Маҳфили илмии “ТАБИАТШИНОС”

311

Маҳфили илмии “ТАБИАТШИНОС” тобеъи раёсати илми донишгоҳ буда, паваста чорабиниҳои илмӣ дар байни олимони фанҳои табиатшинос баргузор менамояд. Дар маҳфили навбатӣ, дотсенти кафедраи химияи татбиқии факултети химияи ДМТ Ёрмамадова С.Г. дар мавзӯи “ХОСИЯТҲОИ МУҲИМИ ЭЛЕМЕНТҲОИ ОҲАН, МИС ВА РУҲ”, ки вобаста ба масъалаи мазкур зиёда аз 20 сол таҳқиқот гузаронидааст, маърӯза намуд.

МУҲТАВОИ МАЪРӮЗА:

Нақши элементҳои химиявӣ дар раванди фаъолияти ҳаёт ва равандҳои биологии узвиёти инсон хеле муҳим аст. Муайян карда шудааст, ки таркиби организми инсон қариб аз 72 элементи химиявӣ иборат аст, аммо аз инҳо 30 элементи химиявие вуҷуд доранд, ки бе мавҷудияти ин элементҳо инсон вуҷуд дошта наметавонад. Ин элементҳо элементҳои ҳаётан муҳим ном доранд. Ба ғайр аз ин боз элементҳое вомехўранд, ки миқдори онҳо хеле кам буда, дар миқдорҳои муайян заҳр ҳисобида мешаванд. Тамоми организмҳои зинда аз он ҷумла инсон дар муносибати зич бо табиат ҳаёт ба сар мебарад. Ҳаёт ҳама вақт дар талаби доду гирифти маҳсулотҳо дар организм аст. Манбаи ба организм дохил шудани элементҳои химиявӣ асосан хўрок ва оби нўшокӣ мебошад. Организми инсони солим аз 60% об, 34% моддаҳои органикӣ ва аз 6 % моддаҳои ғайриорганикӣ таркиб ёфтааст. Элементҳои асосии моддаҳои органикӣ C, H, O, N, P ва S мебошанд. Ба моддаҳои ғайриорганикии организми инсон асосан 22 элементи химиявӣ дохил мешаванд, ки инҳо мебошанд: Ca, P, O, Na, Mg, S, Cl, K, V, Mn, Fe, Co, Ni, Cu, Zn, Mo, Cr, Si, J, F ва Se.

Оҳан яке аз элементҳои фаъоли биологӣ буда, дар организми зинда нақши он ниҳоят бузург аст. Онро аз ҷиҳати нақшаш дар организми зинда ҳамчун «Элементи ҳаёт» номидаанд. Норасоии оҳан дар орагизм боиси касалиҳои гуногун, аз он ҷумла анемия (камхунӣ) ва дигар бемориҳо мегардад. Дар растаниҳо бошад, норасоии оҳан ба пастшавии суръати синтези хлорофилл ва баъзе витаминҳо сабаб шуда метавонад. Дар узвиёти одами калонсол аз 4 то 5 г оҳан мавҷуд аст, ки аз он 65%-аш дар хун ҷойгир аст. Бо ёрии сафедаи ферритин, ки дар таркибаш оҳан дорад, дар ҷигар, устухони мағзи сар ва сипурз оҳан ҷамъ мешавад. Умуман ҳисоб кара шудааст, ки оҳан яке аз 10 элементи ҳайёт мебошад.

Мис яке аз элементҳои зарурии чӣ хоҷагии халқ ва чӣ саноату тибб буда, барои инсоният нақши муҳимро мебозад. Соҳаи асоси истифодабарии мис бо шакли хӯллаҳои гуногуни саноатӣ, электрохимиявӣ, металлургяи химиявӣ, истеҳсоли рангҳои менералӣ, саноати шишабарорӣ, нуриҳои менералӣ мебошад. Хӯллаҳои мисдошта қисми асосии ноқилҳоро ташкил медиҳанд. Дар организми зинда мис ба миқдори на он қадар зиёд вомехўрад. Асосан он ба таркиби сафедаҳо ва баъзе ферментҳо дохил аст. Дар организм пайвастагиҳои мис барои синтези гемоглобин ва фосфолипидҳо зарур аст. Норасоии мис дар организм сабаби касали анемия шуда ва барзиёдиаш ба ҷигар зарар меоварад. Мис ҳамчун микроэлемент, дар қатори Fe, Mn, B, Zn ва Co барои афзоиши растаниҳо аҳмияти калон дорад. Агарчанде худ дар баъзе равандҳои муҳим иштирок нанамояд ҳам, барои сурат гирифтани баъзе равандҳо яке аз фуксияҳои заруриро мебозад, фаъолияти ферментҳоро зиёд мекунад, барои синтези қанд, крахмал, сафедаҳо ва ферментҳо шароит фароҳам меоваранд.