Ахбор МАҲФИЛИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БО НОМИ “МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ” 20.12.2024 11 Дар ҳошияи Ҳамоиши илмӣ-назариявии ҷумҳуриявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати экологӣ” дар шаҳри Душанбе, ки санаи 19.12.2024 дар толори калони бинои маркази Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, имрӯз (20.12.2024) Садорати факултети химияи ДМТ маҳфили илмӣ-назариявие бо номи «Маърифати экологӣ» баргузор намуд. Дар рафти маҳфил декани факултет, дотсент Файзуллозода Э.Ф. қайд намуд, ки тамоили бадшавии вазъи экологӣ хоси танҳо давлатҳои мутараққии ҷаҳон, яъне он давлатҳое, ки корхонаҳои саноатии калон доранд, нест. Албатта ба дараҷаи баланди истеҳсолоти саноатии чунин мамлакатҳо ногувории бештари экологӣ мувофиқ меоянд, вале ҳамбастагиву робитаи сайёравӣ сабаби тағйироти муҳити зисти мо низ мегардад. Тибқи маълумотҳои оморӣ сабабҳои асосии ифлосшавии ҳавои шаҳрҳо нақлиёти автомобилӣ (аз 53% то 70%) аст. Тамоюли ба атмосфера камтар воридшавии газҳои заҳрнокро дар шароити Тоҷикистон бо он шарҳ додан мумкин аст, ки аз як тараф раванди технологии корхонаҳои истеҳсолӣ такмил дода шуда аз тарафи дигар ҳаҷми худи истеҳсолоти саноатӣ назаррас зиёд шуда истодааст. Истифодаи бенизоми поруҳои минералӣ, заҳрҳои химиявӣ, партовҳои саноативу маишӣ ва комплексҳои чорводорӣ сабаби аз меъёр бештар ифлосшавии обҳои зеризаминӣ ва рӯйизаминӣ низ мегардад. Манбаъҳои азимтари партовҳои истеҳсолӣ заводи алюминии ш.Турсунзода, Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷикхимпром», заводи нуриҳои минералии Вахш, Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷиксемент» ва ғайра мебошанд. Дар ҷумҳурӣ ҳоло низоми муайяни ҷамъ намудану истифодаи такрории партовҳо коркард шуда, аксарияти партовҳои истеҳсолӣ боз ба раванди аз нав ба истеҳсолот ворид карда мешавад. Доир ба масъалаҳои экологӣ аз ҷониби донишҷӯён чунин баромадҳо шуд: 1. Донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 31050102- Химия Қамбаров Отаҷон дар мавзӯи «Роҳҳои ифлосшавии об ва муҳофизати он» 2. Донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 31050102- Химия Баротова мавзуна дар мавзӯи «Таъсири партовҳои маишӣ ва саноатӣ дар биосфера» 3. Донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 31050102- Химия Халилзода Мавлуда дар мавзӯи «Сабабҳои пайдоиши боронҳои кислотагӣ» 4. Донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 31050102- Химия Норова Лайло дар мавзӯи «Пирамидаи ғизо». Инчунин дар охир ҷамъбаст карда шуд, ки бо қарори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Соли 2024, соли маърифати экологӣ» дар шаҳри Душанбе эълон карда шудааст. Ин маънои онро дорад, ки мо бояд маърифати экологиро аз хона, маҳалла ва ҷойи кори худ сар карда, анҷом диҳем.