МАҲФИЛ ДАР ХОБГОҲ

141

Тибқи нақшаи чорабиниҳои маърифативу тарбиявии Садорати факултети химияи ДМТ бегоҳии рӯзи 24.11.2023 гурӯҳи устодони кафедраи химияи физикӣ ва коллоидии факултети химия бо роҳбарии мудири кафедра, дотсент Давлатшоева Ҷ.А. дар хобгоҳи рақами 5-и Донишгоҳ маҳфили маърифативу тарбиявӣ гузарониданд. Дар маҳфил устодон: Давлатшоева Ҷ.А., Самадов А.С., Ҷамолиддинов Ф.Ҷ. ва Ҳакимов Ҷ.Н. дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷӯҳи ҷавонон ба омӯзишу таҳқиқи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ маърӯза намуданд.