МУАЛЛИМ – ОФТОБИ МАЪНАВИЯТ!

79

Муаллим офтобе дон, ки метобад ба баҳру бар,

Зи нури илм равшан менамояд даҳрро яксар.

Дар таҳти ин мисраъҳо мазмуни амиқе нисбати омӯзгор нуҳуфтааст. Офтобро барои гармиву рӯшанияш истиқбол мекунанд. Вақте ки субҳ тулӯъ мекунад, олам аз партави он мунаввар мегардад, худ месӯзад, то хушбахтии зиндагии дигаронро таъмин намояд. Муаллим ҳам бо нури илму дониш ба тамоми олам рӯшанӣ меафканад. Ин партави заковату маънавияти инсон аст, ки имрӯз коинотро фатҳ менамояд. Ба вуҷуд омадани технологияҳои навтарини замонавӣ, рушди воситаҳои иттилоот, кашфи тамоми нуқтаҳои Замин, баромадан ба Кайҳон ва монанди инҳо натиҷаи рушди тафаккури инсон мебошанд, ки бо такмили донишу маънавият ба даст омадааст. Пас, муаллим касе оддӣ нест, балки масъули имрӯзу ояндаи инсон мебошад.

Беҳуда нест, ки дар адабиёти ниёгони мо доимо нисбати устод ҳикматҳои пурқимат гуфта шудааст ва дараҷаи ӯро хеле баланд арзёбӣ мекунанд.

Дар ҳамаи давру замонҳо омӯзгор байни мардум эътибори вижае доштаву дорад. Ривоҷи тафаккур ва маънавияти насли ҷавон маҳз, ба ибтикору кӯшиши ӯ вобаста аст.

Аввалин ғунчаҳои боғи ҳаётро дар руҳияи некандешӣ ба воя мерасонад. Чашми онҳоро ба сӯи оламу одам боз мекунад ва сабаби такомули шахсияти онҳо мегардад.

Агар омӯзгори босаводу хушмуомила бошад ва тавонад, ки бо иҷрои нақшҳои гуногун ҳангоми дарс, ба дили шогирдон роҳ ёбад, шогирдон ӯро барои худ идеал интихоб мекунанд.

Тарбияву таълим ду унсури муҳими такомули шахсият дар ҷомеа мебошад, ки аз ҳама бештар барои соҳиб шудани ҷавонон ба он омӯзгор масъул аст. Дар ҳоле ки оилаву муҳити атроф аз ин истисно нестанд. Мактабро даргоҳи маърифат донистан низ беҳуда нест, чунки аввалин хиштҳои саводу маънавият дар ҳамин ҷо гузошта мешавад.

Муаллим, устод, омузгор

На ҳама ҳам аз уҳдаи кори омӯзгорӣ мебароянд, на ҳама ҳам ба он майлу рағбат доранд, чунки муаллимӣ масъулияти баланд ва вақти зиёдро талаб мекунад. Омӯзгорро зарур аст, ки дар баробари ташвишҳои зиндагӣ доим дар ҷустуҷӯву омӯзиш бошад, усулҳои наву дастнорас ва самарабахши таълимро пайдову кашф намуда, дар ҷараёни дарс корбаст намояд, вагарна бидуни омӯзиши мунтазам ба хонандагон чизе лоиқи таҳсин ва омӯзанда додан душвор аст.

Кӯдак баъди ба мактаб рафтан ба кадом соҳае, ки завқ пайдо кунад, аён аст, ки дар он соҳа муаллиме бомаҳорат дарс мегӯяд. Аз кадом дарс, ки дилгир шавад, аз ин мебарояд, ё ба ҷиҳати беэътибориву наёмадан ба таҳсил моҳияти дарсро нафаҳмидааст, ё муаллим аз уҳдаи шавқовар гузаштани дарс баромада натавонистааст.

Дар ҷомеаи имрӯз, ки технология босуръат ривоҷ меёбаду хонанда ба ҳамаи маводи таълимӣ метавонад дастрасӣ дошта бошад ва ҳамчунин бо истифода аз усули таълими масофавӣ хеле чизҳоро азхуд кардан мумкин аст, боз ҳам эҳтиёҷ ба омӯзгорони варзидаву дорои саводи баланди педагогӣ афзун мегардад. Шайх Саъдӣ бамаврид таъкид мекунад:

Дарси муаллим ар бувад замзамаи муҳаббате,

Ҷумъа ба мактаб оварад тифли гурезпойро.

Аз ин мисраъҳо фаҳмидан душвор нест, ки таълими босифат ва муаллими боҳавсала албатта, дар тафаккури талабагон нақши носутурданӣ мегузорад. Ҳамон вақт дарс дилбазан мешавад, ки муаллим аз усулҳои интерфаъоли дарс истифода бурда ва диққати онҳоро ба маводи омӯзиш ҷалб карда натавонад. Дар дарс фаъолияти хонанда аҳамияти муҳим дорад, бинобар ин, истифода аз усулҳои инноватсионии таълим барои сифатнок шудани он мусоидат мекунад.

Барои таълими дурустро ба роҳ мондан аввало тарбияи саҳеҳ мебояд. Зеро фарзанди тарбиянадида мисли гули бебӯй ва оши бенамак аст. Маҳз, маънавияти баланд, таҳаммулпазирӣ ва оқибатандешӣ дар натиҷаи тарбияи солим рӯи об меояд.

Барои он ки сухани омӯзгор хушку холӣ набошад, шахсияти ӯ дар баробари ин аҳамияти муҳимро молик аст, зеро тарбия ба дидан бештар самара медиҳад, то шунидан. Аз ин хотир, идеал будани омӯзгор дар тарбияи маънавӣ ва ташаккули маданияти ҷавонон нақш дорад.

Имрӯз усулҳои беҳтарини таълим ва маълумотҳои ҷолибро дар мавриди омӯзиш аз Ғарб гирифта истифода мебарем, аммо дар масъалаи тарбия ва маънавияти воло ҷавонони мо наметавонанд ба онҳо таҳлид намоянд, корҳои онҳоро таҷриба кунанд, аз маданияти миллии худ ҳимоя накарда, нисбати шахсияти устоди худ бепарво бошанд.Дар ҳақиқат, касе, ки нисбати дарсу муаллим фориғболӣ мекунад, дар дабистон таблаки дасти дигарон мегардад, яъне, дар ҳама ҷо қадру қиматашро аз даст хоҳад дод.

Имрӯзҳо дар кишвари мо барои баланд бардоштани савияи таълим ва рағбатноксозии омӯзгорон як қатор чорабиниҳо роҳандозӣ шудааст, ки барои ҳарчи вусъат ёфтани маҳорату малакаи омӯзгорони ҷавон имконият фароҳам меорад. Кӯмак ба омӯзгор ин кӯмак ба ояндаи ҷавонон аст, агар эҳтиёҷи моддиву маишии омӯзгорон таъмин карда шавад, онҳо ба тарбияи насли босавод ҳиммат мегуморанд ва дар натиҷа истеъдодҳои зиёд кашф мегардад. Бо дарназардошти ин ҷиҳатҳо ҳукумати кишвар барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии муаллимон ва афзун кардани малакаи касбии онҳо чораҳои зарурӣ меандешад, ки боиси хурсандист.

Дотсенти кафедоаи химияи органикӣ Саидов С.С.

Муаллими калони кафедраи химияи органикӣ Шоев С.Ҳ.