КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

188

Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 барои мардуми тоҷик, санаи тақдирсози миллат мебошад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи райпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Тоҷикистон аз соли 1929 то имрўз, 5 маротиба, солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсия қабул кардааст. Конститутсияи амалкунанда аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал намуда, ба стандартҳои санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Аз ин рӯ, вобаста ба талаботи замон ва ҳимояи тамомияти арзиву манфиатҳои миллӣ, амнияту суботи кишвар ва пойдории Ваҳдати миллӣ тағйироту иловаҳо ба лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба -26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо роњи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Аз ҷумла дар асоси тағйиру иловаҳои соли 1999 воридгашта аввалин маротиба дар мамлакат парламенти касбии дупалатаӣ-Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис ёфта, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мувофиқи таҷрибаи маъмули ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуд, тарихи 22.05.2016 тавассути райъпурсии умумихалқӣ дар 39 модда, ки ба се шохаи асосии ҳокимияти сиёсӣ: қонунбарор, иҷроия ва суд марбут мебошанд, инчунин бахши муқаррароти интиқолї ворид карда шуд.

Тағйиру иловаҳое, ки мутобиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣба Конститутсия ворид гардиданд, воситаи муҳимми ризоият, созиш, вањдат ва суботи ҷомеа гаштанд. Такмили Конститутсия имкон фароњам овард, ки дар тањкими минбаъдаи дастовардњои истиқлолият, мустањкам гардонидани рукнњои давлатдорӣ, вањдату суботи љомеа, бунёди љомеаи воқеан шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиву иљтимої ва сиёсиву фарҳангӣ, болоравии обрўву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои боз њам устувор гузошта шаванд. Воқеан, Конститутсия шоњсутун ва шиносномаи давлат, санади тақдирсоз ва таъйинкунандаи сарнавишти њар халқу миллат мебошад.

Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 ба стандартҳои байналмилалии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, аз меъёрҳои Эъломияи ҳуқуқи башар сарчашма гирифтааст. Зеро дар моддаи якуми боби аввали Конститутсияи кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ муаррифӣ карда шудааст. Давлат ба тамоми табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор, оилаҳои камбизоат, пирони дастнигару бемор, маъюбон ва ғайраро зери парасторӣ ва ғамхории махсус гирифтааст.

Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд, ки ҳарчи зудтар сатҳу сифати зиндагии халқ баланд гардида, Тоҷикистони азиз боз ҳам ободтару зеботар гардад.

Инчунин, Президенти мамлакат дар яке аз баромадҳои худ қайд карданд, ки «Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад».

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба он ки маншаи аввалини худро аз Эъломияи Куруши Кабир, ки масъалаи меҳвариашро эҳтироми инсон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ӯ, риояи рукнҳои адолат ва меъёрҳои адолати иҷтимоӣ дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа ташкил медод, гирифта, вале мазмуну муҳтавои бобҳо, моддаҳо ва зербандҳои он фарогири тамоми дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиямон мебошанд.

Масъалаҳои меҳварии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мафҳумҳои инсон, шаҳрванд ва халқ ҳамчун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти кишвар, арзишҳои фарҳангӣ ва муқаддасоти миллӣ, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии ҳудуди он, ҳимояи боигариҳои табиии кишвар ва сохтори идоракунии давлатӣташкил дода, дигар масоили дарҷёфта ифодакунандаи ин нуктаҳои меҳварӣ мебошанд.

Вақте, ки сухан дар бораи Конститутсия меравад, мо ҳатман ҳомӣ ва тарроҳи ин номаи бахту саодати миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пеши рӯ меоварем, зеро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи ҷомаи амал пӯшидани орзӯи деринаи миллати тоҷик дар роҳи расидан ба соҳибистиқлоли дар чорчубаи арзишҳои фарҳангӣ буда, маҳз дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Президенти мамлакати мо ба амал бароварда шуд.

Дар Конститутсия ҳар як вожа маъниеро аз воқеияти сарнавишти миллати тоҷик дар тӯли тарақии таърихи тайнамудаи он ифода мекунад.

Ба гуфтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «танҳо ҳамон миллате дар байни оламиён соҳиби обрӯ мегардад, ки Конститутсия ва қонунҳои худро эҳтиром ва риоя мекунад, танҳо ҳамон давлате нуфуз пайдо менамояд, ки шаҳрвандонаш сарфи назар аз мансубияти нажодӣ, миллӣ ва диниашон эҳтиром ва волоияти қонунро ба ҷо меоранд ва дар айни замон ба арзишҳои беҳтарини башарият арҷмегузоранд».

Воқеан Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқии эътибори баланди ҳуқуқӣ дошта, арзиши олии давлату миллат маҳсуб меёбад. Конститутсия тартиботи асосии ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа буда, аз ҷиҳати мазмуни худ қонуни асосии мамлакат мебошад.

Он поягузори давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоии кишвар буда, системаи принсипҳои асосии бунёди давлат дар боби аввалаш асосҳои сохтории он муқаррар шудааст. Он тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву идеологӣ ва соҳаи байналхалқиро дар бар мегирад. Ҳамзамон Конститутсия аз он ҷиҳат арзишманд аст, ки он дастоварди мукаммали даврони соҳибихтиёрии кишвар, сарчашмаи ҳуқуқии бунёди давлати тозатаъсиси миллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъминкунандаи истиқлолият, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои тамоми шаҳрвандони кишвар мебошад. Конститутсия дар худ маҷмуи арзишҳои эътирофшудаи ҷомеаи шаҳрвандиро инъикос дошта, кафили ҳифзи эътимоднокии онҳо, шукуфоии кишвар дар замони ҳассосиҷаҳонишавӣ мебошад.

Он дурнамои рушди Тоҷикистонро муайян намуда, ҷиҳати бартараф кардани мавҷи нооромиҳову низоъҳои дохилӣ, таъмини сулҳу суботи кишвар ва муваффақшудан ба Ваҳдати миллӣ нақши беназир гузошт. Тамоми корҳое, ки дар партави Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон анҷом дода шудаанд, танҳо ба хотири таҳкими пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва фаъолият барои шаҳрвандон ва мустаҳкам намудани Ваҳдати миллии тамоми сокинони Тоҷикистон анҷом дода шудаанд.

Сафаров С.И.,мудири кафедраи химияи ғайриорганикӣ Қурбонова Ф.Ш.,дотсенти кафедраи химияи таҳлилӣ