МАҲФИЛИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁНИ (МИД)-И “АНАЛИТИК”

178

Дар асоси нақшаи баргузории маҳфилҳои илмии донишҷӯёни ҶИД-и факултети химияи ДМТ, имрӯз (17.11.2023) маҳфили илмии донишҷӯёни (МИД)-и “АНАЛИТИК”-и кафедраи химияи таҳлилии факултет баргузор гардид.

Дар маҳфил маърӯзаи аъзоёни фаъоли он, донишҷӯёни шуъбаи рӯзонаи факултет, курси 4-уми ихтисоси 1-31050102-химия, гурӯҳи тоҷикӣ Усмонзода Шерафган дар мавзӯи “Усули таҳлили атомӣ-абсорбсионӣ” ва донишҷӯи курси 3-юм Маҷидов Рустам дар мавзӯи “Усули кондуктометрии таҳлил шунида шуд.

Дар кори маҳфил и.в. мудири кафедраи химияи таҳлилӣ Бобокалонов Т.Б., муовини декан оид ба илм ва инноватсия Ҷурабеков У., роҳбари МИД “АНАЛИТИК”-и кафедра Идиев И.Ш., устодони кафедраи химияи таҳлилӣ Шеров Қ.М., Норова М.Т., Ҳамзаева Г. Ч., Қурбонова Ф.Ш., Содатдинова А.С., Ҳасанов О.Қ. ва аъзоёни маҳфил ширкат варзиданд.

Маҳфил бо маърӯзаи илмӣ-назариявӣ ва саволу ҷавоб байни баромадкунандгон ва иштирокчиён сурат гирифт.

ҶИД-и факултети химияи ДМТ