МАҲФИЛИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН БО НОМИ “САРЧАШМАИ КИМИЁ”

15

Дар асоси нақша-чорабиниҳои баргузории маҳфилҳои илмии назди кафедраҳои факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва иҷрои бандҳои нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф солҳои 2020-2040”, дар пояи кафедраи химияи ғайриорганикии факултети химияи ДМТ саннаи 21.12.2024 маҳфили илмии донишҷӯён бо номи “Сарчашмаи кимиё” баргзор карда шуд.

Дар кори маҳфили илмӣ баромади донишҷӯи курси 1-уми ихтисосҳои 31050102-химия (фаъолияти илмию педагогӣ) Ашурова Фарзона дар мавзӯи «Хосиятҳои биологии калсий» ва донишҷӯи курси якуми ихтисоси 48010100-Технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ мавод ва маҳсулот Муҳиддинова Фаришта дар мавзӯи «Манган. Хосиятҳои биологӣ ва пайвастаҳои он» шунида шуда, муҳокима гардиданд.

Маҳфили илмии мазкур дар сатҳи хуб баргузор карда шуда бо пурсишу посух ва мубоҳисаҳои илмӣ аз тарафи донишҷӯён ва иштирокчиён баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар кори маҳфил ба ғайр аз аъзоёни маҳфил ҳамзамон устодону муҳаққиқон низ иштирок намуданд.