КОРРУПСИЯ – ВАБОИ АСР

34

Таҳти чунин унвон дар толори калони факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш подполковники адлия, сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Розиқзода Алихон Абдулҳаким, ва устоди кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳ, Исматов Рустам иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамоишро декани факултет Файзуллозода Э.Ф. оғоз намуда, зикр намуд, ки 31 октябри соли 2003 «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия» қабул карда шуд, ки дар он принсипҳои асосии мубориза бо коррупсия, номгӯи чорабиниҳои муҳими зиддикоррупсионӣ, чораҳои пешгирии коррупсия барои давлатҳои аъзо пешбинӣ шудаанд. Дар навбати худ 9 декабри ҳамон сол дар шаҳри Меридаи Мексика дар конфронси сиёсии сатҳи олӣ маросими баимзорасонии ин санади муҳим баргузор гардид. Вобаста ба ин 9-уми декабр ҳамчун “Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия» бо ташаббуси Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид дар тамоми ҷаҳон эълон карда шуд ва он ҳамасола қайд карда мешвад.

Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми махсусгардонидашудаи ваколатдор дар самти мазкур таъсис дода шудааст.

Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самт пешгирифта, то ин муддат се санади барномавии дурнамо, аз ҷумла бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34 «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012», бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва бо фармони Президенти Ҷумҳрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 3 августи соли 2021, №222 Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул карда шудааст.

Баъдан намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Розиқзода А.А. қайд намуд, ки коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ мансуб мебошад.

Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муқовимат ба коррупсия аз ҷониби мақомотҳои дахлдор мунтазам чораҳои мақсаднок роҳандозӣ карда шуда, барои ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ пайваста заминаҳои ташкиливу ҳуқуқиро амалӣ менамоянд.

Зимнан устоди кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳ Исматов Рустам зикр кард, ки Коррупсия ҳамчун як зуҳуроти манфии иҷтимоиест, ки метавонад ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ таъсири манфии худро расонад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин зуҳурот ба масъалаи ҷиддӣ табдил ёфтааст, ки таъсири манфии он ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоии кишвар ва зиндагии шаҳрвандон расида истодааст. Якҷоя бо мақомоти давлатӣ, ҷомеа ва бахши хусусӣ ҳамкории бештар дар мубориза бо коррупсия аз самтҳои афзалиятноки пешгирӣ ва мубориза бо ин падида ба ҳисоб меравад.