МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ – ОМИЛИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

27

Дар ҷаҳони муосир дар қатори дигар зуҳуроти хавфнок, аз қабили терроризм, экстремизм, ифротгаробунёдгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин масъалаи мубрам ва доғи рӯз фасоди молиявӣ ё худ коррупсия маҳсуб меёбад. Коррупсия ва дигар амалҳои коррупсионӣ барои рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, суботу оромии ҳар кишвар монеа эҷод менамояд.

Яке аз омилҳои муҳимми муборизаи муваффақона бар зидди коррупсия ин фароҳам овардани заминаи мусоид ва таҳкими ҳамкориҳои байнисоҳавӣ ба ҳисоб меравад. Дар марҳилаи муосир имкониятҳои зиёд барои амалҳои коррупсионӣ пайдо мегарданд, ки ба рушди иҷтимоӣ хатарҳои ҷиддиро ба вуҷуд меоранд. Ҳар қадаре ки сатҳи коррупсия зиёд гардад, ҳамон қадар таъсири манфии он ба обрӯи давлат дар миқёси байналмилалӣ бештар таъсир мекунад.

Яке аз роҳҳои пурсамари мубориза бар зидди коррупсия огоҳонидани мардум аз коррупсия аст. Ҳар қадар аҳолӣ аз оқибатҳои коррупсия бохабар бошад, ҳамон қадар мубориза бо коррупсия осон мегардад. Васеъ паҳн гаштани коррупсия дар мақомоти давлатӣ аз муносибати ҷомеа бо ин падида рабт дорад.

Дар воқеъ, мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои хосияти коррупсионидошта, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат ба шумор меравад. Зеро ҷиноятҳои коррупсионӣ асосҳои давлату давлатдориро аз байн бурда, ба фаъолияти муқаррарии мақомоти давлатӣ халал расонида, таъсири манфии хешро ба равандҳои иқтисодӣ ва рушди иҷтимоӣ мерасонад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд, ки «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.

Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад».

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувори худро дар самти мубориза бо коррупсия гузошта, барои пешгирӣ аз ин вабои аср тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқиро фароҳам овардааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия заминаи қонунӣ-ҳуқуқӣ вуҷуд дорад ва сари вақт мукаммал мегардад. Дар сатҳи аввали қонунгузории зиддикоррупсионӣ Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ки меъёрҳои он бевосита ба пешгирии коррупсия равона гардидааст.

Дар баробари ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи марбута вазифадоранд, ки далелҳои коррупсиониро ошкору пешгирӣ, сабабу омилҳои ба амал омадани коррупсияро омӯзанд ва таҳлил кунанд, оид ба осон кардани равандҳо ва ҷорӣ намудани усулҳои нави идоракунӣ, ки имконият медиҳанд, то коррупсия камтар гарданд, пешниҳодҳо таҳия созанд.

Коррупсия дар шароити муосир аз мушкилоти дохилӣ ба проблемаи байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Ин зуҳуроти номатлуб дар таҳқиқи худ нишон дод, ки решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва баробари ташаккулёбии давлатҳо ба вуҷуд омада, зуҳур намудааст.

Набояд фаромӯш сохт, ки коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфта, он ба раванди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ мерасонад.

Эгамбердиев А.Ш., мушовири академии дараҷаи якум дар шуъбаи рӯзонаи факултети химияи ДМТ