МАРҲИЛАҲОИ АСОСИИ ИНКИШОФИ ИЛМҲОИ ДАҚИҚ ДАР ТОҶИКИСТОН

116

Дар замони ҳозира пешравии илмҳо, махсусан илмҳои дақиқ (химия, физика, биология, алгебра, геология, информатика ва ғайраҳо) сарчашмаи пешравии саноати вазиин, сабук, соҳаи хӯрокворӣ, соҳаи хоҷагии қишлоқ, тиб ва ғайраҳо инкишофи давлатро муайян менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул намуд, ки он барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он заминаи амиқ мегузорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 дастовардҳои асосии иҷтимоию иқтисодии мамлакатро дар соли 2019 таҳлилу баррасӣ намуда, ба рушди соҳаи саноат аҳамияти махсус зоҳир намуданд. Пешвои миллат, аз ҷумла зикр намуданд: “Мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ–индустриалӣ ба индустриалӣ–аграрӣ амалӣ гардонида истодаем”.

Моҳи апрели соли 1926 Академияи илмҳои Россия ба Академияи Илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ табдил дода шуд. Дар назди академия Комиссияи махсус оид ба таҳлил ва тадқиқи ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва соҳибмухтор (автономӣ) ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ шурӯъ намуданд. Кумитаи махсус дар самти ташкил намудани муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии ҷумҳуриҳои иттифоқӣ аз ҷумла Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон замина ва шароитҳои навро фароҳам оварданд. Солҳои баъдӣ ин кумита ба Комиссияи илмӣ-таҳқиқотӣ – экспедитсионӣ номи худро иваз намуд (соли 1928).

Ташкилёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон соли 1929 бо якҷоягии ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон ба омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷумҳурӣ диққати махсусро зоҳир намуданд.

Дар ҳамин давра аз тарафи Академияи Илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҷумҳурӣ асосан ба Помир ва Бадахшони шарқӣ экспедитсияи махсуси илмӣ оид бамуайян намудани забони гуфтугӯӣ, урфу одат, хулқу атвор, иқлим, релеф, захираҳои табиӣ, захираҳои манбаъҳои сӯзишворӣ (нефт, газ, ангиштсанг), кофтукоб ва муайян намудани захираҳои металлҳои асил, камёфт ва қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ равона шуда, фаъолият намудааст. Роҳбарии қисмати таҳқиқотии мардумшиносӣ, таърихнигорӣ ва архиологиро оид ба шеваи тоҷиконе, ки дар Помир ва як қисми Бадахшон истиқомат доштанд академик М.С.Андреев ва гурӯҳи илмӣ-таҳқиқотӣ ба таври мукаммал меомӯхтанд, ки ӯ онҳоро роҳбарӣ менамуд.

Ташкил ва равона намудани чунин комиссияҳои босалоҳият ва пайдоиши илмҳои муосири тоҷик аз ҷумла илми химия заминаҳои мустаҳкам барпо намуданд. Новобаста аз шароитҳои душвори интиқоли дастгоҳҳо ва таҷҳизотҳо (набудани роҳҳои ҳамвор), номусоид будани шароитҳои иқлим ва мавқеи географӣ (93%- ҷумҳуриро куҳҳо ташкил мекунанд) чунин комиссияҳо ва экспедитсияҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо натиҷаҳои назаррас ноил гаштаанд. Омӯзиши пай дар пай ва бонизоми илмӣ-таҳқиқотӣ захираҳои боигариҳои табиӣ, мавқеи географӣ, иқлим, таҳлили обу хоки ҷумҳурӣ, захираҳои манбаъҳои сӯзишворӣ, захираҳои металҳои нодир, камёфт ва қиматбаҳодуруст муайян шуда, аз нуқтаи назари илмӣ асоснок карда шудаанд. Фаъолияти босамари илмӣ- таҳқиқотии чунин комиссияҳо дар назди худ вазифаҳои зиёдеро гузошта буданд ва онҳоро бо муваффаққият иҷро намудаанд, ки метавон бо тариқи зайл маънидод намуд:

1.Муайян намудани ҳолати сейсмологӣ (заминларза) ва мутобиқ ба ин сохтани биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳои саноатӣ, роҳҳо, пулҳо ва биноҳои хизмати маишӣ;

2.Муайян намудан ва тадқиқи пиряхҳо асосан дар Бадахшон ва Бадахшони Шарқӣ, захираҳои об ва сарчашмаҳои он.Масъалаҳои гидрогеологӣ ва гидроэнергетикӣ яке аз масъалаҳои мураккаб ва ҳалношудаи он замон ба ҳисоб рафта, зиёда аз 94 %-аҳолии ҷумҳурӣ аз истифодаи нерӯи барқ маҳрум буд, ки он ҳалли худро талаб менамуд ва ниҳоят зарурӣ ҳисоб мешуд. Ба ғайр аз ин ба об таъмин намудани аҳолӣ ва обёрӣ намудани заминҳои нав махсусан дар пойёноби Амударёи ҷумҳуриҳои бародарии иттифоқӣ-Ҷумҳурии Шӯравӣ Сотсиалистии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Шӯравӣ Сотсиалистии Қазоқистон, Ҷумҳурии Шӯравӣ Сотсиалистии Қирғизистон, Ҷумҳурии Шӯравӣ Сотсиалистии Туркманистон ба миён омада буд. Ҳалли ин масъалаи муҳими гидрогеологӣ ногузир буда, ҳарчи бештар бояд ҳал мешуд.

3.Ҳадафи дигари таҳқиқотҳо дар ноҳияҳои марказӣ, шимолӣ ва ҷанубии Тоҷикистон гузашта, оид ба рушди илм, истеҳсолот ва хоҷагии қишлоқ, заминаҳо барпо намудаанд. Таҳлилу таҳқиқотҳои илмӣ идома ёфта, таркиби қаторкӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисор муайян карда шуданд. Дар ин қаторкуҳҳо захираҳои элементҳои химиявӣ, захираҳои манбаъҳои сӯзишворӣ, конҳои тилло ва алмос муайян карда шуданд. Миқёси географии таҳқиқотҳо бештар аз 1 000000 км2–ро ташкил медод.

4. Дар дараи Варзоб ва водии Зарафшон конҳои полиметаллӣ ёфт шуданд, ки муҳимияти саноатӣ доштанд. Дар водии Зарафшон конҳои баландсифатӣ азбест, флюорит, маъданҳои мис, сурма, қалъагӣ, арсен, қурғошим, молибден, нуқра, тилло ва ғайраҳо муайян шуда, нақшаҳо, амалҳо оид ба коркарди онҳо мураттаб мегардид. Дар водии Ҳисор, Вахш ва минтақаҳои вилояти Кӯлоб захираҳои конҳои намак, масолеҳи сохтмонӣ (санги хоро, мармар, азбест, гилхок), захира ва ташкили пойгоҳҳо оид ба истеҳсоли нуриҳои минералӣ (нуриҳои фосфордор, нитрогендор, калийдор, карбамид) муайян гардид. Дар минтақаҳои Қаротегин ва Кӯлоб(ҳозира ноҳияҳои Рашт, Ховалинг, Балҷувон, Данғара, Темурмалик, Тавилдара) конҳои маъданҳои ангиштсанг, газҳои табиӣ инчунин конҳои тиллои сурх муайян шуд, ки коркард ва тадқиқи он дар оянда муҳимияти стратегӣ доштанд.

5.Таҳлил ва тадқиқи олами наботот ва ҳайвоноти Тоҷикистон муҳимияти асосӣ дошта, комиссияҳои илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба ин масъалаҳо корҳои зиёде ба анҷом расонидаанд. Олимони ин соҳа геоботаникҳо Б.А.Федченко, Н.М. Вавилов, Н.П.Попов ва гурӯҳи илмӣ- таҳқиқотии онҳо оид ба ин соҳа заҳматҳои зиёде кашидаанд.Муайян намудани арзу сарҳад ва маскунияти ҳайвонҳои ширхӯр, парандагон, хазандагон ва олами наботот пурра таҳлил ва асоснок карда шуданд. Ноҳияҳои Сталинабод, водии Вахш, резишгоҳи дарёи Панҷ, вилояти Кӯлоб, водиҳои Ҳисор, Қаротегин, Зарафшон ва мавзеъҳои Бадахшони куҳӣ оид ба ин самт омӯхта ва таҳлили илмӣ гардид. Ин фаъолитҳои босамар боиси ташаккул ва рушди илмҳои муосири тоҷик аз ҷумла илми химия гашта, барои беҳбудӣ ва некуаҳволии халқи кишвар заминаҳои мустаҳкам фароҳам овардаанд.

Заминаҳои асосӣ ва ташаккули илмҳо махсусан илми химия ин ташкил ва гузаронидани «Конференсияи омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи Ҷумҳурии Шӯравии СотсиалистииТоҷикистон» буд, ки аз 10 апрел то 16 апрели соли 1936 дар шаҳри Ленинград (Санкт -Петербург) баргузор гардид. Фаъолияти ҳамоҳангии Академияи Илмҳои собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Сотсиалистии Шӯравӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва иштироки намояндогони сохторҳои гуногуни ҷамъиятӣ, муассисаҳои илмӣ, фаъолони соҳаҳои саноат ва ҳоҷагии қишлоқ бо ҳам омада, муайян намудани тараққиёти минбаъдаи ҷумҳурӣ, дурнамоии илм, маърифат, адабиёт ва санъат, саноат ва хоҷагии қишлоқро таҳлил ва баррасӣ намуда, оид ба пешравии ин самтҳо нақшаҳо ва чорабиниҳои минбаъда андешиданд.

Бинобар ин, аввалин маротиба харитаи Тоҷикистон оид ба захираҳои маъданҳои кӯҳи, релеф, мавқеи географӣ, иқлим, захираҳои нефт, газ, ангиштсанг ва канданиҳои захираҳои конҳои тилло, нуқра ва дигар элементҳои химиявӣ пешниҳод ва тасдиқ шуданд. Ҳамин тавр, асоси тараққиёти минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, пешравии он дар5-солаҳои минбаъдаи онҳо асоси воқеӣ пайдо намуданд.

Дар маҷмӯъ ҳамаи он масъалаҳое, ки дар паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ матраҳ мегарданд, моро водор месозад, ки дар атрофи ғояҳои созандаи Пешвои миллат муттаҳиду сарҷамъ бошем ва барои татбиқи амалии онҳо чораҳои қатъӣ амалӣ намоем.

Каримов Р.Қ.- ассистенти кафедраи усули таълими химияи факултети химияи ДМТ

Гадоев С.Ш.-ассистенти кафедраи химияи таҳлилии факултети химияи ДМТ

Зуҳуров М.С. –магистранти соли дуюми кафедраи усули таълими химияи факултети химияи ДМТ