“МИД”-И КАФЕДРАИ ХИМИЯИ ҒАЙРИОРГАНИКӢ

181

Дар асоси нақшаи баргузории маҳфилҳои илмии донишҷӯёни (МИД)-и факултети химияи ДМТ, маҳфили илмии “Сарчашмаи кимиё”-и кафедраи химияи ғайриорганикии факултет баргузор гардид.

Дар маҳфил маърӯзаи аъзоёни фаъол, донишҷӯёни курси 1-уми ихтисоси 1-31050102-химия шуъбаи рӯзонаи факултет, гурӯҳи тоҷикӣ Норова Лайло дар мавзӯи “Гурӯҳи витаминҳои В” ва донишҷӯи ҳамин гурӯҳ Сафаров Эҳсон дар мавзӯи “Хосиятҳои физики, химиявӣ ва биологии руҳ” шунида шуд.

Дар кори маҳфил и.в. мудири кафедраи химияи ғайриорганикӣ Сафаров С.И., муовини декан оид ба илм ва инноватсия, роҳбари МИД-и кафедра Ҷурабеков У.М., мушовири дараҷаи якуми академии дар шӯъбаи рӯзона Эгамбердиев А.Ш., устодони кафедраи химияи ғайриорганикӣ Мабатқадамзода К.С., Абдулҳаева М.И., Назаров О.Н. ва аъзоёни маҳфил ширкат варзиданд.

Маҳфил бо маърӯзаҳои илмӣ-назариявӣ ва саволу ҷавоб байни баромадкунандгон ва иштирокчиён сурат гирифт.