Раджабов Шухрат Холмуродович н.и.т., дотсент, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии факултети химияи ДМТ
Email: r.shshuhrat.kh@mail.ru
Телефон: +992 555 22 11 85
Раджабов Шухрат Холмуродович 22-юми ноябри соли 1985 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) (2009) ва аспирантураи он (2010-2012, гирандаи степендияи Президентӣ). Дар давоми таҳсил ва баъди хатми Донишгоҳ дар кафедраи химияи татбиқӣ фаъолият намудааст: ассистент (2010-2015), дотсент (2020 то инҷониб). Номзади илмҳои техникӣ (2015). Раиси Шурои сарпарастони факултет 2022-2023. Муттасадии маҳфилҳои илмии профессорон ва донишҷӯён дар кафедраи технологияи истеҳсолоти химиявии факултети химияи ДМТ (2022 то инҷониб); Аз сентябри соли 2024 то ҳол дар вазифаи муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии факултет фаъолият дорад. Муаллифи зиёда аз 120 мақолаю фишурдаи мақолаҳо, 8 нахустпатент, 2 китоби дарсӣ, 1 монография, 6 дастури таълимӣ ва 1 барномаи таълимӣ мебошад. Бо дипломи Маркази миллии патенту иттилоотии назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихорномаҳои ДМТ ва факултети химия сарфароз гардонида шудааст.