ ба 11 ширкат асос гузошт. Дар парк бозёфтҳои муҳими илмӣ ҳамаҷониба омӯхта мешаванд ва баъд дар истеҳсолот ҷорӣ мегарданд. Ҳоло маблағи гардони он ба 1,6 миллион доллар баробар аст.
Лоиҳаи алоҳида дар сатҳи федералӣ парки технологии «Сколково» мебошад. Бузургтарин ассотсиатсияи паркҳои технологӣ Ассотсиатсияи байналмилалии паркҳои илмӣ (IASP) мебошад, ки соли 1984 таъсис ёфта, пешрафти илмию техникӣ ва минтақаҳои рушди инноватсиониро муттаҳид мекунад. То соли 2015 тақрибан 400 парки технологии 69 кишвар ба он аъзо буданд.
Дар Тоҷикистон Паркҳои технологӣ дар назди Донишгоҳҳо солҳои 2011 ба фаъолият шурӯъ намуданд. Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз паркҳои технологии муваффақ буда, бо фармоиши ректори Донишгоҳи миллӣ 06 январи соли 2011, № 8-09 таъсис дода шудааст. Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои илмӣ ва татбиқи онҳо дар амал як зумра корҳоро ба роҳ мондааст. Бо мақсади рушди илм ва истифодаи самараноки технологияи аълосифат барои қонеъ гардонидани талаботи истеҳсолот дар истифодаи технологияҳои навтарин ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва инвеститсионӣ дар назди парки технологии ДМТ коргоҳи хурди истеҳсоли доруҳои гиёҳӣ ба роҳ монда шуда, дар коргоҳ шаклҳои сахти дору, ба монанди хокадору, ғурушаҳои доруворӣ, маҷмаъгиёҳ ва гиёҳҳои алоҳидаи доруворӣ таҳия карда мешавад. Ҳамзамон дар назди Парки технологии Донишгоҳи миллӣ озмуни «Ихтироъкорони ҷавон» барои корҳои беҳтарини инноватсионӣ ҳамасола гузаронида мешавад.
Ҳоло дар назди 24 муассисаи таҳсилоти олӣ, аз ҷумла Донишгоҳҳои миллӣ, тиббӣ, техникӣ, технологӣ, тиҷорат, соҳибкорӣ ва хизмат, омӯзгорӣ паркҳои технологӣ таъсис ёфта, фаъолият намуда истодаанд.
Пешвои миллат дар яке аз вохӯриҳои худ бо аҳли зиё таъкид намуда буданд, ки «Албатта, илм чизе нест, ки дар як муддати кӯтоҳ натиҷа диҳад. Баръакс, он заҳмати пайваста мехоҳад, вале мо дар ҳар сурат бояд дар роҳи рушди илм ба натиҷаҳои муайян умед бандем. Бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки муваффақияти мо моли мост ва бояд барои таҳкими дастовардҳо ва дар айни замон ба хотири рафъи мушкилоту монеаҳои мавҷуда пайваста кӯшиш намоем».
Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ қарор дорад. Дар ин замина саноатикунонии босуръати мамлакат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ аҳамияти муҳим дорад. Расидан ба ин ҳадаф дар баробари дигар масъалаҳо зарурати истифодаи васеи хатҳои нави технологӣ, инчунин робитаи зичи дастовардҳои илму техника ва пеш аз ҳама, инноватсия дар истеҳсолотро ба миён мегузорад. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати пешрафти фаъолияти самараноки инноватсионӣ, ки ба баланд бардоштани сатҳи технологӣ, рақобатпазирии истеҳсолот, баланд бардошти иқтидори содиротии ҷумҳурӣ, бахусус дар заминаи афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти инноватсионии ба содирот нигаронида тавассути хатҳои нави технологӣ, коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми ватанӣ то маҳсулоти ҳадди ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда ва таъсиси ҷойҳои нави кории устувор мусоидат менамояд, заминаҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ фароҳам овардааст.
Ҳоло бо ин мақсад дар мамлакат якчанд барномаву стратегияҳои дигари давлатӣ, аз ҷумла «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030» мавриди татбиқ қарор доранд. Илова бар ин, Шурои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилоот, Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионӣ ва Маркази инноватсионии соҳаи биология ва тиб, Маркази инноватсионии тиҷоратӣ РЕАК дар заминаи маблағгузории Барномаи тиҷорат ва инноватсияи Вазорати корҳои хориҷӣ ва рушди байналмилалии Британияи Кабир (FCDO), «Фонди рушди инноватсия ва саноат», КВД «Саноатсодиротбонк» ва МД «Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе» фаъолият менамоянд, ки ин, бешубҳа, далели возеҳи мавҷуд будани замина ё инфрасохтори дарстгирии давлатии соҳибкории инноватсионӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.
Файзуллозода Э.Ф., декани факултети химияи ДМТ