Мушовири академи (эдвайзер)-и дараҷаи якум дар шуъбаи рӯзона

Мудинов Хайриддин Ғуломович

номзади илмҳои химия, дотсент, муовини декан оид ба таълими факултети химия

Санаи 19-октябри соли 1987 дар шаҳри Кӯлоб,  дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Соли 1995 ба муассисаи таҳсилоти миёнаи №16-и ш. Кӯлоб дохил шуда, соли 2006 бо муваффаќият онро хатм намуда, њамон сол, тибқи квотаи президенти ба факултети химияи ДДМТ (њозира ДМТ) дохил гардидааст. Соли 2011 Донишгоњро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, ҳамон сол ба вазифаи ассистент дар кафедраи химияи татбиқӣ ба кор шурўъ намудааст. Њамон сол ба шўъбаи ѓоибонаи аспирантураи Донишгоњи миллии Тоҷикистон дохил гардидааст. Соли 2019 рисолаи номзадиашро дар совети диссертатсионии иниститути кимиёи АИ ЉТ  дар назди Комиссия Олии Атестатсионии Вазорати маориф ва илми федератсияи Россия дар мавзӯи “Комплексҳосилкунии нуқра (I) бо 1,2,4-триазол ва 1,2,4-триазолтиол” бо ихтисоси 02.00.01. – химияи ғайриорганики бо муваффаќият њимоя намудааст.

Солҳои 2011-2019 ба њайси ассистенти кафедраи химияи татбиќии факултети химия, ҳамзамон муовини раиси Иттифоќи касабаи устодон ва кормандони факултети химия, солҳои 2019-2022 муовини декан оид ба таълим дар шуъбаи ѓоибонаи факултети химия, солҳои 2022-2023 сармутахасиси раёсати таълими ДМТ, аз моҳи апрели соли 2023 муовини декан оид ба таълим дар  факултети тиббӣ. Аз 10.03.2025 њамчун муовини декани факултети химия оид ба таълим фаъолият намуда истодааст. Соли 2020 ба ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Муаллифи зиёда аз 35 мақола ва фишурдаҳои илмӣ, аз он ҷумла 1 мақола дар маҷаллаҳои тақризшавандаи Скопус мебошад.

тел: +992918409993
email: 
Khairiddin87@mail.ru @mail.ru
Нишон
ӣ: ш. Душанбе, н.Шоҳмансур, Рӯдакӣ 17