МИЛЛАТАМ ТОҶИК, ЗАБОНАМ ТОҶИКИСТ!

215

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимаи дунё ба ҳисоб рафта, таърихи бузург дорад. Имрӯз ин забони муқаддасро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ ҳамагон мешиносанд ва мехоҳанд онро биомўзанд. Инро дидаву шунида мо соҳибзабонон низ вазифадорем, ки забони бузурги тоҷикиамонро поку беолоиш нигоҳ дошта, дар тозагиву равонии он ҳамаруза саҳмгузор бошем. Вазифаи ҳар як тоҷикзабон пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки барои поку беолоиш ва орӣ аз камбудиву нуқсонҳои ғайр ё забони бегона сухан гуфтан алфози модарии хеш саҳмгузор бошем. Ҳар як инсон пеш аз оне, ки бо забони дигар сухан ронад, пеш аз ҳама бояд донандаи хуби забони модарии хеш бошад.

Ҳар к-ў ба забони худ сухандон гардад,Донистани сад забон-ш осон гардад.Ин буд, ки 5 октябри соли 2009, таҳти №553 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул гардид. Мувофиқи моддаи 3, банди 2 – и ин қонун «Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад». Ҳамасола 5 октябр рўзи забони тоҷикӣ дар тамоми корхонаву идораҳо аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ бо як шукўҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Ҷашнгирии рўзи забони тоҷикӣ барои азхудкунӣ ва арҷгузори ба арзишҳои миллӣ такони ҷиддие медиҳад.Ба гуфтаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Забони точикӣ поянда аст, то даме, ки миллати тоҷик ҳаст, забони у низ пойдор хоҳад буд».Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.То забон дорад, ватандор аст у,То забондор аст, бисёр аст у.Забони модарӣ. Чӣ хел ибораи аҷибу фараҳбахш аст. Барои он забони модарӣ меномем, ки модари азизамон меҳри онро бо қатраҳои шири сафеди ҷонбахшаш ба ҷисму ҷони мо равон кардааст. Аз ин рў онро поку муқаддас мешуморем. Вақте ки кўдак таваллуд мешавад, ў аввал бо забони модариаш суруди “Алла”-и Модарро мешунавад, ки бо як ҷаҳон орзую умедҳо суруда мешавад. Шахсе ки забони модариашро поку муқаддас нигоҳ медорад, ў модарашро, ватанашро ҳамчунин азиз нигоҳ дошта метавонад. Чуноне ки устод Лоиқ фармудаанд:Заҳр бодо шири модар бар касе,К-ў забони модарӣ гум кардааст.Забони тоҷикӣ забони баландҳиммате, ки Саъдию Ҳофизи бузург, Синою Хайём, Бедилу Низомии зинатофарини ҳаёт, бо он ҳарф мегуфтанд. Забоне, ки Айниву Лоҳути, Мирсаиду Турсунзода, Бозору Лоиқ номдораш гардонидаанд, ки имрўз аз ҳастии бузургаш мо тоҷикон меболем ва фахр менамоем.Оре, забони тоҷикӣ бо фасоҳату балоғати худ асрҳо оламиёнро ба ҳайрат гузоштааст. Ҳатто намояндагони дигар забонҳо забони тоҷикиро арҷ гузоштаву тавассути он ба адабиёти оламшумули тоҷикон шиносои пайдо карда, аз он баҳра бардошта, ниёзҳои худро ба он мутобиқ сохтаанд. Нависанда ва шоири намоёни қазоқ Олжас Омарович Сулейменов гуфтааст: “Нутқи шифоҳии тоҷикон ба забони адабии форси ба лафзи дарист. Забоне, ки дар кураи шеъри Рўдакӣ гудохта, дар байтҳои Фирдавсӣ обутоб ёфта, дар ёқути кабуди Ҳофиз ва лаъли Хайём ҷило ёфтааст”.Модоме, ки дигарон забони тоҷикии моро бо як бузургии хоса ситоиш кардаанд, бояд мо барои омўзиш, омўзондан ва ҳифзи он пайваста кўшиш намоем.Ҷон фидо созам ба алфози дарӣ,Баҳри фарҳангу забони модарӣ.Ҳар сухан, ҳар харфи ў як санъат аст,Он забони хоси аҳли ҷаннат аст.Мирзохонов Диловар-ассистенти кафедраи усули таълими химияи факултети химияи ДМТ