МУҚАРРАРОТ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

15

Инак соли панҷум аст, ки Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ба тасвиб мерасад. Тибқи ин Амр (аз 2 январи соли 2025, таҳти №АП-710) Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» тасдиқ шудааст. Дар шарҳи Амри мазкур аз ҷумла қайд шудааст:

– Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти назорат ва cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, он бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технологияҳо, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо гузаронида мешавад.

– Баргузории озмуни мазкур тайи солҳои 2021-2024 нишон дод, ки миёни ҷавонону наврасони кишвар таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бамаротиб зиёд гардида, замина барои дарёфт ва тарбия намудани мутахассисони баландихтисоси муҳандисию техникӣ гардидааст.- Ҷиҳати боз ҳам такмил ва таҳким бахшидани раванди баргузории озмун ва ҳавасмандсозии бештари иштирокчиён дар соли 2025, дар Озмун номинатсияи нав – «зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» низ илова карда шуда, шумораи ҷойҳо барои ғолибон дар даври ҷумҳуриявӣ аз 132 ҷой ба 156 ҷой зиёд гардид.

– Дар як вақт, бо дастури бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми маблағи мукофот барои ҳамаи ғолибони озмун ду баробар зиёд карда шуда, барои озмун аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 220 000 (нуҳ миллиону дусаду бист ҳазор) сомонӣ ҷудо карда шуд.

– Ҳамин тавр, соли 2025 барои ҳар як ғолиби ҷойи сеюм 30 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ, ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ ва барандаи Шоҳҷоиза 140 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст.

– Ҳамзамон бо ин, мукофотпулӣ барои ҳар як омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки шогирдонашон дар озмун сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоиза мешаванд, 20 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.

– Илова бар ин, хонандагон ва донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимӣ дар гурӯҳҳои пулакӣ таҳсил мекунанд, дар сурати сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ва ё Шоҳҷоиза гардидан дар даври ҷумҳуриявии озмун ба гурӯҳи ройгони таҳсил гузаронида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти назорат ва cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2021 инҷониб, яъне 5 сол аст, ки баргузор гардида истодааст. Тибқи банди 2-и Низомномаи Озмун он бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо тақсимот ба ду гурӯҳ дар алоҳидагӣ — муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шакли нав (литсейҳо, гимназияҳо ва муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ), хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ (бакалаврон ва магистрон), ходимони илмӣ (ба истиснои докторони илм, профессорон, аъзои вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ), аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, муҳандисон, конструкторон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун баргузор мегардад. То соли ҷорӣ Озмун аз рӯйи 7 номинатсия, имсол бошад аз рӯйи ҳашт номинатсия гузаронида мешавад:

1. математика (арифметика, алгебра, геометрия);

2. физика ва астрономия;

3. химия;

4. биология (ботаника, зоология, анатомия);

5. география;

6. технологияи иттилоотӣ;

7. зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ;

8. ихтироъкорӣ ва навоварӣ.

Номинатсияи нав ва иловашуда, ин номинатсияи зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ мебошад, ки дар банди 3-и Низомнома дарҷ гардидааст.

Боби 3-юми Низомнома ба Комиссияи Озмун (комиссияи ҷумҳуриявӣ) бахшида шуда, дар бандҳои 9 ва 10 ваколаҳои Комиссия мушаххас дарҷ гардидааст. Тартиби баргузории Озмун дар боби 4-ум ва бандҳои 11-18 оварда шудааст. Тибқи банди 11, Озмун аз чор давр иборат буда, моҳҳои апрел — октябр ба таври зайл ташкил ва гузаронида мешавад:

– даври якум — моҳи апрел дар муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳо;

– даври дуюм – нимаи дуюми моҳи май дар маркази шаҳр ва ноҳияҳо;

– даври сеюм — нимаи дуюми моҳи сентябр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;

– даври чорум — даври ҷумҳуриявӣ барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюми Озмун моҳи октябр дар муассисаҳои таълимии сохтори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Мувофиқи банди 16, дар ҳар як даври Озмун 6 ғолиб: ҷойҳои якум – 1 нафар, дуюм — 2 нафар ва сеюм — 3 нафар муайян карда мешавад.

Шартҳои иштирок дар Озмун бошад дар боби 5 ва бандҳои 19-24 дарҷ гардидааст. Дар банди 23 қайд шудааст, ки ғолиби даври чоруми Озмун, ки сазовори ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва барандаи Шоҳҷоиза гардидааст, то се сол дар Озмун ва минбаъд дар номинатсияи ғолибомадааш ҳуқуқи иштирок карданро надорад.

Талабот ба иштирокчиёни Озмун дар боби 6 ва бандҳои 25 ва 26 қайд шудааст. Дар асоси меъёри банди 25, донишу истеъдоди иштирокчиёни Озмун аз рӯйи донишҳои назариявии донистани қонуну қоидаҳо, теоремаву аксиомаҳо, назарияҳо, дуруст фаҳмонида додани моҳияти ҳодисаҳо ва равандҳои табиат, ҳалли масъалаҳои амалӣ ва корҳои озмоишӣ, инчунин намоиши дастоварди илмӣ ва навовариҳо муайян карда мешавад. Агар иштирокчӣ хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар даврҳои якуму дуюм ва сеюм ба қайд гирифта шуда бошад ва дар даври чорум донишҷӯйи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ шуда бошад, ҳамчун хонанда дар даври чорум иштирок мекунад. Тибқи банди 26, як шахс танҳо дар як номинатсия аз номи як муассиса ё маҳалли зист дар Озмун иштирок карда метавонад.

Дар боби 7 ва бандҳои 27 ва 28 Меъёрҳои арзёбии ғолибони Озмун сабт шудааст. Дар банди 27 аз ҷумла омадааст, вобаста ба номинатсия пешниҳоди супоришҳои Озмун (10 супориш ё саволу масъала) дар шакли зерин сурат мегирад:

– дар математика 40% назариявӣ ва 60% амалӣ;

– дар физика ва астрономия 50% назариявӣ ва 50% амалӣ-озмоишӣ (бо таносуби 80% физика ва 20% астрономия);

– дар химия 40% назариявӣ, 40% хаттӣ-амалӣ ва 20% озмоишӣ;

– дар биология 50% назариявӣ ва 50% амалӣ;- дар география 50% назариявӣ ва 50% амалӣ;

– дар технологияи информатсионӣ 20% назариявӣ ва 80% амалӣ;

– дар номинатсияи зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ аз рӯйи пешниҳоди барномаҳои нави компютерӣ ва мобилии таҳияшуда ва барномаҳои идоракунандаи зеҳни сунъӣ;

– дар ихтироъкорӣ ва навоварӣ аз рӯйи пешниҳоди ихтироот ва навоварӣ, аз ҷумла дастгоҳу таҷҳизот, техникаву технология, навъу намунаҳои нави зироат, дарахту буттаҳо ва маводди доруворӣ.

Тибқи банди 28, бо мақсади баҳогузорӣ намудан ба дониш, маҳорат ва малакаи довталабон аз ҷониби комиссияи Озмун ҷадвали 100-хола (ба ҳар савол ё супориш то 10 хол) муқаррар карда шудааст. Ҳамзамон мувофиқ ба зерсархати банди 28, дар сурати аз 70% кам ба даст овардани холҳо дар номинатсия, ҷойи якум дода намешавад.

Ваколатҳои ҳайати Ҳакамон дар боби 8 ва бандҳои 29-35 дарҷ гардидааст. Тибқи меъёри банди 32, шахсе, ки шогирд ё узви оилаи ӯ дар Озмун иштирок мекунад, ҳуқуқи ба ҳайати ҳакамон шомил гардиданро надорад.

Дар боби 9 ва бандҳои 36 ва 37 Тартиби пешниҳод барои дарёфти Шоҳҷоиза қайд шудааст.Мувофиқи банди 36, барои дарёфти Шоҳҷоиза довталабе роҳ дода мешавад, ки дар даври ҷумҳуриявӣ аз рӯйи номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ ҷойи якумро сазовор гардидааст.

Таъминоти молиявии Озмун дар боби 10 ва бандҳои 38-46 оварда шудааст.

Дар боби 11 ва бандҳои 47-50, Имтиёзҳо ба ғолибон дарҷ гардидааст. Дар банди 47, чунин қайд шудааст: ғолибони даври чорум (ҷойҳои 1, 2, 3) ва барандаи Шоҳҷоиза баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаи худ ба муҳлати се сол бе супоридани имтиҳон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар ба гурӯҳҳои ройгон қабул карда мешаванд. Мувофиқи банди 48 бошад, иштирокчиёни даври чоруми Озмун (хонандагони синфи 11) дар соли ҷорӣ ба ихтисосҳои фанҳои риёзӣ, дақиқу табиатшиносӣ ва техникӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар бе супоридани имтиҳон ба гурӯҳҳои ройгон қабул карда мешаванд. Хонандагон ва донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимӣ дар гурӯҳҳои пулакӣ таҳсил мекунанд, дар сурати дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ва ё Шоҳҷоиза гардидан, ба гурӯҳи ройгони таҳсил гузаронида мешаванд. Дар асоси банди 49 бошад, омӯзгороне, ки шогирдонашон дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 мегарданд, соҳиби унвони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» мегарданд.

Файзуллозода Э.Ф., декани факултети химияи ДМТ