МАВЛОНО ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ ҲАМЧУН МУТАФАККИРИ КИМИЁШИНОС

34

Дар асри XIII, яке аз давраҳои пурбори рушди адабиёт ва тафаккури ирфонӣ, чеҳраҳои бузурги назми форсу тоҷик ба арсаи адабиёт қадам гузоштанд. Аз ҷумла, се симои намоён — Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ ва Амир Хусрави Деҳлавӣ дар ин давра шукуфтанд.

Ҷалолуддини Балхӣ (1207–1273), ки бо номи Мавлоно низ маъруф аст, аз шаҳри қадимии Балхи Бузург — яке аз марказҳои бостонии тамаддуни халқи тоҷик — бархостааст.

Мавлоно яке аз барҷастатарин намояндагони адабиёти ирфонӣ ва андешаи фалсафии тасаввуф аст. Аз осори маъруфи ӯ метавон «Девони Шамс» ва бахусус «Маснавии маънавӣ»-ро ном бурд, ки аз шаш дафтар ва беш аз 26 ҳазор байт иборат буда, ҳамчун энсиклопедияи тасаввуф шинохта мешавад. Мавлоно дар ин асар бо истифода аз забони сода ва шаклҳои назми халқии тоҷик, аз қабили ғазал, маснавӣ ва тамсил, фалсафаи ирфониро ба таври муассир баён намудааст.

Яке аз мавзуъҳои ҷолиб ва пайваста дар осори Мавлоно — мафҳуми кимиё аст. Ӯ дар «Маснавии маънавӣ» на танҳо кимиёро ба маънои рамзии рӯҳонӣ, балки ба маънои илмӣ ва амалии он низ истифода мебарад. Ин ҷанба ба таври амиқ нишон медиҳад, ки Мавлоно на танҳо як ориф, балки як мутафаккири огоҳ аз илмҳои замони худ, аз ҷумла илми кимиё низ будааст.

Ба гунаи мисол, ӯ менависад:

Кимиёсоз аст, чӣ бувад кимиё?
Муъчизабахш аст, чӣ бувад симиё?

Ё дар шеъри дигар:

Андаро, акнун ки растӣ аз хатар,
Санг будӣ, кимиё кардат гуҳар.

Дар ин ҷо кимиё ҳамчун рамзи дигаргунсозии ботин ва зоҳир, ҳам дар маънои илмӣ ва ҳам ирфонӣ истифода шудааст.Мавлоно инчунин таъсири илми кимиёро дар тағйир додани арзишҳо, сангҳоро ба ҷавоҳир табдил додан ва афзудани арзиш тавассути шинохт ва амали илмӣ чунин баён мекунад:

Вақти бозӣ кӯдаконро з-ихтилол,
Менамояд он хазафҳо зарру мол.
Орифонаш кимиёгар гаштаанд,
То ки шуд конҳо бари эшон нажанд.

Дар ин байтҳо, кимиё на танҳо ҳамчун илми таҷрибавӣ, балки ҳамчун рамзи тағйир ва такомули рӯҳонӣ истифода шудааст.Дар дафтари панҷуми «Маснавии маънавӣ», Мавлоно ба таври ошкор кимиёро ҳамчун мисоли роҳи ирфонӣ истифода мебарад. Ӯ менависад:

Шариъат чун кимиё омӯхтан аст,
Тариқат — мисро дар кимиё молидан,
Ҳақиқат — зар шудан ва озод шудан аз илму амал.

Ба гуфти ӯ, шахс дар ибтидо шариатро, мисли кимиё, меомӯзад; баъдан ба амал мегузарад ва ниҳоят ба дараҷаи ҳақиқат мерасад —ки он тағйир ёфтани мис ба зар аст. Ин қиёс нишон медиҳад, ки Мавлоно бо назари жарф кимиёро ҳамчун инъикоси равиши сегонаи сӯфия: шариат, тариқат ва ҳақиқат истифода мекунад.

Мавлоно дар ҷойи дигар кимиёро васф мекунад:

Кимиё дорӣ, ки табдилаш кунӣ,
Гарчи ҷӯйи хун бувад, Нилаш кунӣ.
Инчунин миногариҳо кори туст,
Инчунин иксирҳо асрори туст.

Ё:

Ман ғуломи он миси ҳимматпараст,
К-ӯ ба ғайри кимиё н-орад шикаст.

Ин байтҳо нишон медиҳанд, ки кимиё дар назари Мавлоно қобилияти тағйири куллӣ дорад — мисро ба зар табдил додан, хунро ба Нил монанд кардан ва хокро ба зебоӣ овардан — ва ин ҳама на танҳо ишораи фанни кимиё, балки рамзи таҳаввули ботинии инсон аст.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар осори худ кимиёро на танҳо ҳамчун илми моддӣ ва амалии замони худ мешиносад, балки онро ба яке аз рамзҳои аслии рушду такомули инсони комил табдил медиҳад. Бо истифодаи бисёрқабата аз мафҳумҳои кимиёгарӣ, ӯ роҳи ирфонӣ ва ботиниро тавзеҳ медиҳад ва нишон медиҳад, ки чӣ гуна инсон метавонад аз “мис” ба “зар” табдил ёбад — аз мавҷуди омиёна ба шахсияти камолёфта.

Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки Мавлоно танҳо як орифи ишқварз набуда, балки мутафаккире будааст, ки бо илму маърифат, аз ҷумла бо илми кимиё, шиносоии амиқ доштааст ва онро ба таври рамзӣ дар рушди маънавии инсон истифода бурдааст.

Файзуллозода Э.Ф., декани факултети химияи ДМТ