МУЛОҚОТИ ТАКОНБАХШ БА ИЛМИ ТОҶИК

86

Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомлаӣ раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар аз 30.05.2024

Дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар баррасӣ шуд.

Бидуни шак, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти таърихи ҳазор соли охири миллати тоҷик мебошад, ки чароғи маърифати халқро равшан кардаанд. Паёми аслии суханронӣ ва мулоқоти Ҷаноби Олӣ бо аҳли зиё ин буд, ки роҳу равиши фурӯзон нигоҳ доштани ҳамин шуълаи маърифат пайдо бошад, ҳадаф ва вазифаҳо дуруст мушаххас ва муайян шаванд.

Маҳз ба ҳамин манзур, Сарвари давлат хулоса намуданд, ки мо тоҷикон 6000 сол таърих дорем, тамаддун офаридем, будем ва хоҳем буд, истиқлоли худро ба хеҷ чизе ва таҳти ҳеҷ шароите иваз намекунем.

Албатта, суханронии Пешвои миллат мисли ҳамеша фарогири нуқтаҳои муҳим роҷеъ ба илму маорифи кишвар ва дастуру супоришҳои он қобили баҳс набуда, балқи танҳо бояд иҷро шаванд. Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст. Мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкор дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра баланд бардошта шуда истодааст. Зеро дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд. Барои тақвияти заминаҳои моддиву техникии илми ватанӣ 1 миллиарду 607 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Пешвои миллат ба масъалаи маориф ва илм таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, дар ин замина дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин, донишгоҳу донишкада бунёд карда шуд. То замони истиқлол дар кишвар 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 65 ҳазор донишҷӯ фаъолият дошт. Ҳоло ин рақам ба 47 ва шумораи донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 220 ҳазор нафар расидааст. Маблағгузории соҳаи илм танҳо дар соли 2024-ум ба 225 миллион сомонӣ расонида шуд, ки назар ба соли 2023-юм 45 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамаи тадбирҳои зикргардида далели ғамхориву дастгирии давлат нисбат ба аҳли илму маориф буда, ҳоло барои дарёфти истеъдодҳо ва дастовардҳои нави илмӣ мусоидат карда истодаанд.

Ҳоло дар кишвар қариб 5900 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ фаъолият менамоянд, ки 886 нафар ё 15,5 фоизи онҳо доктори илм (аз ин 146 нафар ё 16 фоиз занон), 4800 нафар номзади илм ва 158 нафар доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд. Дар суханронӣ таъкид карда шуд, ки инчунин, ба олимону мутахассисони илмҳои вирусология, иммунология, генетикаи тиббӣ, мантиқ ва методологияи илм, сотсиология, яъне иҷтимоъшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таърих ва назарияи забоншиносӣ, демография, ҷуғрофия ва як қатор илмҳои дигар ниёз дорем.

Дар суханронии Пешвои миллат зикр карда шуд, ки дар арзёбии фаъолияти илмии ҳар як олим ва махсусан, доктори илм ду меъёр бояд асосӣ ва аслӣ бошад: аввал, натиҷаҳои таҳқиқоти ӯ, ки посухгӯи ниёзҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон бошанд ва дуюм, тарбияи кадрҳои ҷавон, ки ба саҳм гузоштан дар рушди илми кишвар қодир бошанд. Ҳамасола ба ҳисоби миёна беш аз 10 000 нафар ҷавонон барои азхудкунии илму донишҳои муосир ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои бонуфузи мамолики дигар фиристода мешавад ва ҳоло шумораи умумии онҳо беш аз 40 000 нафарро ташкил медиҳад.

Рушди маърифатнокии аҳолӣ, тавсеаи тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон ба илмомӯзӣ, ки бунёди онро илмҳои табиӣ ва риёзӣ ташкил медиҳанд, василаи асосии пешгирӣ кардани хурофот, ифротишавӣ, зоҳирпарастии динӣ вагароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ мебошад. Бо ин мақсад солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шуда, дар ин замина чор санади дахлдор қабул карда шуд.

Дар заминаи ин иқдом аз ҷониби вазорату идораҳои масъул як қатор тадбирҳо роҳандозӣ гардидаанд, ки ба болоравии тафаккури техникии ҷавонон, ҷалби ҷомеа ба омӯзиши илмҳои табииву риёзӣ ва таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ мусоидат менамоянд. Пешвои миллат дар суханрониҳои худ борҳо таъкид кардаанд, ки тарбияи насли нави бомаърифат, илмдӯст ва шоистаи замон танҳо вазифаи мактабу маориф нест, балки дар ин ҷода падару модарон, тамоми қишрҳои ҷомеа ва ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ бояд фаъолона саҳм гузоранд.

Дар суханронии худ Пешвои миллат таъкид намуданд, ки бинобар афзоиши аҳолӣ бояд дар даҳ соли минбаъда боз сохтмону таъсиси 2400 муассисаитомактабӣ, 3500 маркази инкишофи кӯдак ва 2200 муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми амалӣ гардад. Саҳми олимони ватанӣ дар татбиқи Стратегияи рушди «зеҳни сунъӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва тибқи он то ба 5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ расонидани даромад дар натиҷаи ҷорӣ намудани технологияҳои «зеҳни сунъӣ» хеле зарур ва ҳатмӣ мебошад. Таҳлили ҳамаҷонибаи номгӯйи самтҳои авлавиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ нишон медиҳад, ки он ҳанӯз пешрафти илми ватаниро бо дарназардошти дастовардҳои илми ҷаҳонӣ таъмин карда наметавонад ва бозбинии ҷиддиро тақозо менамояд. Фаъолияти илмии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ яке аз масъалаҳои дигари муҳим дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ маҳсуб мешавад.

Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ беш аз 12 ҳазор нафар омӯзгор фаъолият менамояд, ки зиёда аз 5 ҳазору 500 нафар, яъне қариб 45 фоизи онҳо дорои дараҷаҳои илмӣ мебошанд. Устодону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, бахусус, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешсаф ғайр аз фаъолияти таълимӣ барои пешрафти илми мамлакат низ саҳми худро мегузоранд.

Олимону зиёиёни мо ҳамчун неруи огоҳу пешсафи ҷомеа бояд дар корҳои илмӣ ва эҷодиёти худ ба ин меъёру арзишҳо таваҷҷуҳ ва эҳтироми хосса зоҳир карда, аз бегонапарастиву тарғиби ғояҳои носолим қатъиян худдорӣ кунанд. Вазъи кунунии ҷаҳон ҳар яки моро водор месозад, ки дар кишварамон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам мустаҳкам гардонем ва манфиатҳои миллии худро аз таъсири пайомадҳои манфии равандҳои ҷаҳони муосир ҳифз намоем. Ҳифзи ҷомеаи кишвар аз таъсири зуҳуроти манфии ҷаҳони муосир, аз ҷумла фарҳангу маънавиёти бегона, дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихориватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, таърих, суннату анъанаҳо, расму ойинҳо ва либоси миллӣ тарбия кардани наслҳои наврасу ҷавон қарз ва вазифаи муҳимтарини ҳар як шахрванди ватандӯст ба шумор меравад. Дар ин раванд, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба илмомӯзӣ ва густариши тафаккури илмӣ миёни онҳо, инчунин, фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ дар ин самт вазифаи муқаддаси зиёиёни кишвар ва дар навбати аввал, кормандони соҳаи илму маориф мебошад.

Фаромӯш набояд кард, ки яке аз омилҳои асосии хурофотпарастӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ сатҳи пасти маърифатнокӣ ва тафаккури илмӣ дар ҷомеа мебошад. Маҳз илму маориф асоси пешрафти давлат ва раҳоии ҷомеа аз ҳама бадбахтиҳо, аз ҷумла ифротишавӣ, хурофотпарастӣ ва ҷаҳолат аст. Бояд ҳамеша ба имконоту нерӯи худ такя кунем, Ватани биҳиштосоямонро сидқан дӯст дорем, заҳмат кашем, кишвари маҳбубамонро бо дастони хеш ва бо нерӯи зеҳнии худамон боз ҳам обод кунем, ба якдигар ғамхору меҳрубон бошем, ҳамдигарро дар лаҳзаҳои душвору вазнин дастгирӣ намоем. Мо истиқлолу озодиро, ки неъмати бузургтарину муқаддастарини зиндагиамон мебошад, ба ягон чиз ва ҳаргиз иваз намекунем.

Имрӯз замоне расидааст, ки мо бояд беш аз ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, давлатдории миллии худ ва манфиатҳои давлату миллатамонро ҳимоя намоем, амнияти давлат ва ҷомеа, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро ҳамчун пояи устувори давлати озоду соҳибихтиёрамон эҳтиёт ва ҳифз кунем. Мо бояд ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем ва ҳаргиз фаромӯш накунем, ки кафили ояндаи дурахшони давлату миллати мо иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллии мо мебошад.

Мирзохонов Д.Ч., ассистенти кафедраи усули таълими химияи факултети химияи ДМТ