Дар асоси нақша-чорабиниҳои баргузории маҳфилҳои илмии назди кафедраҳои факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва иҷрои бандҳои нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020-2040”, имрӯз 19.12.2024 дар пояи кафедраи химияи таҳлилии факултети химияи ДМТ маҳфили илмии донишҷӯён бо номи “Аналитик” баргзор карда шуд.
Дар кори маҳфили илмӣ баромади донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 31050102-химия (фаъолияти илмию педагогӣ), гурӯҳи русӣ Ҷумаев Бердибой дар мавзӯи «Исследование состава комплексного соединения методом потенциометрии» ва донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 31050102-химия (фаъолияти илмию педагогӣ), гурӯҳи русӣ Ҳасанова Гулсанам дар мавзӯи «Определение кислотности молоко» шунида шуда, муҳокима гардиданд.
Маҳфили илмии мазкур дар сатҳи хуб баргузор карда шуда, бо пурсишу посух ва мубоҳисаҳои илмӣ аз тарафи донишҷӯён ва иштирокчиён баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар кори маҳфил ба ғайр аз аъзоёни маҳфил ҳамзамон устодону муҳаққиқон низ иштирок намуданд.