МАҲБУБИ ДИЛҲО-ПЕШВОИ МИЛЛАТИ МО!

129

Чун дар Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шурои Олии Тоҷикистон, 19 ноябри соли 1992 бо боварии том Эмомалӣ Раҳмонро якдилона Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд, роҳбари ҷавони чиҳилсола бо дарки масъулияти баланд, бо камоли шуҷоату ҷавонмардӣ ва боварии комил ба ояндаи неки тоҷикон савганд ёд карда буд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин, ҷон нисор мекунам…»

Умуман 31-сол мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлати тоҷикон аст ва ин таърихи кўтоҳ гувоҳи он гашт, ки дар ҳақиқат ин марди ростқавл аз иҷрои ваъдаи хеш сарбаландона баромад, маҳбуби дилҳо ва пешвои миллати мо гардид.

Мардуми зиёди гурезаро аз хоки Афғонистон ба Ватани бобоиямон баргардонд, манзилу корхонаҳои сўхтаву харобгаштаро обод сохт. Мардум бо талошу ҷонбозиҳои ин роҳбари оқил рўзҳои гуруснагию хунрезиҳоро паси сар карданд. Заминҳо имрўз шодобу корам, дар ҳама шаҳру навоҳӣ ва деҳаҳо имрўз хиёбону гулгаштҳо, боғҳо, иншоотҳои фарҳангиву фароғатӣ, биноҳои замонавию баландошёна, мактабҳо, сағирахонаву маъюбхонаҳо, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, беморхонаҳо, корхонаҳою фабрикаву заводҳо масҷиду зиёратгоҳҳо ва ғайра қомат афрохтаанд ва боз ҳам ин корҳои созандагиву бунёдкориҳои Ҷаноби олӣ идома ёфта истодааст. Ҳазорҳо километр шоҳроҳҳо ва нақбҳои бузург бунёд гардидаанд. Нерўгоҳҳои барқиву обии хурду бузург сохта ба истифода дода шудаанд, ки ин ҳама аз хизматҳои ин чеҳраи рақами яки сиёсӣ ва дастовардҳои Истиқлолият ба шумор меравад.

Аз ҳама дастоварди бузургтарини Эмомалӣ Раҳмон ин бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ аст, ки санаи 27- июни соли 1997 бо вуқўъ пайваст ва сарвари давлат ҳарифони мансабталабро олиҳимматона ба сари мансаб нишонд, ки ин худ аз бузургии дили ў шаҳодат медиҳад ва имрўз ин сулҳи тоҷикон чун намуна дар ҷаҳон мавриди омўзиш аст.

Дар ҳошияи андешарониҳо оид ба мафҳуми “пешвои миллат” боз як далелро аз таърихи навини Тоҷикистон қайд намудан ҷоиз аст, ки худ аз пешвогии Президенти кишвар, муҳтарам Эмлмалӣ Раҳмон далолат медиҳад. Мардуми Суғдзамин бо ифтихор гуфта метавонанд, ки оғози сулҳу ваҳдати Тоҷикистон, маҳз дар ҳамин ҷой, аниқтараш аз қасри овозадори Арбоб оғоз ёфтааст. Баъди интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шўрои Олӣ яке аз иштирокчиёни кўҳансоли Иҷлосияи ХУI – ум ба назди ў омада чунин гуфт: «Писарам! Умеди тамоми Тоҷикистон ба Шумост! Шуморо мо дар давраи мушкилу сарнавиштсоз роҳбари мамлакат интихоб намудем. Дили ҳамаи мо гувоҳ бар он аст, ки пои қадами шумо файзбор меояд». Ва дар ҷавоб роҳбари ҷавон гуфт: «Падар, як роҳ моро ба мурод мерасонад. Ин сулҳу салоҳ аст». Ва дар муроҷиати аввалинаш ба мардум гуфт: «Ман ба Шумо сулҳ меорам!» ва ў ин сулҳро ба халқи худ эҳдо намуд.

Ҳамин тариқ, сиёсати истиқлолхоҳона ва ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ, ки дар саргаҳи он пешвои тоҷикон, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон меистод, ҷомаи амал пӯшида, рӯз аз рӯз густариш меёбад. Миллати тоҷик бо чунин сарвари хирадманди худ метавонад аз имтиҳону мушкилот ва ихтилофотҳои замони пурталотуми сиёсӣ сарбаландона берун ояд.

Як ҳақиқат мусаллам аст: то он даме, ки тоҷик чунин пешво дораду кайфияти ваҳдатхоҳӣ дорад ва дар роҳи пешрафти истиқлоли худ талош мекунад, ҳеҷ кишваре, ҳеҷ миллате қудрати онро зери асорати худ қарор доданро надорад. Ин гуна миллат ҳеҷ гоҳ, бе ҳеҷ ваҷҳ таҳти ҷойталабии ҳадафи бегона қарор намегирад. Мехостем ин ақида на дар сатҳи шуури муқаррарӣ, балки дар сатҳи илмию назариявӣ ба таври амиқ аз ҷониби ҳар фард дарк ва талқин гардад: ниёзмандиҳои иқтисодию иҷтимоӣ, молиявию хоҷагидорӣ ва баъзан ҳаёти маънавӣ зиёданд, вале истиқлолу ваҳдат ҷаҳонбинии хеле фарох ва арзиши волост, бидуни он ҳалли он ниёзмандиҳову ормонҳо имконнопазир мебошанд. Ин амал хело зарур аст, зеро дар ҳақиқат ҳам дар шароити ҷаҳонишавӣ худшиносии миллӣ бе дарки амиқи манфиатҳои умумимиллӣ ва шинохти масъулияти таърихии афроди ҷомеа пойдор нахоҳад монд. Маҳз бо ҳамин хотир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон ҳамеша диққати кулли ҷомеа, хоса зиёиёнро ба проблемаи боло бурдани сатҳи худшиносии миллӣ ҷалб менамояд. Ба ақидаи Сарвари давлатамон бояд раванди худогоҳиву худшиносии мардуми кишвар густариши тоза пайдо карда, ҳисси ифтихори миллӣ, эҳсоси ватандўстӣ ва ватанпарастӣ ба пояи сиёсати давлатӣ бардошта шавад, зеро истиқлолият ҳамон вақт маъно ва моҳияти воқеӣ пайдо мекунад, ки агар ҳар яки мо онро дарк кунем.

Ноил шудан ба сатҳи баланди худшиносии миллӣ, заҳмати фавқуллодаи зиёди зиёиёни миллатро тақозо мекунад.

Нуқтаи муҳим дар корномаи ин шахсияти арҷманд густаришу тавсияи ормони милли тоҷикӣ аст, ки дар мисоли арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддун ва адабиёти гузашта, рўй овардан ба бузургдошти таърих – таҷлили Сомониён, ҷашни алломагони илму тамаддун Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва ғайра, таваҷҷўҳ ба равнақи илму маърифат ва равшангарӣ, ислоҳи раванди мактабу маориф ва даҳҳо дигар чораҷўиҳо аст, ки дар ин замина низ тоҷикон ба андўхтаву фарояндҳои таърихии даврони гузашта такя карда ва аз таҷрибаҳои ғанӣ суд ҷустанд.

Имрўз барои мо мардуми тоҷик саодати бузург аст, ки дар чунин фазои озоду кишвари обод умр ба сар мебарем. Ин пеш аз ҳама, нахуст аз шарофати неъмати Илоҳӣ ва саъю кўшиши шабонарўзиву сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мо мардуми ҳушёру бозаковатро зарур аст, бо шукргузорӣ аз ин Истиқлолияти миллӣ ва шароити мусоиду рўзгори матлуб ҳама рўза бар андешаи он бошем, ки чи гуна ҷомеаи озоду фазои кушоди кишварамонро аз иллат ва сирояти баъзе вирусҳои марговар раҳо созем. Ҳамеша дар мазраи қалбу зеҳн ва тафаккури мо ҳисси меҳанпарастӣ, худшиносӣ, ватандўстӣ ва инсонгароӣ ҷўш занад. Муҳаббат ба Ватанро чун ибодат ба Худо фарз шуморем ва дар ҳифзи якпорчагиву ваҳдати комили он саъю талош намоем.

Он ҳама хадамоти олие, ки дар заминаи устувор кардани сиёсат, иҷтимоиёт, фарҳанг, адабиёт ва мактабу маориф аз ҷониби Ҷаноби Олӣ ба сомон мерасад ва ба доираи назару эътибори аҳли давлат ва кишвар гузошта мешавад, сазовори ҳамагуна арҷгузориҳост. Ин ҳама дигаргуниҳои бештар аз си соли Тоҷикистон ҳаргиз аз дафтари таърих нахоҳад шуста шуд. Ин ба назари мо ҳукми бебозгашти таърих дар марҳилаи имрўзӣ аст, ки моҳияти онро бояд бишносем ва ба он арҷу эътиқод намоем.

Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар дохили кишвар балки берун аз он ҳам, барои баланд бардоштани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳон бисёр хизматҳои шоиста кардааст ва борҳо ба гирифтани ҷоизаҳои олии кишварҳои ҷаҳон ва байналмиллалӣ мушарраф гардидааст. Масалан яке аз онҳо соли 2005 дар арафаи ҷашни Ваҳдат ҷоизаи олӣ-медали тиллоӣ «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо»-и Федератсияи байналмиллалии сулҳ ва ризоият мебошад, ки аввалин маротиба Эмомалӣ Раҳмон дар байни сарони кишварҳои ИДМ ба гирифтани ин ҷоиза мушарраф гардидааст.

Хуллас, Эмомалӣ Раҳмон на танҳои Пешвои миллати мо балки «Пешвои асри XXI» эътироф шудааст, ки мо аз ин ифтихор мекунем.

Файзуллозода Э.Ф., декани факултети химияи ДМТ

Мунир Мутриб, хатмкардаи факултети химияи ДМТ