МАҲФИЛИ ШОҲНОМАХОНӢ

8

Имрӯз (05.12.2025) дар факултети химияи ДМТ маҳфили “Шоҳномахонӣ” сурат гирифт, ки дар кори он доктори илмҳои филологӣ, профессор Солеҳов Мирзо иштирок ва суханронӣ намуд.

Маҳфилро декани факултет, дотсент Файзуллозода Э.Ф. оғоз бахшида, қайд намуд, ки бо ташаббус ва ғамхориҳои навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба ҳар як хонадони тоҷик тӯҳфа гардид, ки ин беҳтарин тӯҳфаи маънавӣ баҳисоб меравад. Ҳамзамон санаи 29 августи соли 2025 ба тасвиб расидани Амри Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмуни ҷумҳуриявии Шоҳномахонӣ дар соли 2026 як иқдоми навбатии Пешвои муаззами миллат дар мавриди таҳрикбахшии эҳсоси худшиносии миллӣ мебошад. Чуноне ки Пешвои миллат гуфтаанд: «Шоҳнома» танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ ва ривояту афсона нест. Он пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонӣ аст».

Баъдан профессор Солеҳов М. баромад намуда, ин иқдомро аз иқдомоти беҳтарин дар мавриди худшиносии миллӣ номид ва қайд кард, ки “Шоҳнома” бо иқтидори бузурги маънавии худ завқи эстетикии ҷавононро баланд мебардорад. Дар ин асари оламшумул дар пояи эҷоди баланд ҳама асолати гузаштаи миллати мо дарҷ ёфтааст. Ин асар назм аст, аммо таърихи равшани миллати моро бозгӯ менамояд. Қаҳрамонони мусбати ин асар як навъ идеале мебошанд, ки гуфтору амалашон дар роҳи ҳифзу дӯст доштани ватан эҳсосангезанда мебошанд. Ин асар натанҳо дарси ҷавонмардӣ аст, балки дар ғанигардонии фарҳангу адабу забони тоҷикӣ нақши бузургеро соҳиб буду ҳаст. Ҳама ташаббусу иқдомҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин асари безавол ба он ваҷҳ аст, ки миллати тоҷик таърихи худро ҳамаҷониба донаду омӯзад. Рӯ овардан ба “Шоҳнома” ин тарбияи шаҳрвандон ва умуман ҳамзабонону ҳамватанони мо мебошад.

Дар анҷом аз ҷониби донишҷӯёни факултети химия порчаҳо аз “Шоҳнома” қироат гардид ва онҳо аз ҷониби профессор Солеҳов М. мавриди таҳлил қарор гириф. Иқдоми навбатии факултети химияи ДМТ -ро вобаста ба баргузории маҳфили “Шоҳномахонӣ” устод Солеҳов М., баҳои баланд дода, як қадами хубе барои омодагиҳо ҷиҳати иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” номид.

Бахши илм ва робитаҳои байналмилаии факултети химияи ДМТ